logo

иқтисод

ВАХШ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР МЕШАВАД

Дар ростои арҷгузорӣ ба даҳаи сеюми соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки то фасли пойизи соли 2021 фурсат хоҳад дошт, ҳар як гӯшаю канори ноҳияи Вахш аз натоиҷи бунёдгариҳои бомавриди масъулон ва заҳмати пурсамари сокинон рӯз ба рӯз шукуфотар мешавад. Хоса, маркази маъмурии он симои ҷолиби меъморӣ касб кардааст.

То он санаи муфарраҳ бояд дар ноҳия, дар маҷмӯъ, зиёда аз 340 иншооти гуногун эъмор гардад. Хушбахтона, дар тӯли ҳамагӣ ду соли гузашта 130 сохтмон бо сифати баланд ба итмом расонда шуд. Кор дар дигар иншоот, чуноне ки раиси ноҳия Қурбон Юсуфов мегӯяд, бо дилгармӣ ба фардои накутару дурахшон идома дорад. “Ба хотири гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, бунёди маҷмааи Нишон ва Парчами давлатӣ бомаром идома дорад. Дар наздикиҳои маҷмаа бо мақсади бароварда сохтани эҳтиёҷоти сокинон марказҳои маишию хизматрасонии муосиртарҳ бунёд карданием. Мутмаинем, ки ин мавзеъ дар ояндаи наздик ба як макони дӯстдоштаи сокинон табдил меёбад”, - афзуд раис.
Сохтмони муассисаҳои тарбиявию таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ низ дар тамоми ноҳия мувофиқи мақсад ҷараён дорад. Бахусус, нарасидани кӯдакистонҳоро ба инобат гирифта, бунёди шаш муассисаи томактабии комилан нав ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфтаи масъулони шуъбаи маорифи ноҳия, ҳамагӣ дар 29 соли соҳибистиқлолии мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ наздики 30 муассисаи таълимии дорои 260 синфхонаи барҳаво сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Бо мақсади қадаме пеш гузоштан дар масири татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатисозии босуръати мамлакат сохтмони ду корхонаи истеҳсолии таъминкунандаи бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мувофиқи мақсад ҷараён дошта, то охири сол ба анҷом расонда мешаванд.
- Дар ҳошияи эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ ба соҳаи туризм рӯ ба афзоиш дошта, аз самари роҳандозӣ шудани як қатор тадбирҳои судманд ва, ҳамзамон, таъмин шудани шароитҳои фароғат, ҷолибтар гардидани симои меъмории ноҳия шумораи сайёҳони хориҷию дохилӣ рӯз ба рӯз зиёд шуда истода буд. Яъне, як муддати кӯтоҳ аст, ки бинобар буҳрони вируси ҳамагири COVID - 19 ташрифашон камтар шудааст, аммо муътақид ҳастем, ки ин ҳама мушкилот зуд мегузарад, - мегӯяд раиси ноҳия Қ. Юсуфов. - Аммо тӯли 12 моҳи соли гузашта ва 3 моҳи соли равон аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии ноҳияи Вахш дар маҷмӯъ, 988 сайёҳ дидан кард, ки аз инҳо 161 нафараш шаҳрвандони хориҷиянд.
Мусалламан, бинобар роҳандозӣ шудани тадбирҳои муайяни ободонию бунёдкорӣ, сафи сайёҳон, алалхусус, аз дигар гӯшаю канори мамлакат афзуд, ки ин далелест аз зебо ва тамошобоб шудани ноҳия.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2020    №: 111    Мутолиа карданд: 589
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед