logo

фарҳанг

ЗИНДА БОШ, ЭЙ ВАТАН!

Ман нависанда нестам, аммо зебоӣ ва ишқи ин Ватани маҳбуб маро мафтуни худ сохту ба даст қалам гирифтам. Табиати зебо  ва биҳиштосояш ба кас илҳоми навиштан медиҳад. Аз рӯзе, ки ба дунё омадам, меҳр ва муҳаббати Тоҷикистони азизро дар садои аллаи модарам ёфтам. Ҳис мекардам, ки дар биҳиште ба дунё омадаам. Чун ба синни наврасӣ расидам, аз падарам пурсон шудам: «Падар, ин ҷо куҷост?» Падарам бо чеҳраи хандону бовиқор гуфт: «Ин ҷо Тоҷикистон, Ватани азизи ту, Ватани азизи мо – тоҷикистониён аст». Аз он рӯз маънои ватандориву хештаншиносиро бо тарғибу раҳнамоии ӯ дарёфтам. Он рӯз дарк кардам, ки тоҷикам, ҳамон тоҷике, ки солҳои зиёд дар асорати аҷнабиён буд, аммо ҳеҷ вақт фарҳанги волои худро аз даст надод ва ба василаи фарҳангаш маҳв нагардид.
Бале! Ман ҳамон тоҷикеам, ки солҳои 90 - уми асри ХХ дар ҷанги шаҳрвандиаш падар писарро, бародар бародару хоҳарро ва бобо набераро ва баръакси ин оғуштаи хун мекард. Аҷнабиён омада буданд, то табли шодиро бизананд, зеро умедвор буданд, ки давлате бо номи Тоҷикистон дигар вуҷуд нахоҳад дошт. Аммо ба сари ин миллати бахуноғӯштаву гумроҳгашта Худованд марди фарзонаеро фиристод, мардеро, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ӯ буд. Марде, ки вақте ба сари қудрат омад, ҳамагӣ чиҳил сол дошт, ҷавон буд, бо дидани мурдаҳои дар заминхобида, тифлони берун аз гаҳвора мурда, занону мардоне, ки аз тарси ҷон рӯ ба кишварҳои бегона меоварданд, ғамгин мешуд. Ин марди бузург ба онҳо ваъдаи амни ҷисму ҷон медод, ваъдаи сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ медод, сари ҳар як суҳбаташ мегуфт: «То даме охирин гурезаро наорам, ман ором нахоҳам шуд».  Ин  суханон  солҳои  1992  барои Тоҷикистони пора - порагашта  афсонае менамуду халос, чун дигар ҳатто умеде боқӣ намонда буд. Аммо ӯ ба ваъдаи худ вафо кард: ба ҷои садои тир ба ҳар як хонадони тоҷик суруди меҳр, суруди ишқ, суруди лутфу меҳрубонӣ овард. На танҳо тамоми гурезагон, балки тамоми тоҷикистониёнро аз тамоми гӯшаи ҷаҳон гирди ҳам оварда, сарҷамъ намуд.
 Бале! Ӯ ҳамон мардест, ки вақте гуфт, ки роҳҳо пайвандгари қалбҳоянд, ба бунёду таъмири роҳҳои харобгашта шурӯъ кард. Зеро ӯ медонисту ҳис мекард, ки бунёди таъмири роҳҳои харобгашта пайвандгари марзҳову қалбҳо мешаванд. Баъди ин ҳама шурӯъ ба сохтмони биноҳои баландошёна, мактабҳои таҳсилоти олии касбиву миёна,бунёду  азнавсозии беморхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо шурӯъ кард. Чун медиду медонист, ки кишварро бо фарҳанги волояш, бо мардуми донишманду солимаш мешиносанд, тамоми марзҳои Тоҷикистонро барои сайёҳон боз кард. Медиду ҳис мекард, ки Ватанаш аз нав эҳё мешавад. Бале! Ӯ дар тарғиби фарҳанги волои миллат ташаббуси беназир зоҳир намуд. Дар ин ҳол ҳамон мардест, ки Тоҷикистони пора - порагаштаро ба «Тоҷикистони маҳбуб ва хонаи умеди мо» табдил дод. Ин мард кист? Бешак, ту пеш аз ман ҷавоб медиҳӣ, хонандаи азиз. Бале, ин мард Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ҳамон шахсияти бузурги таърихиест, ки асосгузор, поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дигар аз Тоҷикистони солҳои 90 - ум ҳеҷ асаре боқӣ намондааст.
Ман фарзанди замони истиқлолам. Тавре зикр шуд, даҳшати ҷангро надидаам, фақат шунидаам, аз нақлҳои ҷигарсӯзи падару модарам. Тифлони берун аз гаҳвора, бераҳмии писар ба падар ва аҳволи бади гурезагонро надидаам ва дидан ҳам намехоҳам, балки онро дар шабакаҳои телевизионӣ тамошо кардаву беихтиёр ашк рехтаам. Ман чашандаи бузургтарин неъмат, яъне Сулҳ ва Истиқлол будаму ҳастам ва орзуи онро дорам, насле, ки баъд аз мо ба дунё меояд, чун беҳтарин неъмату армуғон онҳоро хуш ва ба амнияти хотир бипазиранд.
Воқеан, Тоҷикистон биҳишти рӯи Замин аст. Бале! Тоҷикистон хонаи умеди мо, хонаи ҳамаи тоҷикон аст. Тоҷикистон кишвари ман аст ва мебинаму шоҳид мешавам, ки он рӯз ба рӯз тараққӣ кардаву зеботар мешавад. Тоҷикистон  сарзамини дилфиребу макони бузургони хирад, аз қабили устодон Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва амсоли ин садҳо нафари бузург ҳаст, ки ҳамаи ҷаҳониён онҳоро мешиносанду эътироф мекунанд. Тоҷикистон имрӯз бо табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалак печидааш, обҳои мусаффову меваҳои рангину лазизаш машҳури оламиён гаштааст. Мардуми ин кишвар меҳмонро гиромӣ ва дӯст медорад. Бо омадани меҳмон хандаро дар лабони соҳибхона баръало дидан мумкин аст. Аз ин рӯ, бо урфу одат ва фарҳанги зебову волояш миёни дигар халқҳои ҷаҳон машҳур мебошад.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфоӣ қарор дорад ва рӯз ба рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Имрӯз марду зани ин сарзамин дар талоши илму адаб ва фарҳанганд. Имрӯз Тоҷикистони азиз маҳбуб асту дунёи орзуҳост. Хулоса, сари таъзим фуруд меорам ба хоку ҳар қатраи обаш. Бешубҳа, ифтихор аз он дорам, ки дар оғӯши ин сарзамини биҳиштосову афсонавӣ ба дунё омадаам.
Тоҷикам ва бо Тоҷикистон ифтихор дорам. Хизмат ба ин Ватани аҷдодиро қарзи аввалиндараҷа ва шаҳрвандии худ медонам. Хушбахт аз онам, ки дар ҳавои софу беғубораш нафас мегирам. Дар дилам ору номус, дар хунам меҳри ин Ватанро мепарварам ва барояш дар оянда содиқонаву софдилона хизмат менамоям. Хоки Ватанро болотар аз ганҷи Қорун ва ҳамаи ганҷҳои дунё медонам. Чаро? Чунки ин ҷо Тоҷикистон аст. Ватане, ки меҳраш дар замири мост. Бале! Тоҷикистон Ватани маҳбуби мост! Ва дар охир сухани самимиву пурмуҳтавои устоди гиромиқадр ба ёдам мерасад:
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман.


Зебунисо ҲАМИДЗОДА,донишҷӯи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2020    №: 114    Мутолиа карданд: 598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед