logo

фарҳанг

САРАЗМ – НАМУНАИ ФАРҲАНГИ АҶАМ

Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои  муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Яке аз чунин мероси гаронбаҳо Саразми бостонӣ мебошад, ки дер боз дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад.

Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки он аз деҳаҳои ҷудогонаи аз ҳам начандон дур иборат аст. Солҳои охир муайян гардид, ки Саразм мавзеи аҳолишини воҳидро ташкил дода, дар он зиёда аз 8 ҳазор нафар сукунат доштаанд. Масоҳати  мамнӯъгоҳ ба беш аз 100 гектар мерасад.
Биноҳои истиқоматии шаҳраки Саразм бештар дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмуриаш дар тарафи ҷанубу шарқӣ ҷой гирифта, растаҳои ҳунармандон дар шафати биноҳои маъмурӣ воқеанд. Ҳафриёт собит сохт, ки тарҳи ин биноҳо аз ҳам тафовут доранд. Агар биноҳои маъмурӣ аз якчанд толори барҳаво, даҳлезу тирезаҳои калон иборат ва болои таҳкурсиҳои хишти хом бунёд шуда бошанд, биноҳои истиқоматӣ аз се – чаҳор ҳуҷраи майда, саҳни ҳавлӣ, анбору ханбаҳо иборатанд.
- Ҳамчунин, дар Саразм якчанд ибодатгоҳ пайдо шуд, ки аз оину мазҳаби сокинони он шаҳодат медиҳад. Дар фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа ва доирашакл, ки дар марказашон чуқурии начандон амиқ барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст, ёфт шудаанд. Яъне аз охири ҳазораи чоруми қабл аз милод дар биноҳои маъмурии саразмиён нишонаҳои парастиш ва бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан ба яке аз рукнҳои асосии оинҳои меҳрпарастӣ ва зардуштӣ гашт, - иброз медорад бостоншинос Абдурауф Раззоқов.
Бозёфтҳои Саразм баёнгари онанд, ки маҳз гузаштагони мо ба пайдоиши шаҳрсозию меъморӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ замина гузоштаанд.
- Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршшуда, кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, зардӯзию заргарӣ, бофандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ, ки дар Саразм ба мушоҳида мерасад, аз рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии осиёӣ мебошанд, - таъкид менамояд Абдурауф Раззоқов.
Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Саразм, бештар гашт. Пешвои миллат дар ҳар сафари худ ба Панҷакент аз Саразм боздид ба амал меоранд. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки 21 сентябри соли 2000 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиноси эълон гардид. Баъдан, бо маблағгузории Ҳукумати кишвар болои панҷ мавзеи ҳафриётшуда ва минбаъд таҳқиқшавандаи Саразм айвонҳои бузург сохта, ҳудуди ёдгорӣ панҷарабандӣ шуд. Ниҳоят соли 2010 шаҳраки бостонии Саразм бо пуштибонии Пешвои миллат ба рӯйхати мероси  фарҳанги ҷаҳонӣ - ЮНЕСКО  ворид гашт. Ҳоло Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ баҳри таҳқиқи минбаъдаи ёдгории Саразм бо марказҳои машҳури бостоншиносӣ чун Донишгоҳи Болонияи Итолиё, Донишгоҳи Ҳарварди ИМА, Пажӯҳишгоҳи таъмиру тармими Гренобли Фаронса, созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамкориро ба роҳ мондааст. Бо ин, Саразм тоҷикону Тоҷикистонро ба оламиён бештару беҳтар муаррифӣ хоҳад намуд.

Мумтоз САФАРОВА, корманди Донишкадаи  ҷумҳуриявии  такмили  ихтисос  ва  бозомӯзии кормандони  соҳаи  маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2020    №: 107    Мутолиа карданд: 656
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед