logo

фарҳанг

ВМКБ. ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ РАВНАҚ МЕЁБАНД

Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла ороиши сарулибос, ҷиҳози хона ва дигар ашёи рӯзгор миёни  мардум эҳё шудааст.  Шаклу намуди ҳама навъҳои либоси миллӣ ба хусусияти ин ё он минтақа вобаста аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷуз ҷуроббофӣ, муҳрадӯзӣ, шерозадӯзӣ, гилембофӣ, намадрезӣ ва тоқидӯзӣ низ миёни мардум маъмул мебошанд. Тоқиҳои маъмулӣ  одатан аз матоъҳои рангоранги махмалин тайёр шуда, ба канораи қисми бараш шероза часпонда, ҳошияи он бо нақшҳои рамзӣ ва тасвири табиати Бадахшон гулдӯзӣ мешавад. Дар баъзе намуди тоқиҳои мардуми кӯҳистон аз як паҳлу пӯпакро ҳам ҷой медиҳанд. Ҳамин тавр, тоқӣ бо усули хос таҳия шуда, таърихи хешро дорост. Ба ибораи дигар, нақшофарӣ ва гулдӯзӣ на танҳо маҳорату санъати ороиши бадеӣ, ҳамзамон, доштани тафаккури баланди тахайюлиро низ тақозо менамояд.
Яке аз намудҳои ҷолиби санъати ороиши амалӣ ва ҳунарҳои нафиси ин минтақа тоқии вахонист. Он яке аз намунаҳои нодири офаридаи ақли инсоният дар санъати гулдӯзӣ маҳсуб ёфта, аз ҷиҳати сабку услуб, нақшу нигор, усулу воситаҳои офариниш, мураккабии дӯхт беназир буда, аз тӯппии дигар минтақаҳои мамлакат бо баъзе нишонаҳояш фарқ мекунад. Ҳар як нақши он таҷассумгари табиати зебои Тоҷикситон аст.
Гулдӯз рамзи ориёиҳоро дар майдони нақшофарӣ санъаткорона сабт менамояд. Аҷибаш ин, ки ҳунарварони ин намуди санъати дастӣ, бо истифода аз матои сафед, бе кашидани нақшу хат ва истифодаи қолаб, танҳо бо нӯги сӯзан онро медӯзанд.
Нақши маъмули тоқии вахонӣ - салиби нӯгдор буда, дар таркиби баъзе силсиланақшҳо такрор мешавад. Он рамз ва нишони ориёиҳост. Мавриди зикр аст, ки Вахон водиест, ки қад-қади ду соҳили дарёи Панҷ доман паҳн карда, аз маркази маъмурии ноҳияи Ишкошим ва вулусволии Султон Ишкошими Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доман паҳн карда, дар якҷояшавии рӯдҳои Помир ва Вахон, ки дарёи Панҷ аз он ибтидо мегирад, тӯл кашидааст. Воқеан ҳам, дар ин минтақаи афсонавӣ ҳунарҳои мардумӣ ҳифз мегарданд. Онҳо ҳар яке аз дигаре зеботар ба назар мерасад. Ин аст, ки расми тоқии вахонӣ ҳамчун рамзи ифтихор аз санъати волои миллат дар асъори миллӣ (қоғази қиматнок 20 сомонӣ) дарҷ ёфтааст.
- Эҳёи ҳунарҳои қадима, ки қариб ба нестӣ рафта буданд, кори саҳлу сода нест. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ба манфиати мардум аст, зеро бонувони хонашин ва нафақахӯр метавонанд бо эъҷози дастони хеш сатҳи зиндагиашонро беҳ гардонанд. Мо бонувони вахонӣ ҳунарҳои аз момоҳоямон омӯхтаро ба насли ҷавон меомӯзонем, то пас аз мо ин ҳунарҳо, ки қариб таърихи ҳазорсола доранд, ба гӯшаи фаромӯшӣ нараванд. Ман зиёда аз 20 сол раиси Ҷамоати деҳоти Вонг будам ва  пас аз ба нафақа баромадан бо дастгирии маркази омӯзиши калонсолон дар шаҳри Хоруғ  дар хонаам 15 бонуи хонашинро ба корҳои ҳунарӣ, аз ҷумла омода намудани тоқӣ, ҷалб намудам. Маълум аст, ки духти ин намуд тоқии нодир заҳмати зиёдро талаб карда, омода намудани ҳар яки он 2 - 3 моҳ тӯл мекашад. Пас аз анҷоми курси кутоҳмуддат ҳар яки онҳо соҳиби сертификат шуда, бо стипендия ҳавасманд мешаванд. Ба ин васила ҳунарҳои мардуми тоҷик имрӯз дар тамоми дунё муаррифӣ мешаванд, ки ҷойи ифтихор аст, - гуфт Гулнора Туйғуншоева, ҳунарманди чирадасти деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим.

Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед