logo

фарҳанг

КОРДСОЗӢ. ҲУНАР ДАР ЧАШМИ КОРДОН АСТ

Ҳунари кордсозӣ дар байни мардуми мо собиқаи дерина дорад. То солҳои 80-уми асри гузашта мардони тоҷик дар камарбандашон ҳатман корд доштанд. Корд ҳангоми буридани ин ё он бутта, гиёҳи шифобахш, вақти хӯрокхӯрӣ, забҳи чорво ё дучор омадани хазандаю ҳайвонҳои гуногун дар саҳро ҳамчун аслиҳаи муҳимтарин хидмат мекард.

Имрӯз ҳам ҳунари кордсозиро мардони кордон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар зинда медоранд. Неъмат Қарабоев, сокини шаҳри Истаравшан, аз зумраи устоҳои чирадастест,  ки аз 12 - солагӣ бо сохтани корд  машғул аст.
- Ин касб барои мо меросӣ буда, падар  ва бобокалонам ҳам онро месохтанд. Нахуст чаҳор сол ман фақат рафти кордсозиро назорат мекардам.  Падарам мегуфт, бояд ҳар як кор аввал дар майнаи сарат нақш бандад, пухта расад, дар чунин ҳолат маҳсулоти ту зебову босифат офарида мешавад. Бисёриҳо гумон доранд, ки усторо дастонаш усто мекунанд, аммо фаромӯш макун, асли ҳунармандии ту чашмони туст. Чашм бояд ҳамабину кордону завқманд бошад, - нақл мекунад ҳамсуҳбати мо.
Корд ҳамчун асбоби рӯзгор, асосан, аз пӯлод сохта мешавад, аммо баъзе аз устоҳои тоҷик онро аз  оҳан  месозанд, ки сифаташ назар ба пӯлод пастар мебошад. Мавриди сохтани корд аз ду навъи пӯлод истифода бурда мешавад, пӯлоди сафедро барои кордҳои армуғонию рӯзгордорӣ ва пӯлоди сиёҳро, ки сахту бурротар аст, барои кордҳои шикорӣ ба кор мебаранд. Дар кордсозӣ нақшҳои ҳаккокишудаи танаву дастаи асбоб нақши назарас доранд. Одатан тасвири моҳу ситора ба чашм мерасад.
Неъмат Қарабоев аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки имрӯзҳо талабот ба корд коҳиш ёфтааст. Мардум ба кордҳои арзони чинӣ мароқи бештар доранд. Аммо аксари онҳо баъди як моҳи истифодашавӣ корношоям шуда, дастаи пластикӣ, баъзе вақт худи филиз мешиканад. Чунин кордҳоро барои таъмиру тезкунӣ бисёр овардаанд, дар устохонаи мо низ бисёр ҳастанд. Афсӯс, ки чунин кордҳоро ба чарх расондед, мерезанд.

Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.05.2020    №: 107    Мутолиа карданд: 1268
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед