logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. ДАСТОВАРДЕ, КИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА АДОЛАТИ СУДИРО ТАЪМИН КАРД

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дахолати душманони миллат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Дар натиҷаи нооромиҳо зиндагии осоиштаи мардум халалдор гардида, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат зарари ҷиддӣ расонда шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба рушди иқтисоди кишварамон латмаи муҳлик зад.  Садҳо нафар мутахассисони варзидаи касбу кори гуногун тарки Ватан карданд. Бештар аз 150 ҳазор нафар ҳалок ва шумораи зиёди мардуми осоишта хонаву манзили худро тарк намуда, дар кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд.
Хушбахтона, аз кирдори пасипардагии гурӯҳҳои манфиатҷӯ гурӯҳҳои солимфикри кишвари азизамон огаҳӣ ёфта, аз пайи пешгирии ин фоҷиаи нохуш  шуданд. Дар чунин як шароити ниҳоят вазнин барои халқи тоҷик як шахси далеру шуҷоъ лозим буд, ки то чунин фоҷиаи мудҳишро бартараф ва мардуми парешони тоҷикро муттаҳид созад.
Баъди талошҳои зиёд, дар ҳамин шароити ниҳоят вазнин дар Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 197 вакил Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардида, масъулияти роҳбарии давлат ва ҳаёти ояндаи кишварамон ба зиммаи Сарвари нави ҷавон вогузор гардид, ки ин қадами нахустини мамлакат барои таъмини сулҳу субот дар кишвар буд.
Савганди нахустини Роҳбари ҷавони кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум як рӯҳияи наву умедбахш дар оғози обод кардани кишварамон бахшид. Дар он вазъи ниҳоят ҳассос кори худро аз сарҷамъ намудани тамоми гурӯҳҳои солимфикр шурӯъ карда, ваъда доданд, ки барои халқи Тоҷикистон сулҳ меоранд. Инчунин, пайваста таъкид менамуданд, ки танҳо якдигарфаҳмӣ ва боварӣ ба ҳамдигар метавонад Тоҷикистонро ба масири сулҳу ваҳдат раҳнамун созад.
Маҳз ба шарофати талошҳояшон ҳокимияти давлатӣ дубора барқарор шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кори худ барои таъмини амният ва риояи қонуният рӯ оварданд. Дар сатҳи давлатӣ сиёсати мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон шурӯъ шуд. Дар натиҷаи чандин музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифин, ахиран 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Дар имзои ин созишномаи тақдирсози миллати тоҷик саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои бо мо дӯсту бародар хеле намоён аст.
Ба шарофати ба имзо расидани ин созишномаи тақдирсоз мардуми мо тавонист, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нав – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намояд.
Имрӯз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмиву сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Пойдории давлат ва бақои он, оромию осоиштагии ҷомеа, ҳаёти осудаи мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту идораҳо ва таъмини волоияти қонун бо адолати судӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зарурияти ислоҳоти судиро таъкид намуда, масъалаи таҳия ва пешниҳоди барномаи нави мукаммали соҳаро барои солҳои минбаъда ба миён мегузоранд.
Ба ҳар як шохаи ҳокимият дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи Конститутсия вазифаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вогузор шуда, нишонаи олии он ҳифзи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Зеро дар сурати риоя нашудани ин ҳуқуқҳо аз ҷониби дигар мақомот, шахс метавонад бо истифода аз ҳифзи судӣ, шохаҳои дигари ҳокимиятро уҳдадор намояд, ки ин ё он амалеро, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро маҳдуд ва ё поймол намудааст, бартараф намояд.
То имрӯз ҳокимияти судии кишвар дар таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ҷумҳурӣ Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ татбиқ ва ислоҳоти судӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Дар ҷараёни татбиқи ин Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бо назардошти рушди ҷомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эҳтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ, баррасии саривақтии парвандаҳо, иҷрои санадҳои судӣ ва ба низоми электронӣ гузаштани судҳо тадриҷан ташаккул меёбанд.
Имзо гардидани санади сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ дошта, пеш аз ҳама, барои ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Осиёи Марказӣ таъсири мусбат расонд. Ҳамдигарфаҳмиву ваҳдат имкон дод, ки сатҳи зиндагии мардум баланд бардошта шуда, равнақи Тоҷикистони соҳибистиқлол пурра таъмин гардад. Барои ба чунин рӯзҳо расидан Сарвари давлат ҷонбозиҳо карда, ба он ваъдаҳое, ки ба мардум дода буданд, расиданд. Мо, халқи тоҷик, набояд фаромӯш созем, ки хизматҳое, ки Пешвои миллат барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ карданд, дар таърих нақши густурда дорад. Бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои осоишта ба сар мебарем.

Назрулло ШУКУРЗОД, муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2020    №: 112    Мутолиа карданд: 933
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед