фарҳанг
ДӮСТ ОН БОШАД, КИ ГИРАД ДАСТИ ДӮСТ…
Дӯстии ҳақиқӣ бештар дар замоне эҳсос мешавад, ки душвориҳо ба сар меафтанд ва ёрони ҳақиқӣ ба мадади ҳам меоянд. Мардумони тоҷику ӯзбек низ бо неруи дӯстӣ ба рағми COVID-19 ва офатҳои табиӣ мубориза бурда истодаанд.
Махсусан, дар ин рӯзҳои мудҳиш, ки ин ду халқи ба ҳам бародар дасти ҳамро гирифта, ба ёрдам шитофтанд, ин байти Шайх Саъдӣ зуд - зуд вирди забон мешавад:
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дармондагӣ.
Нахуст ҳукуматдорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маводи зарурии тиббӣ, хӯрокворӣ ва дигар лавозимот ба мадади Тоҷикистон шитофтанд. Дере нагузашта, 1 майи соли ҷорӣ сарбанди обанбори калони вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон – «Сардоб» канда шуд. Дар натиҷа, чандин мавзеъҳои аҳолинишин зери об монда, шаш кас ба ҳалокат расид. Дар Бухоро ва боз чанд мавзеи дигар тундбоди сахт бархоста, ба харобии хонаву кӯчаҳо оварда расонд.
Табиист, ки мардуми ба ин офат гирифторшуда, сахт маъюс шуданд. Аммо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев шурӯъ аз рӯзи офат бо халқ буд. Тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуд.
Дар чунин лаҳазоти ҳассосу мураккаб 20 май тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёрдами башардӯстонаи бародарони тоҷик ҷиҳати барқарор кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар чанд манотиқи кишвари мо расид. Ёрдами башардӯстона аз 51 вагон масолеҳи сохтмонӣ иборат буд. Баъди он ки коронавирус дар Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуд, 10 табиби ӯзбек барои ёрии ҳамтоёнашон омаданд.
Аз ин мо – сокинони Ӯзбекистон, тоҷикони муқими вилояти Сирдарё шод шудем. Ду сол қабл, агар роҳбарияти ин кишварҳо сарҳадҳоро боз карда, бо созу суруд ба дили сокинон шодиву сурури бешумор оварда бошанд, ин бор дар рӯзҳои сахту мушкил дасти ҳамдигарро гирифтанд. Бовар дорам, ки акнун бо паси сар шудани пандемия ва боз шудани сарҳадот муносибатҳо бо самимияту муҳаббати дигар идома меёбанд. Дар дили мардум гармиву ҳарорати ошноӣ падидор мешавад. Зеро ин дӯстӣ дӯстии санҷидашуда аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.06.2020 №: 112 Мутолиа карданд: 658