logo

иқтисод

НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР АВҶАНД

Аҳли заҳмати ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат ба хотири бо дастовардҳои бузург истиқбол гирифтани  Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшидаанд.

Тавре Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳия, иттиллоъ дод, дар ноҳия ба истиқболи ҷашн бунёду таъмири 242 иншоот ба нақша гирифта, аз ин   шумора то ҳол сохтмону таъмири 132 иншоот, анҷом ёфтааст. Аз ҷумла, 11 корхонаи саноатӣ, 35 маркази хизматрасонӣ  ва  9  толору майдончаи варзиш  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Давоми соли 2020 бунёду навсозии 112 иншоот ба нақша гирифта, дар се моҳи соли ҷорӣ  30 иншоот ба истифода дода шуд. Соҳибкори ватанӣ Далер Хушвахтов бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ толори варзишии кушоду барҳаво бо тамоми таҷҳизоти замони муосир сохта, барои сокинони Ҷамоати шаҳраки Москва пешкаш намуд. Аз тарафи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маркази ноҳия бинои нави раёсати агентӣ бо маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт.
Корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вусъати бештар доранд. То имрӯз роҳҳои 10 маҳаллаи аҳолинишин бо дарозии 22 километр мумфарш ва 39 километр сангфарш шуда, 3 пули мошингузар бунёд ёфт. Дар 8 маҳалла хати оби нӯшоӣ кашида шуд. Бо мақсади таъмини босифати аҳолӣ бо қувваи барқ 12 зеристгоҳ ва зиёда аз 400 пояи бетонӣ нав карда, ба масофаи 5 километр хати нави барқ кашида шуд.
Бо саъю кӯшиши соҳибкори маҳаллӣ Аҳтам Файзов дар деҳаи Туғули Ҷамоати деҳоти Чӯбек маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт, ки он аз мағозаи молҳои омехта, таъмири нақлиёт ва меҳмонхона иборат мебошад. Дар деҳаи Иқболи Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев коргоҳи бандубаст ва истеҳсоли ҷӯроб  ба истифода дода шуд ва  дар он 20 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардид. Ҳамзамон, дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло маркази хизматрасонии «Даҳбед» ба фаъолият оғоз кард. Маҷмааи мазкур аз ҷойи мошиншӯӣ, нуқтаи хизматрасонии БДА «Амонатбонк», устохонаи мебелсозӣ, мағозаи молҳои хоҷагӣ, кошонаи ҳусн, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, дукони хизматрасониҳои компютерӣ ва толори саққобозӣ иборат буда, дар он 22 нафар бо ҷои кор таъмин аст. Бо саҳми соҳибкорони ҳимматбаланд Асад Абдуллоев ва Ҷиёнхон Мирзоев дар деҳаи Марғоб корхонаи шарбатбарорӣ бунёд ёфта, кӯпруки байни деҳаҳои Пушкин ва Дараи Калот баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бунёди 3 муассисаи таълимӣ, гулгашти назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ,  маркази саломатӣ, корхонаи парандапарварӣ, 2 китобхона, 2 майдони варзиш, корхонаи коркарди намак, 3 сартарошхона, азнавсозии боғи фарҳангӣ, таъмири 2 беморхонаи минтақавӣ, бинои шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия ва нуқтаи ҳозиршавии даъватшавандаҳо дар комиссарияти ҳарбӣ аз зумраи созандагиҳоеанд, ки итмомашон имсол ба нақша гирифта шудааст. 
Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар ноҳия бунёду навсозии 13 корхонаи саноатии истеҳсолӣ дар назар аст, ки тибқи нақша то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2020    №: 106    Мутолиа карданд: 680
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед