logo

фарҳанг

ҲОМИДДИН ШАРИФОВ. ШАХСИЯТЕ, КИ РӮЗГОРАШ БАРОИ ИБРАТ БУД

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо ба таърих ва сарнавишти роҳбарии онҳо пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар арсаи таърих сиёсатмадорони зиёде меоянду мераванд, танҳо қисме аз онҳо нақше аз ҳаёти хеш мегузоранд. Аммо як зумраи ками онҳо ҳамчун ситораи дурахшон дар осмони таърихи халқу миллаташон абадан боқӣ мемонанд. Бо камоли ифтихор метавонем бигӯем, ки яке аз чунин абармардони  соҳаи сиёсат зиндаёд Ҳомиддин Шарифов мебошад. Дар давраи вазири корҳои дохилӣ кор кардани Ҳ. Шарифов бузургтарин ҷинояти аср аз тарафи бархе аз маҳалгароён, ки бо шарикдастии қувваи сеюм Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид, дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик чун доғ боқӣ монд.
Охири асри ХХ барои ҷомеаи Тоҷикистон марҳилае буд басо тақдирсоз. Зеро вазъи сиёсие, ки кишвари азизи тоҷиконро саросар фаро гирифта буд, ба сари мардум ноҷӯриҳову носозгориҳои зиёд, хавфу хатар, парокандагӣ, ҳаҷр ва дурӣ аз ёру диёрро бор кард. Ҷомеа рӯди дамидаеро мемонд, ки мавҷҳояш пурталотум буданд, меғуриданд, тӯфон мекарданд, майли аз маҷро баромадан доштанд. Оммаи  бепаноҳ менолид ва даст ба дуо бардоштаву рӯ ба само оварда наҷот меҷуст.
Барои расидан ба ҳадафҳои наҷиб Президентро зарур буд, ки дар кори интихоби кадрҳои роҳбарикунанда таҳаммули бештаре ба харҷ диҳад. Инсонро аз рӯи сурат шинохтан душвор аст. Нафароне буданд, ки пас аз гирифтани мансабе дар ин ё он вазорату кумита худро ҳокими мутлақ мепиндоштанд ва ба ҳар навъе ки мехостанд, амал карданӣ мешуданд. Аммо Роҳбари давлат ба чунин мансабдорон имконият надод ва онҳоро аз рӯи шоҳроҳи халқ дур намуд. Аз ин миён нафаре лозим буд, ки Вазорати корҳои дохилиро роҳбарӣ намояд ва идораҳои хурду калони ин сохтори қудратии кормандонаш басо сершуморро ба тартиб дарорад.
Оромиро дар пойтахт ва атрофи он ба танзим даровардан, коре карда маҷрои зиндагиро дуруст намудан аз вазифаҳои аввалин буданд. Вазорати корҳои дохилӣ нуфузи хешро то андозае аз даст дода буд ва далели ин роҳ ёфтани афроди нолоиқу тасодуфӣ ба ҳайати роҳбарикунандаву сафҳои он буд. Маҷмӯан, чӣ касе метавонад маснади вазириро лоиқ бошад? Вазир бояд дорои хислатҳои ҳамида ва тарғибкунандаи адлу дод, илму фарҳанг, сулҳу сафо, дӯстиву бародарӣ, иттиҳоди раият, покӣ, номи нек, ростӣ, олиҳимматӣ, ҷавонмардӣ, ҷасорат бошад. Ва ин шумори сифатҳои инсони ҳақиқӣ басо дароз аст. Дар ҳақиқат, агар вазир чунин хислатҳоро доро бошад, дар маснади худ побарҷову  тӯлонӣ меистад.
Ниёгони мо ин қоидаҳоро барои вазирони гузашта тартиб дода буданд ва агар ба чашми хирад бингарем, дар замони ҳозир низ ҳамин хислатҳо муҳиманд. Вазирии генерал-полковник Ҳомиддин Шарифов мисоли рӯшани гуфтаҳои болост. Замоне ки Ҳ. Шарифовро ба ин вазорати қудратӣ роҳбар таъйин намуданд,  миллат ҳанӯз захмҳои хуншор дошт. Оромии мутлақ вуҷуд надошт ва террору ҷиноят дар авҷ буданд. Дуздии моликияти ҷамъиятию шахсӣ, куштор, ғорату таҷовуз ва дигар ҷиноятҳо як кори маъмулӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Ин ҳангом 31-уми октябри соли 1996 буд. Ҳ. Шарифов дар кӯтоҳтарин муддат вазъиятро дар вазорат омӯхтаву ба таҷрибаи  хеш такя намуд ва ба он вазифае, ки Роҳбари давлат наздаш гузошта буд, содиқ монд. Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хидматҳои ин фарзанди накуноми хеш арҷ гузошта,  19 феврали соли 2003 ӯро ба яке аз олитарин мукофотҳои Ватан – ордени Исмоили Сомонӣ қадр намуданд. Ҳамчунин, мукофоти беҳтарин боварии халқу Ватанро ба даст овардан аст, ки онро Ҳомиддин Шарифов хеле барвақт соҳиб шуда буд.  Некии инсонҳоро шумурдан амри халқ аст.

РАҲИМЗОДА Рамазон Ҳамро,                                    
вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал – полковники милитсия
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2020    №: 111    Мутолиа карданд: 998
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед