logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИ ҶИНПИН

Нимаи  дуюми рӯзи 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин  суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбати дӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси муҳтарам Си Ҷинпинро дар пешбурди бомуваффақияти муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои самараноки Тоҷикистону Чин ба таври хосса таъкид карданд.
Дар ин қарина ҷонибҳо баъзе ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, ҳамчунин, роҳҳои алоҳидаи рушду густариши онҳоро дар шароити имрӯзаи  байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, аҳамияти идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамдастии ҷонибҳо, пешбурди фаъолонаи масъалаҳои калидии ҳамкории дуҷониба ва татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада, инчунин, пайдо намудани шаклҳои нави ҳамкориҳои ду кишвар ва тавсеаи онҳо дар арсаҳои мухталиф, бо шумули соҳаҳои тиб, дорусозӣ, технологияҳои нав ва навоварӣ, таъкид гардиданд. 
Дар рафти суҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Дар зимн, ба равандҳои ташвишовари афзоиш ёфтани зуҳуроти буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ чун натиҷаи паҳншавии фарогири пандемияи коронавирус диққати махсус дода шуд. Тадбирҳои амалии аз ҷониби ду давлат андешидашаванда, ки ба мубориза бо COVID -19  ва паст кардани шиддати таъсири манфии пандемия ба низомҳои миллии иқтисод ва тандурустии ҷонибҳо  нигаронда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Пешвои кишвари мо сипоси худро ба ҷониби Чин барои дастгирӣ ва расондани ёрӣ ба Тоҷикистон дар давраи пандемия иброз доштанд. Инчунин, ба изҳороти Сарвари Чин дар хусуси он ки ҷониби Чин ваксинаи коронавируси навро, ки ихтироъ хоҳад кард, ният дорад дастраси тамоми ҷаҳон гардонад, баҳои баланд дода шуд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби худ  амалу қарорҳои роҳбарияти Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятӣ баланд арзёбӣ кард.
Сарони ду давлат қаноатмандии худро аз ҳамкории   кишварҳояшон дар чорчӯбаи  созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, қабл аз ҳама, дар доираи СММ, СҲШ ва МҲТБО (СВМДА), изҳор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори итминон карданд, ки муносибатҳои ду кишвар минбаъд низ идомаи мантиқӣ хоҳанд ёфт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2020    №: 112    Мутолиа карданд: 909
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед