logo

сиёсат

ХИДМАТГУЗОРИ ХАЛҚУ ВАТАН БОШЕМ!

Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаб, ки ҷаҳонро таъсири бемории COVID – 19 фаро гирифтааст, дар баробари табибон, рӯзноманигорон ҳам ҷиҳати раҳоӣ ёфтан аз ин зуком талош меварзанд. Онҳо доир ба вазъи паҳншавӣ, роҳҳои пешгирӣ ва ҳолати беҳдоштиву санитарии муҳити атроф ва масъалаҳои дигари алоқаманд ба он изҳори назар карда, хабарҳоро сари вақт тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Албатта, ин амалашон хуб ва боиси сарфарозист.

Аммо баъзе аз рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои маълумотӣ ва блогерҳои алоҳида ин зукоми гузарандаро баҳона карда, ба ҷойи шарҳи дурусти беморӣ ва пешгирии он дар ҷумҳурӣ ба масъалаҳои сиёсӣ ва ғаразҳои шахсӣ даст зада, муҳити орому осудаи кишварамонро бо ахбори бардурӯғ ва буҳтонҳои зиёд халалдор карда истодаанд.
Дар чунин вазъияти нозук рӯзноманигорони моро зарур аст, ки бо таҳаммул, дар доираи одоби касбӣ ва меъёрҳои мавҷуда андеша ронда, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро холисона инъикос намоянд ва ҳар як воқеаро аз нуқтаи назари ҳақиқати иҷтимоӣ ва таърихӣ баҳогузорӣ кунанд.
Махсусан, рӯзҳои охир дар фазои иттилоотии Тоҷикистон баъзе рӯзноманигорон бо баҳонаи бемории зукоми нав ҳангомаҳо паҳн карда, фазои осоиштаи кишварро халалдор сохтаанд. Онҳо ба ин восита шахсияти худро муаррифӣ карда, доир ба масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз нуқтаи назари субъективӣ муносибат менамоянд.
Тоҷикистони азиз дар даҳсолаи охир рӯ ба рушд ниҳода, соҳиби дастовардҳои назаррас гардидааст. Мо бояд ба ин пешравии кишвар аз рӯи принсипи адолати иҷтимоӣ баҳо диҳем ва онро воқеъбинона таҳлил намоем. Дар ин вақт боз ҳам муттаҳид шуда, соҳиби обрӯ ва эҳтироми умум мегардем. Дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ки ба рӯйдодҳои муҳими ҷомеа воқеъбинона назар андозем ва ба ваҳдати миллӣ, ки бо заҳмати арзандаи халқ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, халал ворид насозем.
Дар кишваре, ки бо чунин суръат рушд меёбад, баробари комёбиҳо, албатта, камбудиҳо низ вуҷуд доранд. Ин норасоиҳоро агар рӯзноманигор ошкор намояд, ҳеҷ боке нест ва ислоҳи он ба манфиати ҷомеа хоҳад буд. Вале ҳангоми таҳлил рӯзноманигор бояд одоби касбиро риоя намояд ва матлабро тарзе пешниҳод созад, ки шахси масъул аз пайи ислоҳи он саъю кӯшиш кунад ва хонанда низ аз тарзи баён ва андешаи нависандаи он изҳори хушҳолӣ намояд. Ин усули корро дар мамлакат бисёре аз рӯзноманигорони давлатӣ ва мустақил истифода карда, рӯйирост, воқеъбинона камбудиҳои роҳбарон ва масъулони корхонаву муассиса ва набзи ҷомеаро инъикос мекунанд. Ин гуна хабару мақолаҳои воқеъбинона аз ҷониби умум пазируфта шуда, масъулон аз пайи рафъи он кӯшиш мекунанд ва фаврӣ ба рӯзномаву шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавоб ирсол менамоянд. Ҳатто, иддае аз роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ ҳангоми саволу ҷавоби телефонӣ бо рӯзноманигор аз камбудӣ огоҳӣ ёфта, аз пайи ислоҳаш талош менамоянд. Ин амали шоиста дар ҷумҳурӣ сол ба сол беҳтар шуда, ба ҳукми анъана даромадааст.
Аммо чунин ҳам ба мушоҳида мерасад, ки баъзе рӯзноманигорон ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳо ба ҷои мусоидат кардан,  бештар ба ғайбатгӯӣ, кинаҷӯӣ ва санг задан ба пешонии «объекти таҳлил» машғул шуда, аз доираи салоҳияти худ берун мераванд ва таҳқир кардану зишт гуфтанро пешаи кори худ менамоянд. Дар чунин ҳолатҳо на танҳо одоби рӯзноманигорӣ риоя намешавад, балки маърифати касбӣ ва маънавиёти шарқӣ тамоман фаромӯш шуда, аз ахлоқи одамӣ чизе боқӣ намемонад.
Ин гуна рӯзноманигорони «хушқалам» ба ҷои инъикоси ҳақиқат ҳангома сохта, «аз паша фил месозанд». Чунончи, дирӯз портали маълумотҳои дақиқ ва воқеии «Дурбин» доир ба сафари кории ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба ноҳияи Мастчоҳ хабар чоп карда, ишора намудааст, ки гӯё «Ёрдамчии Президент ба кору фаъолияти сокинони ноҳия баҳои 2 гузоштааст».
Ҳол он ки як рӯз пеш аз ин хабар Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд аз сафари кории Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба ноҳияи Мастчоҳ тавассути АМИТ «Ховар» ва саҳифаи Facebook – и худ хабар дода, аз рафти корҳои анҷомёфта гузориш интишор карда буд. Дар ҳақиқат, мо дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳар як иншоот дидан карда, ба сохтмончиёне, ки бо ҳисси баланд заҳмат мекашанд, изҳори ташаккур намудем. Камбудиҳои ҷойдоштаро, ки дар ҳар як иншоот ба назар мерасид, ба роҳбарони он иброз карда, то санаи 20 июн барои ислоҳи онҳо муҳлат муқаррар менамудем.
Ба маълумоти сокинони кишвар расонданием, ки дар ноҳияи Мастчоҳ қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст, варзишгоҳ барои 10000 тамошобин, як қаср барои паҳлавонон, ду корхонаи парандапарварӣ, шуъбаи маориф, ду кӯдакистон, се мактаб бунёд шуда, дар ин иншоот  сохтмончиён бо ҳисси баланд фаъолият доранд. Мо дидем, ки дар ҳамаи иншооти ҷашнӣ кор бомаром идома ёфта, аҳолӣ бо ҳисси баланд дар пайи ободии ноҳия мебошанд. Дар шоҳроҳи Хуҷанд – Мастчоҳ бошад, кас бо бунёди биноҳои хушсохт назар карда, ифтихор мекунад, ки мардуми тоҷик низ тарзи бунёди хонаҳои истиқоматиро ёд гирифта, зиндагии шоистаро пеша намудааст. Хушбахтона, маркази шаҳраки Мастчоҳ симои худро ба куллӣ тағйир дода, иншооти нав симои онро боз ҳам зебо сохтаанд.
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ин ободкориҳо рӯҳбаланд шуда, хонаҳои зебои ду ва сеошёна бунёд доранд ва рӯзҳои шанбе ва якшанбе ба ҳашар баромада, гирду атрофи дару девори худро ба тартиб медароранд ва дар ободии кӯчаву роҳравҳо саҳм мегузоранд.
Мо ин бунёдкорӣ ва пешравиҳоро дида, аз татбиқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳол шуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ изҳори ташаккур намудем. Ин ҳамаро нодида гирифтан ва баҳои «ду» гузоштан ба пиндошти мо ноадолатист.
Баҳоро ба кори сокинони ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба ин ноҳия медиҳанд. Мо бошем, танҳо барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳат дода, ҷиҳати босифат гузарондани чорабиниҳо пешниҳод манзур менамоем.
Мардуми ноҳияи Мастчоҳ сулҳу суботро қадр мекунанд ва ба ҳар гуна навиштаҳои рӯзноманигори ҳангомаҷӯ фирефта нашуда, ба ободкорӣ машғуланд. Ҳатто, вақти хондани чунин хабарҳоро низ надоранд. Ифтихор мекунанд, ки дашти Дилварзин ба шаҳраки дилҳо табдил ёфта, ободу зебо гардида истодааст. Ҳама дар пайи кору заҳмат буда, ба ҳангомаҳо бовар надоранд. Аз ин рӯ, рӯзноманигори «муҳтарам»-и портали «Дурбин»-ро лозим меояд, ки пеш аз навиштани чунин хабарҳо андеша намояд ва ба афкори мардум халал ворид насозад.
Дар шароити феълӣ рӯзноманигорон, ки қишри фаъоли ҷомеа мебошанд, пеш аз ҳама, бояд дар бораи истиқлоли миллӣ, ваҳдати комил ва амнияти давлатӣ андеша ронанд ва ба рушди босуботи Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд. Умедворем, ки минбаъд мо яктану якҷон шуда, дар пайи ободии кишварамон талош меварзем ва сатҳи зиндагии халқро беҳтар карда, аз ин зукоми вазнин халос мешавем ва боз ҳам аҳлона ба нафъи халқу Ватан хидмат менамоем.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 668
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед