logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Олим Оқилов. Ҳама бо меҳру муҳаббат ин номро ба забон мегиранд, хурду калон ӯро эҳтиром менамоянд. Суҳбатороиву ҳазлҳои намакинаш  ба ақлу ҳуш таровати тоза бахшида, оинаи қалбу ҳузури ҷонҳо мегардид. Ӯ бо корҳои неки анҷомдодааш писанди ҳамагон гашта, ҳазорон дармондаю ятим ва корафтодаро шод кардаву раҳнамои эшон гардидааст.

Ин лаҳза ҳолномаи ӯро варақгардон намуда, ба хотир меоварем, ки  Олим Оқилов 15.05.1939 дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ,  дар оилаи колхозчӣ ба дунё омада, бо кору пайкори нек аз хурдсолӣ дар дили мардуми кӯҳистони  ноҳияи Айнӣ  лонаи меҳр гузошт. Ӯ дар хурдӣ аз падару модар ятим монда, меҳнати содиқонаро аз пирони батадбир омӯхт. Соли 1959 омӯзишгоҳи тиббии ба номи академик Павлови шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси фелдшер хатм намуда, фаъолияти меҳнатиро дар беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ  оғоз кард. Баъдтар, дар беморхонаи марказии № 1 шаҳри Душанбе корашро давом дод.  Соли 1961 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд ва фаъолияти меҳнатиашро  дар беморхонаи Қарияи Боло (ҳоло шаҳраки Шифобахш) идома бахшид. Соли 1967 донишгоҳро хатм намуда, ҳамчун табиби ҷарроҳ ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ ба кор омад.
Дар давраи фаъолияти ӯ дар беморхонаи марказии ноҳия поквиҷдонӣ, интизоми хуби меҳнат, ташаббускориву серталаб будан нисбат ба кор, бо ҳамкорону беморон хушмуомила   буданро ба  ҳамкорон талқин менамуд.  Маҳз дар ҳамин замон шумораи табибони маълумоти олидори муассисаҳои тандурустии ноҳия аз 17 ба 112 нафар, кормандони миёнаи тиббӣ аз 175 ба 580 нафар афзуд, теъдоди беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои ёрии таъҷилӣ низ зиёд гардида, муассисаҳои соҳа бо таҷҳизоти тиббӣ, нақлиёт таъмин карда шуд. Бо ташаббуси ӯ дар ноҳияи Айнӣ филиалҳои омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд ва коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент кушода шуд.
Хизматҳои арзишманди Олим Оқилов бо унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишонҳои Аълочии тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ,  Аълочии  мудофиаи шаҳрвандӣ, Аълочии мудофиаи санитарии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Ҳабиб СУЛАЙМОНӢ,
сармуҳаррири муассисаи нашриявии «Ирфон»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2020    №: 110    Мутолиа карданд: 605
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед