фарҳанг
АЛЕКСАНДР ШИШОВ: «ТОҶИКОН НАМУНАИ ИБРАТАНД»
- Мо дар бораи саъю талош ва қобилияти тоҷикони кӯҳистон барои рушду густариши фарҳанг ва такомули миллиашон ҳанӯз маълумоти кам дорем, - бо ҳамин нукта оғоз мегардад китоби Александр Шишов – «Таджики», ки ҳанӯз соли 1910 дар Тошканд ба нашр расида буд.
ТАБИБЕ, КИ «ТОҶИКОН» НАВИШТ
Бояд гуфт, ки Александр Шишов нахуст ба Туркистон ҳамчун табиб омад ва дар беморхонаи қисми ҳарбии Қӯқанд аз соли 1897 ба ҳайси сардухтури баталёни якум фаъолият кард. Ӯ дар як вақт доир ба ҷуғрофияи Осиёи Марказӣ, таърих, фарҳанг, этнография ва антропологияи халқҳои минтақа маводи зиёде ҷамъ овард. «Очерки «Тоҷикон» тибқи барномае таҳия гардидааст, ки пештар дар асоси он очерки «Сартҳо» ба табъ расида буд. Ҳангоми таҳияи очерк лозим дониста шуд, ки ҳама он ҳуҷҷатҳое, ки дар маҳал, яъне дар Тошканд ёфтшуда, инчунин, дигар маводи дастрас, пурра истифода гарданд... Мутаассифона, дар бораи урфу одат, зисту зиндагӣ ва анъанаҳои тоҷикони кӯҳистон танҳо як хулоса баровардан мумкин: он маводе, ки чоп гардидааст, барои маълумоти пурраву дуруст ҳосил кардан басанда нест», - менависад муаллиф.
Китоби мазкур таърих, расму ойин ва фарҳанги рӯзгордории тоҷиконро дар асоси маълумоти то аввали асри ХХ батабърасидаи олимону сайёҳони рус ва аврупоӣ инъикос мекунад. Асар дар хусуси рӯзгори тоҷикони кӯҳистони Қаротегин, Вахё, Дарвоз, Шуғнон, Рӯшон, Мастчоҳ, Яғноб, Фалғар, Киштуд, Моғиён…-и охирҳои садаи XIX ва оғози асри XX аз нигоҳи мардумшиносӣ иттилооти фаровону ҷолиб медиҳад. Тавассути он хонанда, ҳамзамон, метавонад доир ба фарҳанг ва урфу одати хоси тоҷикони водиҳо маълумоти нодир пайдо намояд.
АЗ «ТОҶИКОН» САБАҚ БАРДОРЕМ…
Дар маҷмӯъ, китоби «Тоҷикон»-и А. Шишов доир ба таърихи пайдоиши миллати мо, касбу ҳунар, фарҳанг, урфу одат, заминдорию кишоварзӣ, истеҳсолот, савдою сохтмон ва ҳатто қиёфаи тоҷикон баҳс карда, як силсила маводи судмандро фаро мегирад. Инчунин, асар бори дигар собит месозад, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ аҳолии Осиёи Миёнаро асосан тоҷикон ташкил медоданд ва онҳо аз ҷиҳати шумора, шаҳрдорию шаҳрсозӣ ва фарҳанги деринаи худ бартарии зиёд доштанд. Чуноне ки тарҷумони китоб (аз рӯи нашри русӣ дар Алмаато, 2006) Ислом Юсуфӣ менависад, қисмати асосии маводе, ки ӯ (Шишов – Б. Б.) истифода бурдааст, ҳоло ҳуҷҷатҳои китобшиносӣ (библиографӣ)-и нодиранд, ки мутаассифона, барои хонандагон ва мухлисони сершумор чандон дастрас нестанд. Арзиши хуби китоби «Тоҷикон» низ, пеш аз ҳама, дар ҳамин хусусияти он нуҳуфтааст. Мутаассифона, ҷилди дуюми ин асар навишта нашуд, ҳарчанд муаллиф дар пеши худ чунин мақсад гузошта буд. Вале, «Тоҷикон», ки имсол аз чопи он 110 сол пур мешавад, моро ҳушдор медиҳад, то аз гузаштаи худ сабақ гирем. Ҳамзамон, аз рӯйи ин асар баргузор кардани конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ва бо теъдоди бештар нашр кардани он дар ташаккули худшиносии мо такон хоҳад буд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.06.2020 №: 111 Мутолиа карданд: 843