logo

фарҳанг

РӮ БА КИТОБ. МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН БОЛО МЕГИРАД

Аз Сулаймон Бурҳонов, сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳияи Ванҷ, пурсидем, ки омодагиҳо ба даврҳои минбаъдаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар кадом поя қарор дорад ва оё муассисаҳои фарҳангӣ, пеш аз ҳама китобхонаҳо, ба ин чорабинии муҳим  омодагии комил дидаанд? Ҳамсуҳбатамон бо ифтихор ва қаноатмандӣ гуфт, ки вазифаҳои  бамиёнгузоштаи Роҳбари давлатро  кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Ванҷ ва дигар идораву муассисаҳои масъул, ҷамоатҳои деҳот, кормандони  соҳаи  маориф ва фарҳанг аз аввали сол то имрӯзҳо  хуб ба ҷо оварда истодаанд. Имрӯзҳо  даври аввали чорабинӣ дар  ҳудуди деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, Вотхуд, Язгулом, Ҷовидон ва Техарву Рованд ҷамъбаст мегардад. Пеш аз ҳама,  бо мақсади  ба таври оммавӣ  ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  саҳми  кормандони шуъбаи маориф, бахшҳои  фарҳанг,  кор бо занону оила  ва ҷавонону  варзиш  назаррас аст.
  Собиқадори соҳаи фарҳанг аз он хусус изҳори хурсандӣ  кард, ки сокинони  ноҳияи Ванҷ аз ташаббус ва иқдомҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат дар хусуси баланд бардоштани  маънавиёти ҷомеаи кишвар, аз ҷумла роҳандозии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки  мардумро ба китобхонӣ шавқманд мегардонад, хеле шоду мамнун мебошанд. 
Бо саъю талошҳои масъулони соҳа, дар маҷмӯъ, баҳри дар сатҳи баланд баргузор  намудани  ин чорабинии фарҳангӣ ва қавигардонии маънавиёти зеҳнии сокинон тамоми шароит ва имкониятҳо аз файзу баракати Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Ванҷ низ  фароҳам оварда шудаанд. Баҳри исботи гуфтаҳои худ ҳамсуҳбатамон чунин далелҳо овард, ки ду сол муқаддам қасри муҳташами  фарҳанг  дар шаҳраки Рохарв бо иштироки Пешвои муаззами миллат  мавриди истифода қарор гирифт. Қисми зиёди хонаҳои фарҳанг ва клубу китобхонаҳо дар ҳудуди шаш деҳот, аз ҷумла хонаҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳои  деҳаҳои Мотравн, Гишхун ва Ғӯмасту Лугад аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ҳоло  ҳамарӯза барои ҷавонону калонсолон  дарҳои кушода доранд.  Китобхонаҳо бо асарҳои  адибони классику муосири ватанӣ, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва адабиётҳои халқҳои ҷаҳон  ба қадри шароит ва имкониятҳо таъминанд. Муҳимаш он аст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ягон маҳдудият надорад. Дар он садҳо  нафар калонсолон, ҷавонон ва  наврасони  ноҳияи Ванҷ метавонанд бе мамоният ва мушкилот  иштирок намоянд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 659
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед