logo

фарҳанг

РУБРИКАИ АДАБӢ – БОЗЁФТИ САҲИФАИ «ШОМИ ШАНБЕ»

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо матолиби пурмуҳтавою хондании худ пешгоми нашрияҳои ҷумҳуриамон гардид. Эҷодкорӣ, ҷустуҷӯю ковишҳои мунтазами кормандони он, тахайюли рангин ва сатҳи баланди ҷаҳонбинию тафаккури рӯзноманигорони нашрия боиси ба майдон омадани гӯшаю саҳифаҳои шавқовар ва ҷолиб шудааст.

Дар радифи дигар гӯшаҳои пурмуҳтавои рӯзнома саҳифаи пурғунҷоиши иттилоотӣ– фароғатии «Шоми шанбе» бо пешниҳоди хабарҳои ҷолиби хурд-хурд, вале дорои арқому далоили тозаву ноб ва барои хонандаи нашрия ногаҳонӣ хеле саривақтӣ ва хонданбоб маҳсуб меёбад. Бахусус, бароям чун эҷодкор, матолиб - муаммоҳое, ки дар гӯшаҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Интеллект +» ба табъ мерасанд, бағоят мақбулу писанд мебошанд. Бе муболиға, маводе, ки  дар гӯшаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пешкаши хонандаи закию донишманд мегардад, басо рангин буда, шахсро ба фикр кардан водор месозад. Дар пайдо кардани муаллифони матолиби ин гӯша танҳо фарде пирӯзу дастболо  мегардад, ки  пурхондаву бофарҳанг ва мутолиаи осори бадеӣ (чи назмию чи насрӣ) шуғли ҳаррӯзаи ӯ қарор гирифта бошад.
Бе ҳеҷ шакку тардид, таъсису пешниҳоди чунин гӯша бо пораҳо аз асарҳои назмӣ ва насрӣ аз ҷониби масъули рубрикаи мазкур Зулола Бобораҷабова бозёфти эҷодии нашрияи бонуфузи ҷумҳурӣ – рӯзномаи «Ҷумҳурият» мебошад. Воқеан, ба Зулола муяссар гардидааст, ки дар заминаи андешаю ҷустуҷӯ ва тахайюли рангин гӯшаи дӯстдоштании хонандагони нашрияро ташкил намояд.
Матнҳои пешниҳодшуда бо рангорангию пурмазмунӣ ва  дарёфти бамаврид аз нависандагону шоирони тоҷик (чи классикию чи муосир) таваҷҷуҳи ҳаводорону муштоқони ин гӯшаро бармеангезад. Муҳимияти гӯша дар он зоҳир мегардад, ки шахси бофарҳангро зуд ба фикр ва ҷустуҷӯю «майна об кардан» мувоҷеҳ месозад. Ана ин шева, воқеан, «кашф» - и Зулола аст.
Гузашта аз ин, масъулон аз рӯйи мақоли «Ҳар заҳматеро подошест» амал намуда, ғолибони доною закиро ҳавасманд мегардонанд, ки ин паҳлуи дигари амали некбинонаи онҳо мебошад.
Бигузор, сафи ҳаводорону мухлисон ва ташнагони осори бадеъ ба шарофати рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёдтар гардад!

Шодӣ РАҶАБЗОД, адиб ва рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2020    №: 107    Мутолиа карданд: 630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед