logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН. ҲИФЗИ БОИГАРИҲОИ МИЛЛӢ ҲИФЗИ МИЛЛАТ АСТ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки  Ватанро  сидқан дӯст дорем, ба қадри он бирасем, сарватҳои табиатро чун гавҳараки чашм  ҳифз намоем.  Яке аз боигариҳои  кишвари   биҳиштосоямон, ки дар Бадахшон, дар  ҳудуди  боғи миллии ноҳияи Ванҷ, дар саргаҳи рӯдхонаи Ванҷоб, дар наздикии қуллаҳои сарбаланди  Исмоили Сомонӣ ҷойгир шудаанд, пиряхҳои азамати Федченко, Хирсон, Кашолаях ва Абдулқаҳҳор,  инчунин, боз даҳҳо   пиряхҳои хурду миёна  мебошанд.
Ба гуфтаи директори боғи миллии ноҳия Розиқ Гиёев, аз оби мусаффое, ки  аз баландиҳо ҷорӣ мегардад, аҳолии Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳамчунин, дар подомони пиряхҳо ҷангалҳо ва бешазорони  зиёде сабзидаанд. Ҳайвонот ва парандагони ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб ва Рӯшон хеле нодир мебошанд.
Дар ин ҳудуди  дилнавоз садҳо намуди  рустанӣ ва гиёҳҳои гуногун мерӯянд, ки  хусусияти шифобахшии онҳоро  олимони  табиатшинос, пеш аз ҳама, кормандони Институти биологии Помири Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табибони гиёҳшинос исбот кардаанд. Дар ҳудуди боғи миллӣ ҳазорҳо дарахтони  себу нок, чормағз, буттаҳои ангату гулхор ва зелол нашъунамо доранд, ки аз меваи онҳо дар корхонаи таъсисдодаи бонуи  ташаббускор  Васила Ғафурова,  ки дар деҳаи Ғуҷоваст воқеъ гардидааст имрӯзҳо фарзандон ва шогирдонаш равғани ангат ва чормағз тайёр мекунанд, ки иқдоми шоиста мебошад.
Зикр бояд кард, ки боигариҳои Помир хеле зиёданд. Ҳоло ки  фасли тобистон оғоз шудааст, фаъолият ва ташвишҳои  кормандони боғи миллӣ ҳам зиёдтар мегардад. Пеш аз ҳама, онҳо намегузоранд, ки ба олами ҳайвонот ва парандагони нодири водии Ванҷи Боло, Вотхуд ва Язгулом зиён бирасад. Бо ин мақсад, дар ҳамдастӣ бо кормандони  идораи хоҷагии ҷангал, ҷамоатҳои деҳоти Ҷовидон, Техарв, Язгулом, Вотхуд ва Рованд ва фаъолони маҳал саъю талош менамоянд, ки  сарватҳои кӯҳистон пайваста фаровон шаванд.
Розиқ Гиёев иброз дошт, ки аз рӯи мушоҳидаҳои чандинсола маълум намудаанд, ки дар кӯҳсори  назди қуллаи Исмоили Сомонӣ дар баробари  даҳҳо  ҳайвоноти ваҳшӣ 16  сар  бабри барфӣ сукунат дорад. Ҳар яке аз ин  ҷонварони зебо таҳти назорати доимии кормандони ниҳоди ҳифзи табиат қарор доранд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2020    №: 112    Мутолиа карданд: 804
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед