фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин намудани Нуралиев Ҷ. К.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Нуралиев Ҷамолиддин Камолович муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июни соли 2020, № 1560
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2020 №: 113 Мутолиа карданд: 1311