номаҳо
“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. ПАНДЕМИЯ ЗАМОНИ КИТОБХОНИСТ
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо такмилу дигаргуниҳои ҷолиб ва ҳадафнок идома дорад. Дар пандемияе, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтааст, воқеан ҳам, аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст.
Нуктаи ҷолиб ин аст, ки сарпарасти ҳар ду озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва ин нукта нуфузи ин озмунҳоро хеле баланд бардошта, ба онҳо мақоми сиёсӣ ва аввалиндараҷа медиҳад.
Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврал то моҳи декабри соли 2020 ташкил ва гузаронда мешавад. Мо аминем, ки ин озмунҳо бо ташаббусу иқдомҳои нави иловашуда ба мактаби худшиносии миллӣ, ба иди фарҳангу маърифати халқи соҳибтамаддуни мо табдил хоҳанд ёфт. Онҳо рӯзгори маънавии моро равшану нурбор хоҳанд сохт ва дар роҳи эҳёи Тоҷикистони навини куҳанбунёд саҳми бориз ва мондагори худро хоҳанд гузошт.
Барои амалӣ гардидани амрҳои Президенти мамлакат маблағҳои хеле калон ҷудо гардидаанд. Дар мавриди он ки ҷиҳати ташкил ва баргузории даври ҷамъбастии озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ду миллиону яксаду чил ҳазор сомонӣ ва барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як миллиону шаш саду чилу шаш ҳазору чорсад сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаанд.
Дар озмуни навбатӣ теъдоди ҷоизаҳо аз ҳисоби афзун гардидани табақабандии иштирокчиён зиёд гардидааст. Ин аз он ҷиҳат хеле муҳим аст, ки дар озмуни аввала теъдоди довталабоне, ки сазовори ҷоиза буданд, хеле зиёд буд, вале ҷоизаҳо барои ғолибон фақат сето: як ҷойи аввал, як ҷойи дуюм ва як ҷойи сеюм муқаррар шуда буд. Яъне, на ҳама довталабоне, ки сазовори ҷоиза буданд, ба гирифтани он шарафёб шуданд.
Дар озмуни нав ҳар номинатсия аз рӯи сифати иштирокчиён ба се гурӯҳ ҷудо шудааст: тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат), яъне теъдоди ҷоизаҳои якуму дуюму сеюм дутоӣ зиёд шудаанд ва бо ин васила шаш ҷоизаи дигар илова шудааст.
Баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираҳои луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, хусусан наврасону ҷавонон ва дигар табақаҳои аҳолӣ аз ҳадафи аслии озмунҳоянд.
Аббос САФАРХОНЗОДА,
хонандаи синфи 11-и гимназияи «Кафолат»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.06.2020 №: 107 Мутолиа карданд: 3910