logo

фарҳанг

ИРОДАИ ҚАВӢ ВА ОСОИШИ РАВОНӢ ШАРТИ АСОСИИ ҒОЛИБИЯТ БАР КОРОНАВИРУС

Дар шароити пандемияи умумӣ яке аз масъалаҳои муҳим барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин роҳ надодан ба воҳимапароканӣ ва дар ин зимн ҳифзи оромии равонӣ аст. Пас аз дарёфти аввалин нишонаҳои сироят дар Тоҷикистон ҳамакнун масъалаи мазкур барои сокинони Тоҷикистон низ мубрамият касб кардааст. Дар атрофи мавзӯи мазкур мухбири “Ҷумҳурият” Зокир Ҳасан бо Марям Давлатова, равоншинос, суҳбат анҷом дод.
– Дар шароите, ки оламро мусибат фаро гирифтааст, чӣ тавр метавон вазъи равонии худро муътадил нигоҳ дошт? Оё дар илми равоншиносӣ ягон усули дарёфти оромиш ва машқи махсус пешбинӣ шудааст?
– Пеш аз ҳама, бояд ба хотир биёрем, ки дар ин ҳолат тарс ду паҳлу дорад. Нахуст, тарс барои ҷони худ. Дувум, тарс аз барои азизону наздикон. Дар замири мо вобаста ба характерамон ин ё он тарс бештару фаъолтар аст. Дар вазъи кунунӣ ин ҳар ду тарс бо ҳам омезиш ёфтаанд, ки яке аз сабабҳои нисбатан шиддат гирифтани таҳлукаи оммавӣ низ ҳамин аст. Аз ин рӯ, вақте иттилоот дар бораи маргҳои зиёд ва зудрас меафзояд, табиист, ки эҳсоси тарс аз меъёри муқаррарӣ берун меравад ва одам ба воҳима меафтад.
Ин ҷо бояд таъкид намоем,  ки сабабе дар мавриди бемории коронавирус политехнологҳо усули истифодаи рақамиро корбаст карданд ва тамоми воситаҳои ахбори омма ба онҳо пайравӣ карда истодаанд. Ин усул барои ангехтани воҳима таъсири зиёд дорад. Шакли дурусти истифодаи омор такя ба асноди расмӣ аст. Дар чунин ҳолат воқеият рӯшантар шуда, воҳима ба миён намеояд.
Агар ақли солимро кор фармоем, дар асл шумора ё худ, фоизи фавт аз коронавирус нисбат ба дардҳои дигар бештар нест. Аниқтараш, он калаванда аст. Яъне ҷое бештару ҷое камтар. Барои ором шудан мебояд аз усули дурусти муқоиса истифода барем. Манзурам, фоизҳоро дар таносуб бо фавти табиии ҳамешагӣ низ нишон диҳем. Барои ин, қабл аз ҳама, иродаро қавӣ нигоҳ доштан ва ақлро дар баҳо додани ҳолат фаъолтар гардондан муфид аст.
Тарси моро дар ҳолати феълӣ ҳисси идоранашаванда будани вазъият ва танҳоиву нотавонӣ бештар мекунад. Вале,  вақте мо бо усули боло аз воҳима мебароем, мебинем, ки ҳамаи кор дар дасти худамон аст. Чунки аксари усулҳои ҳифозат содаву дастрасанд: бо собун шустани дастон, истифодаи моеъҳои безараргардонанда ва ниқоби тиббӣ, ҳаддалимкон дар хона мондан. Ҳамаи ин, барои паст кардани изтироби мо мусоидат мекунад.
Усулҳои равоншиносӣ барои дарёфти оромиш зиёданд ва қариб ҳамаи онҳоро мо медонем. Чунончи, дар хона машғулияте пайдо кардан, дар ботини худ эҳсоси шодиву умедро фаъол гардондан, суҳбат бо одамони хушбин, мутолиаи китоб, тамошои барномаву филмҳои хуб, аз ҳавои тоза, бахусус, аз нурҳои ҷонбахши офтоб баҳра бурдан, меваву сабзавотро бештар истифода намудан. 
– Рӯҳияи аҳли ҷомеаро чӣ тавр метавон мутавозин нигоҳ дошт? Ин корро мутахассисони кадом соҳа бояд иҷро кунанд?
– Ниҳоди алоҳидаеро ном бурдан душвор аст. Айни замон, бояд ҳамаи мо дар ҷойи худ барои дастгирии ҳамдигар омода бошем.
- Болотар гуфтам, ки истифодаи нодурусти омор дар умури воҳимапароканӣ нақши баранда дорад. Бо назардошти ин, журналистон, ки хоҳ - нохоҳ як воситаи паҳнкунандаи чунин омор ҳастанд набояд дониста ё надониста бозичаи дасти политехнологҳо шаванд.
Мусалламан, шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойи дилхоликунии шаҳрвандони одӣ ва ба истилоҳ пойгоҳи асосии журналистикаи мардумист. Худдорӣ кардан аз интишори иттилооти носанҷида, саросема нашудан дар хулосабарорӣ ва паҳн накардани ҳар гуна хабарҳои воҳимаангезу беасос ба фаъолиятҳои онҳо низ марбут аст.
Аз ҷониби дигар рӯҳониён низ метавонанд баҳри осудагии равонии мардум саҳм бигзоранд. Ғайр аз ин, дар фарҳанги аксар адёни ҷаҳонӣ усулҳои хубу озмудаи психологии оромишу осоиш бахшидан ба инсонҳо ҷой дорад, метавон ин усулҳоро пайдо ва ба гурӯҳҳои осебпазир тавсия дод.
Дар сиришти мо неруи бузурги халлоқӣ ҷой дорад ва имтиҳонҳое чун ин беморӣ имконест барои кашфи он неруҳои созанда. Мебояд, ки некандеш бошем ва навмед нашавем. Агар имрӯз ин мушкил думболагири мост, пас, мутмаин бошед, ки илоҷи он ҳам расиданист.
Ҳоло, муҳимтар аз ҳама, бояд осоиши ботиниро ҳифз кунем, то шоҳиди рӯзу рӯзгори беҳтар гардем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2020    №: 106    Мутолиа карданд: 615
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед