номаҳо
ҒАЛАТҲОРО ХУРД НАШУМОРЕМ
Баъзе аз шаҳрвандон ба одитарин талаботи забон, шояд аз ҷиҳати надонистан ва ё беаҳамиятӣ бошад, ки таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Дар шиору овезаҳои марказҳои савдо, мағозаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, ошхонаҳо ва китобхонаҳо дар калимаҳо ба гузоштани ҳарфҳои «ӣ» ва «ӯ» диққат надодаанд. Масалан:
Маркази хизматрасонии «Фиру(?)з» - (кӯчаи Борбад 56/1, н. Фирдавсӣ), Мағозаи ху(?)роквори(?) «Дастрас» - (кӯчаи Фирдавсӣ 89/11, н. Фирдавсӣ), Ошхонаи миллӣ(?) (кӯчаи Борбад 64, н. Фирдавсӣ), мағозаи ху(?)роквори(?) (кӯчаи А. Ҷомӣ 54, н. Сино), Спорт бар «Ду(?)стӣ» (кӯчаи А. Ҷомӣ, н. Сино), Тезтайёри «Дусти(?)» (кӯчаи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, н. Сино), Самбу(?)саи беҳтарин бо гу(?)шти гов (назди бозорчаи «Мадад», н. Сино), Дучархаҳои барқи(?) ва дар паҳлуи рости бино, Толори Ару(?)си(?) (кӯчаи А. Ҷомӣ 11/А, н. Сино), Шустушу(?)и нақлиёт (кӯчаи Р. Набиев, маҳаллаи Роҳи Нав 295, н. Сино), Нуқтаи сӯзишвории «Соро – ойл», Шустушу(?)и нақлиёт (кӯчаи Ҷ. Расулов 71/1, н. Сино), Маркази савдои «Эҳсон», Молҳои ру(?)згор (кӯчаи Маяковский 19/4А, н. Сино), Хадамоти бехатари(?) (кӯчаи И. Сомонӣ 14, н. И. Сомонӣ).
Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин ғалатҳо барои омӯзиши дурусту бехатои забони модарӣ таъсири манфӣ хоҳанд расонд. Вақте хонандагон дар мактаб тарзи дурусту бехатои калимаҳоро меомӯзанд ва берун аз муассиса ба чизи дигар рӯ ба рӯ мешаванд, ин, албатта, зарбае ба зеҳни онҳо мерасонад. Ногуфта намонад, ки бисёре аз қашрҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонону наврасон, бештар аз муҳити зиндаи атроф меомӯзанду аз бар мекунанд.
Имрӯз вақти он расида, ки нисбат ба забони давлатӣ ҷиддӣ муносибат намуда, онро ҳамаҷиҳата биомӯзем, то фикрамонро дурусту бехато, чи шифоҳӣ бошад ва ё хаттӣ, баён созем. Ҳар як калима ва ҳарфи забон ба худ тарзи дурусти талаффуз ва оҳанги хос дорад. Беҳтар мебуд, агар он афроде, ки реклама, шиору овезаҳо таҳия ва мағозаву марказҳои савдои худро номгузорӣ мекунанд, сараввал бо забоншиносон ва дигар масъулини соҳа ҳамкорӣ намуда, масъалаи мазкурро бо онҳо ҳамоҳанг карда, фикру пешниҳодҳои эшонро ба инобат гиранд.
Чунин ғалатҳоро кӯчаку ночиз нашумурда, аз пайи ислоҳашон талош бояд кард. Бо ин васила метавонем, дар нигоҳдошти фасоҳату ғановати забон ва коста нагаштани он муваффақ гардем.
Шарофиддин ШАРИФОВ,
магистранти ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.06.2020 №: 110 Мутолиа карданд: 4166