logo

фарҳанг

ШАМЪИ ХОТИРА.ДАР БОРАИ ЛАВҲАҲОИ ЁДГОРИИ ШАҲИДОНИ ҶБВ

Соли 2020 дар китоби таърихи мардуми сайёраи Замин ҳамчун соли ҷашнгирии 75 - солагии Ғалабаи оламшумул дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм сабт гардид. Дар ин набарди ҳаёт бо марг зиёда аз 50 миллион одам ҷон бохт. Аз Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар дар ин ғалаба саҳм гирифт, 90 ҳазор ҷанговар ҳалок гашт, 60 ҳазор тан захмҳои ҷонсӯз бардошта, маъюб шуд. Аз ноҳияи Дарвоз низ 700 нафар иштирок дошт. Нафарони бисёре аз ҷанговарони ин музофоти кӯҳистон дар муҳорибаҳои шадид қаҳрамонона ҳалок шуданд. Танҳо қисми каме ҷароҳате дар бадан ва доғе дар қалб ба зодгоҳ баргашт. Аз ин шумораи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳоло нафаре, ки зинда мондааст, Додихудо Солеҳови 93 - сола мебошад, ки дар деҳаи Зинги Ҷамоати деҳоти Қалъаихум ба сар мебарад.
Тибқи иттилои раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Дарвоз Муҳаммаднабӣ Назиров, дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои 75 - солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ва 30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар бо дастгирии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, ёрии соҳибкорон ва шахсони босаховати чор Ҷамоати деҳоти ноҳия таҳти шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» кори хайре ба ҷо оварда шуд. Онҳо қариб 15 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда, 21 адад тахтасанги мармар харид карда, дар марказҳои деҳоти Қалъаихумб, Нулванд, Вишхарв ва 17 мавзеи ҷамоатҳо лавҳаҳои ёдгорӣ гузоштанд. Дар рӯи ҳар лавҳа 40-50 ному насаб, соли таваллуд, вақти ҳалок гаштан ва вафоти ҷанговарон сабт гардидаанд.
Мутаассифона, бо сабаби бемории COVID - 19 ба ҷо овардани ин амали хайр ва ватандӯстона дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Сағирдашт каме ба таъхир афтод. Ҳоло аз ҷониби масъулон тасмим гирифта шудааст, ки дар работи марказии деҳот ва рустоҳои калонтари ин минтақаи баландкӯҳ низ чунин лавҳаҳо ба хотири пос доштани номи неки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кӯтоҳтарин фурсат гузошта шаванд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо супориши муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов барои сабти ному насаби иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар шаҳри Хоруғ низ чунин лавҳаҳои ёдгорӣ насб карда мешаванд.
 Дар ин соли Ҷашни 75 - солагии Ғалаба Додихудо Солеҳов ҳамсолони ҷавонашро, ки дар набардҳо иштирок карда, бисёрашон ғӯрамарг гаштанд, бо дарду алам ба хотир меорад. Ӯ имрӯзҳо гули сари сабади ҳамаи ҷамъомадҳо ва маҳфилҳо мебошад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар идораву муассисаҳои масъул дар ҳаққаш пайваста ғамхорӣ менамоянд, то ки ин ҷанговари куҳансол рӯзгори шоиста ва хушу хуррам дошта бошад.
Ин пири ботадбир ҳоло ҳам дар замини наздиҳавлигӣ ва боғи мевадораш машғули кор аст. Ӯ аз он хушнуд аст, ки умраш вафо намуд ва шоҳиди бунёди шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе  -  Кӯлоб  - Дарвоз - Хоруғ - Қулма гардид. Суханронии  пурмуҳтавои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 75 - солагии Рӯзи Ғалаба дар майдони Ғалабаи шаҳри Душанбе аз «оинаи нилгун» бо мароқ дидаасту умед дорад, ки паради ҳарбии идонаро ба ифтихори 75 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Москва, ки 24 июн баргузор мегардад, тамошо мекунад. Устод Лоиқ дар ин маънӣ хеле хуб гуфта: «Охирин умеди ин умедворон зинда бод».

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2020    №: 114    Мутолиа карданд: 636
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед