сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
9 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳри Панҷакент, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахшро оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладона, сабзавот ва меваҳо, кишти картошка, ҳолати беморхонаҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ шуниданд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки мактабҳо ва муассисаҳои томактабиро таъмиру таҷдид карда, ба соли нави хониш омода созанд.
Аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаб карда шуд, ки ҳар як оила бояд барои ду сол маводи хӯрокаро дар хонаҳояшон захира намоянд, тамоми иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 тайёр карда, захираи сӯзишворӣ ва маводи хӯрокаро таъмин созанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.06.2020 №: 107 Мутолиа карданд: 827