logo

фарҳанг

ЛАТОФАТИ АДАБИЁТИ БАЧАГОНА

Адибони босалиқа ва пухтакор тавассути маҳсули эҷодии худ на танҳо дар тарбияи ҷомеа саҳм мегиранд, балки барои шиносондани миллат ва оину суннатҳои наҷиби он барои қавму халқиятҳои дигар сабаб мешаванд. Аз ҷумла, чанд тан аз шоирону нависандагони адабиёти бачагона барои хушзавқу китобхон шудани фарзандони мо ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа софдилона хидмат мекунанд, ки яке аз онҳо узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Латофат Кенҷаева аст.
Ӯ корро аз Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, дар маҷаллаи ҷавонону наврасон «Истиқбол» (собиқ «Машъал») ба ҳайси сардабир солҳо кор кард. Муаллифи китобҳои назмиву насрии «Лолаарӯсак», «Таронаҳо», «Марҷони ранга», «Шарораи хотираҳо», «Сандуқчаи марворид», «Ҳарири ноз», «Садбарги ҳаё», «Алифбои зудомӯз», «Садранга пуфак баҳри Юсуфак» мебошад.
Мавсуф давоми сӣ соли охир роҳбарии ТҶБ «Истиқбол» - ро бар зимма дошта, дар ин муддат 350 номгӯй китобро ба теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха босифат ва мазмуни баланд ҳам барои калонсолон ва ҳам барои кӯдакону наврасон интишор дод. Барои тарғиби осори шоирону нависандагони классик ва адибони муосир ҳисса гузошт.
Дар чопи китоби бачагона муаллифони маънисаро, рассомони чирадаст, тарроҳони чашмикордон ва муҳаррирони доноро ба кор ҷалб мекунад. Кӯшиш дорад, ки китоб бо сифати баланд ва ороиши нотакрор чоп шавад. Ба қавли худаш, ба адабиёти кӯдак сиёҳӣ, норозигӣ ва дигар падидаҳои манфиро ҳаргиз роҳ намедиҳад. Зеро китоби кӯдакона ба масал нони ҳалоли маънавии тифлони миллат аст  ва бояд бо санъати воло интишор ёбад. Дар ин ҷода замоне ба Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва Гулчеҳра Сулаймонӣ такя мекард, ҳоло бо Нозирҷон Боҳирӣ, Алӣ Бобоҷон, Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Анзурати Маликзод, Абдусалом Абдуллоев ва Олимҷон Камолзода барин адибону донишмандон ва мусаввирон ҳамкорӣ мекунад.
Дар гузашта бештари китобҳои бачагона иборат аз шеърҳо ва намунаҳои осори насрӣ ба нашр мерасиданд. Латофат Кенҷаева қолабҳои маъмулиро аз ҳам рехт ва бори аввал соли 1997 китоби «Сандуқчаи марворид»-аш ороста аз тезгӯяку чистон ва бозиҳою кистонҳо дар шакли шеър барои дӯстрӯякон пешниҳод шудааст. Ин китоб бо тавсияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ чун дастури омӯзишӣ барои муассисаҳои таълимии миёна тасдиқ шуд. Муҳассилони тоҷик аз ин китоб зиёд истифода мекунанд. Пйесаи ӯ «Афсонаи Тилонур» ғолиби озмуни ЮНЕСКО ва Вазорати фарҳанг буда, се бор бознашр гардидааст.
Латофат муаллифи беш аз 50 асар барои кӯдакону наврасон мебошад. Беш аз 700 мақолаву очерк низ иншо намудааст. Пирӯзии ӯ дар ду озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», яке дар озмуни ба ифтихори Соли оила эълоншуда ва дигаре дар «Беҳтарин шеъри бачагона» далели аз муаллифони фаъоли рӯзномаи мо будани ӯст. Мавсуф дар кори тарҷумаи бадеӣ низ фаъол буда, осори адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Тарҷумаи асарҳои Шоири халқии Эстония Эно Рауд «Сипсик», «Кинокамерае, ки ҳама чизро донистан мехост», афсонаҳои адиби Молдова Аурел Чокану «Афсонаҳои кӯзаи куҳна» ва «Кишвари одамони яхин», шеърҳои Наталия Юркова «Моҳ ва фил», Робиндронат Такур «Шаби хайрбод», Татяна Шапиро «Парандагон мепаранд» ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Бо тахаллуси Сабрин ғазалҳои ошиқона ҳам мегӯяд.
Имрӯз дар остонаи камолот қарор дошта, бо неруву ғайрати тамом эҷод мекунад, китоб интишор медиҳад, барои кашф ва тарбияи истеъдодҳо мекӯшад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2020    №: 106    Мутолиа карданд: 688
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед