logo

иқтисод

«ХУҶАНД - АГРО». СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ БА ТАРАБХОНАҲОИ АВРУПО

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо фаъолияти корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ “Хуҷанд - Агро”, ки соли равон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд бунёд ёфт, шинос шуданд.

Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии дастгоҳи раиси шаҳр, зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки дар корхона бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Россия, Чин, Украина ва Олмон асосан коркарди меваю сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лимӯ ва себ, ба роҳ монда шудааст. Корхона иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз 10 - 12 тонна меваю сабзавоти тару тозаро коркард намояд.
Ба гуфтаи ӯ, корхона маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ба тариқи яклухт дастрас, дар се марҳила бо технологияи муосир тоза ва дар ҳарорати 100 дараҷа хушк мекунад. Маҳсулоти тайёр мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ бандубаст карда мешавад.
- Айни замон дар корхона пиёзи истеҳсоли вилояти Хатлон мавриди коркард қарор дорад ва нақша аст, ки ба хориҷи кишвар содирот шавад, - гуфт Маъмури Юсуфзод.
Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, асосан ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Украина ва кишварҳои Аврупо содирот мешавад. Харидорони маҳсулоти корхона ширкатҳои маъруфи «Gallina Blanca», «Доширак», «Маги» ва як қатор тарабхонаҳои брендии Россияву мамолики Аврупо мебошанд, ки онро асосан барои омода кардани хӯрокҳои зудтайёр истифода мебаранд.
Дар озмоишгоҳи корхона, ки бо дастгоҳу асбоби муосир муҷаҳҳаз мебошад, таркиби меваю сабзавотро ҳаматарафа месанҷанд. Дар раванди истеҳсолот ягон навъи маводи химиявӣ истифода намешавад ва аз ҳамин лиҳоз дар дохилу хориҷи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти корхона талабот зиёд аст.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбари корхона дастур дод, ки шумораи кормандонро зиёд, бо истифода аз фаровонии ҳосили имсола аз тамоми минтақаҳои кишвар маҳсулоти хомро ҷамъоварӣ ва барои коркард захира намоянд.

Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 1003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед