logo

иқтисод

ЯЗГУЛОМ. ОЯНДАРО БО ДАСТИ ХУД МЕСОЗЕМ!

Хурду калони  деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ  басе ҳам сипосгузор ва миннатдоранд, ки баъди  ҳар  сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин водии баландкӯҳ  дар рӯзгори сокинон дигаргуниҳои мусбат ба вуқӯъ меоянд. Дар кӯтоҳтарин фурсат вусъати баланд пайдо кардани амалҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ва  ба дигаргун гаштани  инфрасохтори деҳот, инчунин, ба зиндагонии  шоистаи рангину ширин  расидани мардум  далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Мавриди зикр  аст, ки аҳолии деҳаҳои Язгулом мушкилоти бисёр доштанд. Ба деҳаҳои баландкӯҳи  водӣ роҳи мошин  набуд. Пулҳои нақлиётиву пиёдагузар дар ҳоли вайронӣ қарор доштанд, аҳолӣ аз истифодаи неруи барқ маҳрум буд. Муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва фарҳангӣ  дар биноҳои  куҳна ва садамавӣ  ҷойгир буданд. Ин  музофот  киштзорону  боғоти зиёде дорад, вале  то даврони истиқлолият заминҳо аз нарасидани оби полизӣ кишт карда намешуданд, аксари  дарахтони боғистонҳо хушк мешуданд. 
Ниҳоят бахти мардум баландӣ кард ва  дар нахустин айёми истиқлолият бо дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат  дар ҳамдастии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Ванҷ ва шарикони хориҷии рушд сараввал заминҳои ташналаби дашти Язгулом, ки қариб 70 гектарро ташкил медиҳад, бо об таъмин шуданд. Тариқи лӯлаҳои қутрашон калон дар масофаи 7 километр хати обгузари Мотравн - дашти Язгулом  бунёд гардид. Ҳоло дар ин масири серзамин ва боғоти  дорои садҳо бех дарахтони  туту зардолуи   шафати шоҳроҳи  байналхалқии  автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб - Қулма  макони нави аҳолинишин арзи вуҷуд намудааст. Қариб панҷоҳ хонавода манзилҳои истиқоматии ҷавобгӯи талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд кардаанд. Ҳамаи ин ободгариҳо аз шарофати обёрӣ гардидани ин  мавзеи сарироҳӣ мебошад. Дар ин маънӣ басе ҳам дуруст гуфтаанд, ки ободӣ аз об аст, то реша дар об аст, умеди самар аст.
Ба гуфти роҳбари  хазинаи Оғохон дар ноҳияи Ванҷ Саидбек Қосимов,  баъди саросар обёрӣ гаштани дашти Язгулом дар ин водии баландкӯҳ   то  имрӯз боз чор деҳа аз оби  нӯшокӣ таъмин гардид. Аз ҷумла,  нарасидани оби полиз домангири  сокинони деҳаҳои Андарбаку Вишхарв ва Хнев буд. Ин мушкилот як моҳ пештар   ҳалли худро пайдо намуд. Аз дарёчаи Қумочдара дар масофаи қариб 7 километр  тариқи лӯлаҳои полиэтиленӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Ванҷ ва саҳми сардори  раёсати Вазорати корҳои дохилии кишвар дар вилоят Абдураҳмон Аламшозода ва соҳибкорони  банангу номус ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ оби полизӣ ба ин русто оварда шуд. Ба ҳамин гуна орзуи асрҳо боз дар дилдоштаи  аҳолии  деҳаҳои Вишхарву Андарбак ҷомаи амал пӯшид. Акнун, ки ба ин мавзеъҳо об омадааст, деҳнишинон саъю талош доранд, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти  давлатӣ ба таври илова боз 22 гектар замини нав мекушоянд ва домони боғҳоро 15 гектар  васеътар менамоянд.
Ҳамсуҳбати мо Саидбек Қосимов зикр кард, ки бо дастгирии шарикони хориҷии рушд  ба маблағи қариб 700 ҳазор сомонӣ ва  190 ҳазор сомонӣ саҳми аҳолии деҳа   хати оби нӯшокӣ дар масофаи 11 километр  сохта, мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Аз ин иншооти  обрасон бештар аз 80 хонавода, хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳа ва дигар идораву муассисаҳо истифода мебаранд.
Собиқадори меҳнат, собиқ директори мактаб ва раиси Ҷамоати деҳоти Язгулом Давлатбибӣ Орзуева  ба Пешвои муаззами миллат барои  дастгириҳои рӯзафзунашон дар ҳаққи сокинони Бадахшон, аз ҷумла водии Язгулом, изҳори  миннатдорӣ намуд. Мавриди зикр аст, таи солҳои  охир дар  ҳудуди деҳот се бинои нави таълимӣ,  касалхонаи минтақавӣ дар рустои Мотравн, чор бунгоҳи тиббӣ ва толорҳои варзиш сохта шудаанд. Роҳҳо тахту ҳамвор гашта, боз чор пули мошингузар аз болои Язгуломоб ва дарёчаҳои кӯҳӣ сохта мешавад.
Ҳамзамон, Саидбек Қосимов гуфт, ки то  Ҷашни  Рӯзи Ваҳдати миллӣ иншооти  обрасонӣ  ба деҳаи Андарбак низ ба дарозии 16 километр бунёд гашта,  мавриди истифода қарор мегирад. Аз оби мусаффои  дарёчаи Қумочдара 110 хонаводаи ин деҳаи баландкӯҳи  водии Язгулом  ва хонандагону омӯзгорони таълимгоҳи навбунёди деҳа истифода хоҳанд бурд. Ҳамчунин, то ин рӯзи таърихӣ дарозтарин хати обгузари 21 - километраи Чихох - Баравн  дар деҳоти Ҷовидони Ванҷи Боло мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,                                                      
Сироншоҳи ДИЛОВАР, Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 606
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед