фарҳанг
САРАЗМ. ҶАШНИ 5500 - СОЛАГИИ ТАМАДДУНИ МИЛЛӢ
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдгориҳои бостонию таърихӣ, ки таҷассумгари таърихи тӯлонию пурғановати миллати тамаддунофари тоҷик мебошанд, хеле зиёд аст. Баробари табиати зебову иқлими муътадил, таърихи бой ва анъанаву суннатҳои фаровони мардумӣ, ёдгориҳои нодири таърихӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ба сифати як мамлакати сайёҳӣ муаррифӣ кардаанд.
Шаҳраки бостонии Саразм бо бозёфтҳои нодиру нотакрораш дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хосаеро соҳиб буда, ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳони зиёди гӯшаву канори дунё қарор мегирад. Чун дар асоси хулосаи бостоншиносон, маданияти шашуму панҷуми ҳазорсолаи ниёгонро давраи тараққиёти ҷамъияти замони энеолит- асри сангу мис меҳисобанд, ин давраи ибтидоии ташаккули тамаддуни инсоният мебошад. Мардуми Саразми қадим соҳиби фарҳанги воло, маданияти пешрафтаи шаҳрсозиву кишоварзӣ буданд. Ҳамин аст, ки таърихшиносон ин шаҳракро ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна медонанд.
Мавриди зикр аст, ки ёдгории қадимаи халқи тоҷик - Саразм аз намунаҳои бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ ба шумор рафта, аввалин маротиба дар бораи он бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов дар асоси бозёфти сокини деҳаи Авазалии деҳоти Чимқӯрғон Ашӯралӣ Тайлонов маълумот додааст. Ашӯралӣ Тайлонов соли 1972 аз ин мавзеъ табареро пайдо карда, ба кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент нишон медиҳад. Бо маслиҳати онҳо бозёфт ба бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов, ки он замон дар шаҳри Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронд, супурда мешавад ва ҳамин тавр, таҳқиқи бостоншиносии ёдгорӣ оғоз меёбад. А. Исҳоқӣ масоҳати шаҳракро аз 90 то 130 гектар ва шумораи аҳолиашро то 8000 муайян намудааст. Имрӯз 37,34 гектари он боқӣ мондааст, ки аз он 17 гектараш ҳамчун мамнӯъгоҳ ба харитаи ЮНЕСКО ворид мебошад.
Хушбахтона, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид. Бо назардошти арзиши таърихӣ ва фарҳангӣ доштанаш шаҳраки Саразми бостонӣ ҳамчун қадимтарин ёдгорӣ 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии миллати тоҷик аст.
Бо назардошти пешниҳоди хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 5500- солагии Саразми бостонӣ нимаи дуюми соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ташаббуси мазкур дар Конфронси кулли ЮНЕСКО (12-28 ноябри соли 2019) дастгирӣ ёфта, ба рӯйхати ҷашнҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Воқеан, иқдоми ҷашнгирии 5500 - солагии Саразми бостонӣ идомаи мантиқии ибтикороти хирадмандонаи Сарвари фарҳангпарвару дурандеши мамлакат маҳсуб меёбад ва моро водор месозад, ки ёдгориҳои бостониамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз карда, чун сабақи таърих онҳоро ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Муҳаммад САЛОҲУДДИНОВ,
корманди дастгоҳи Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.06.2020 №: 111 Мутолиа карданд: 704