logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар кишварамон, ки охири моҳи апрел COVID-19 хуруҷ намуд, дар 85 беморхона зиёда аз 7500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб баҳри пешгирии паҳншавии он ва табобати гирифторон талош доранд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳама воситаҳои зарурии модию техникиро фароҳам овардааст, то ки дар ин мубориза муваффақ бошанд. Шифо ёфтани қариб 60 дарсади мубталоён далели он аст, ки пайравони Сино дар ин ҷода муваффақанд. Вале ин пирӯзӣ қурбониҳо низ дорад. 
21 майи соли ҷорӣ хабари марги табиби шинохта, мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ҷарроҳи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш») Шералӣ Султонов садҳо ҳамкорону шогирдон ва нафаронеро, ки аз дасти сабуки ӯ шифо ёфтаанд, андуҳгин кард. Ӯ то нафаси вопасин барои табобати кӯдакони маъсуми бемор ҷонбозӣ кард.
Шералӣ Султонов соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намуда, ҳамчун ҷарроҳи кӯдакон дар шуъбаи септикии ММТ «Шифобахш» ба фаъолият пардохт. Солҳои 2000 - 2007 мудири шуъбаи ҷарроҳии таъҷилии кӯдаконаи ҳамин муассиса буда, ҳамзамон, аспиранти кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббӣ гашт. Солҳои 2007 - 2010 мудири шуъбаи узвҳои қафаси сина ва шиками кӯдаконаи ММТ «Шифобахш» ва докторанти ДДТТ буд. То нафаси охирин дар донишгоҳи номбурда сарварии кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаро ба уҳда дошт.
Муаллифи чандин таълифоти илмӣ, пешниҳоди навоварона ва кашфиёт мебошад. 
Рисолаҳои номзадӣ ва докториашро дар шӯрои диссертатсионии Маркази илмии саломатии кӯдакони Донишкадаи педиатрии ба номи Сперанскийи шаҳри Москва дифоъ кардааст. Иштирокчии чандин форуму конгресси байналмилалӣ оид ба масоили ҷарроҳӣ, педиатрия ва анестезиология, инчунин, узви Ҷамъияти ҷарроҳон, анестезиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ҷарроҳон ва анестезиологҳои кӯдаконаи Федератсияи Россия буд.
Ҷарроҳи номӣ Шералӣ Султонов чун ихтироъкор усулҳои нави ҷарроҳии кӯдаконаро пешниҳод намудааст. Маҳз дар натиҷаи бозёфтҳои илмии ӯ дар ҷумҳурӣ дар соҳаи ҷарроҳии кӯдакона бори аввал тарзи ҷадид - эндовидеоҷарроҳии кӯррӯдаи шадид, зиёдшавии шадиди равған дар ғадуди зери меъдаву талха, маҳкамшавии рӯдаҳо, ногузароиши шадиди рӯда, чураи шикам, носури эхинококки узвҳо, носур, тобхӯрии тухмдон дар духтарон, бемории варикоселӣ ва дигарҳо ба роҳ монда шуд. Умдатарин навоварии ӯ усули ташхису табобати пайванди косу рон дар кӯдакони гирифтори остеомиелити шадиди гематогенӣ мебошад.
Ӯ муаллифи 3 китоби дарсӣ, 2 монография, 20 дастури таълимию методӣ, мақолаҳои зиёди илмӣ, 10 ихтироот ва 20 пешниҳоди навоварӣ мебошад. Фаъолияти шоистаи илмӣ ва амалӣ, дониши амиқу маҳорати волои ӯ барои наҷоти ҷони беморони хурдсол, ҳамчунин, сифатҳои ҳамидаи инсониаш кайҳо мояи ибрату пайравӣ гаштааст. Дар тӯли чоряк аср ҳазорҳо кӯдакро аз беморӣ вораҳонда, ба по гузоштааст, шогирдони зиёдеро дар роҳи хизмати содиқона ба халқ раҳнамоӣ кардааст.

Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2020    №: 107    Мутолиа карданд: 1157
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед