мулоқотҳо
Ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳ бештар мегардад
10 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Мото Кониширо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба татбиқи Стратегияи кишварии шарикии Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон, дастгирии кишвар баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва масоили сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Стратегияи кишварии шарикии Бонки умумиҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 бояд бо назардошти дархосту пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистон такмил дода шавад».
Гуфтугӯи судманд оид ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун, аз ҷумла доир ба омодасозии асоснокии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии ин лоиҳа сурат гирифт.
Мото Конишӣ иттилоъ дод, ки бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон, ки се сол пеш равона гашта буд, ахиран аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ супориши техникӣ оид ба гузарондани асоcноккунии техникӣ – иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии он омода гашт. Ба гуфти Мото Конишӣ, барои интихоби ширкатҳо ва мутахассисони амаликунандаи ин корҳо тақрибан 3 моҳ ва барои гузарондани асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз 12 то 18 моҳ вақт сарф хоҳад шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд:
-Асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳа бояд аз ҷониби ширкатҳо ва мутахассисони эътирофшудаи ҷаҳонӣ дар сатҳи хеле баланд ва холисона анҷом дода шавад, то ки ҳеҷ гуна шакку шубҳа оид ба бехатарии нерӯгоҳи Роғун боқӣ намонад.
Мото Конишӣ ҳамчунин таъкид дошт, ки дар сурати ба натиҷаҳои дилхоҳ анҷом ёфтани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун Бонки ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ кӯмак хоҳад кард.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба татбиқи лоиҳаи бунёди хати 500- киловолтаи КАСА - 1000, ки бояд аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон кашида шавад, сурат гирифт. Ба иттилои Мото Конишӣ асоснокии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи бунёди ин хати интиқоли барқи баландшиддат моҳҳои август-октябри соли равон бояд омода шавад.
Таъкид гардид, ки омодасозии асоснокии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва ҳам лоиҳаи КАСА – 1000 аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
х х х
Мото Конишӣ, директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро аз натиҷаҳои мулоқот ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ба таври мухтасар чунин баён намуд:
-Мо бо ҷаноби Президент масоили вобаста ба бунёди иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон, бавижа Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор додем. Ман ба Президент дар бораи омода гардидани супориши техникӣ ҷиҳати гузарондани асоснокии техникӣ-иқтисодии тарҳи Роғун ва таъсири он ба муҳити зист маълумоти муфассал додам. Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид ба амал овард, ки кулли корҳои вобаста ба асосноксозии техникӣ-иқтисодӣ ва баҳодиҳӣ ба таъсири экологии иншоот бояд дар сатҳи ниҳоят баланди байналмилалӣ сурат бигирад.
Мото Конишӣ иброз дошт, ки дар асосноксозии техникӣ-иқтисодии НБО-и Роғун на танҳо мутахассисони варзидаи Бонки ҷаҳонӣ, балки гурӯҳи коршиносони сатҳи байналмилалӣ низ ҷалб карда мешаванд. Ба гуфти ӯ, Президенти Тоҷикистон дар ин замина бо исрор талаб кардааст, ки натиҷаҳои ниҳоии ташхис ба маълумоти ҳамаи кишварҳои минтақа расонда шаванд, то онҳо дар бораи бехатарии сохтмони НБО-и Роғун мутмаин гарданд ва дар ин масъала дигар ягон хел шакку шубҳа намонад.
Мо бо ҷаноби Президент ба мувофиқа расидем, ки дар ҳолати мусбат анҷом пазируфтани ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии тарҳи Роғун Бонки ҷаҳонӣ дар ташкили консорсиуми байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Ҳамзамон Бонки ҷаҳонӣ ва роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина меморандуми ҳусни тафоҳум ба имзо мерасонанд, ки мувофиқи он нақши БҶ дар ташкили консорсиуми байналмилалӣ муайян хоҳад гашт.
Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди идомаи сохтмони нерӯгоҳ дар ҷараёни гузаронидани асоснокии техникӣ-иқтисодии тарҳи Роғун ва таъсири он ба муҳити зист баёни андеша намуда, тазаккур дод, ки ин масъала дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор дошт. Мо эҳтимолияти ҷалби муҳандисон, мушовирон ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи байналмилалиро ҷиҳати назорати сифати корҳои барқарорсозӣ матраҳ намудем. Корҳои барқарорсозии НБО-и Роғун дар рафти гузарондани ташхис низ идома хоҳанд ёфт.
Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2128