фарҳанг
АБДУҶАББОР ХОҶАЕВ СОҲИБКОРЕ ДАР ХИДМАТИ НИЁЗМАНДОН
- Агар ҳар сол ба пирони яккаву танҳо ва дигар ашхоси муҳтоҷ ёрӣ нарасонад, виҷдон азияташ медиҳад. Соле ба ҳисоби миёна панҷ маротиба ба 150 нафар кумаки моддӣ мерасонад. Боз ҳам эҳтиёҷманде ёрӣ пурсад, ӯро бенасиб намегузорад. “Метавонистам даҳҳо маротиба ба зиёрати хонаи Худо равам, аммо кумак ба муҳтоҷонро муҳимтар донистам. Ба онҳо кумак мерасонам, қалбам ором мегирад”, – мегӯяд ҷавонмарди некрой Абдуҷаббор Хоҷаев, соҳибкор аз шаҳри Бохтар.
Ин ҷо мехоҳем фикру назари номбурдаро пешниҳоди хонандаи рӯзнома гардонем, ки чӣ ӯро ба эҳсонкорӣ таҳрик медиҳад ва киро ниёзманди ёрию кумак мешуморад?
- Мо инсонҳо ҳеҷ гоҳ бениёз буда наметавонем. Дар тамоми дунё, аз ҷумла мамлакатҳои абарқудрат, он қишри ҷомеа, ки ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд, вуҷуд дорад. Сатҳи зиндагии ҳама баробар нест. Аммо ба гурӯҳи ниёзмандон, асосан мискинону фақирон дохил мешаванд. Мискин нафарест, ки манзили зист дорад ва қути лоямуташро танҳо барои як рӯз меёбаду моли зиёдатӣ надорад. Аммо фақир ҳатто хона надорад. Хайру садақа аввал ба шахси фақир ва дуюм ба мискин бояд дода шавад. Ҳастанд одамоне, ки муҳтоҷ нестанд, аммо худро ба сафи эҳтиёҷмандон мезананд. Агар дасту пойи равон дошта бошем, бояд барои дарёфти рӯзӣ меҳнат кунем. Ҳангоми кумак расондан бояд ба ҳисоб бигирем, ки дарвоқеъ оё ҳамон шахс эҳтиёҷманд ҳаст ё не? Чунки талаби касаба фарз аст. Ҳар нафари солим бо камтарин имконият бояд касбу ҳунар омӯзад ва аз ин ҳисоб ҷойи кор пайдо намуда, рӯзгорашро пеш барад.
Мо ба муҳтоҷе кумак мерасонем, подоши онро аз Худованд мегирем. Агар молу сарвате надорем, сухани хуш ва меҳрубонӣ низ садақа аст. Дар ояти 263-и сураи Бақара омадааст: «Сухани мулоим гуфтан ва даргузаштан беҳтар аз он хайрот аст, ки аз пайи он озурда кардан бошад. Ва Худо бениёзи бурдбор аст».
Ҳар шахсе, ки баъди таъмини аҳлу аёли худ аз дороиаш чизе зиёд дорад, онро бояд ба муҳтоҷон бахшад. Масалан, дар зиндагӣ бисёр мебинем, ки хӯроки зиёд пас аз муддате вайрон мешавад, ҳол он ки дар ҳамин лаҳзаҳо ҳаст нафаре, ки ба камтарин хӯрок ниёз дорад. Ба ин хотир, талаби эҳтиёҷмандеро қонеъ гардондан аз хислатҳои ҷавонмардӣ ва нишонаи адлу инсоф аст.
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Каъба эҷози халили Озар аст,
Дил назаргоҳи Ҷалили акбар аст.
Бинед, ки ин ҷо дили касеро ба даст овардан ҳатто аз ҳаҷҷи акбар ҳам болотар тавсиф шудааст. Каъбаро инсон сохт, борҳо онро таъмир кард. Мусаллам аст, ки инсон ба ин кор қудрат дорад, аммо инсон тавони ҳатто як дили хурдакаки ҳашаротеро сохтан надорад. Танҳо Худованд ба ин кор қодир аст. Ба ин хотир, мо бояд барои шод кардани дили инсонҳо кӯшиш кунем, - иброз медорад ӯ.
Маҳмадалӣ АКРАМОВ, рӯзноманигор,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2020 №: 109 Мутолиа карданд: 593