logo

иқтисод

ДЕВАШТИЧ. КИШОВАРЗӢ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ

Пас аз паҳншавии вируси COVID-19 дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, захира кардани озуқаворӣ ва истифодаи самараноки замин аҳамияти боз ҳам бештар касб намуд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июни соли ҷорӣ бо раисони як қатор шаҳру навоҳии мамлакат, аз ҷумла раиси ноҳияи Деваштич, доир ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладона, сабзавот ва меваҳо, кишти картошка, ҳолати беморхонаҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимиву тиббӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
- Сарвари давлат дар замоне ки аз пандемияи нишоне набуд, таъкид мекарданд, ки ҳар як хонавода бояд захираи дусолаи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва маҳсулоти дигари ниёзи аввалро дошта бошад. Азхудкунии заминҳои бекорхобида, киштукор, истеҳсоли картошка, рушди пиллапарварӣ ва дар  ин замина, зиёд кардани шумораи дарахтони тут, барқароркунии ҷангалзор ва боғу токпарварӣ ба об вобастагии калон доранд. Барои коҳиш додани норасоии об то имрӯз бисту панҷ чоҳи амудӣ кофта, майдони кишти картошкаро якбора ду ҳазор гектар зиёд кардем, – гуфт раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода.
Мувофиқи маълумот, картошкапарварони ноҳия он навъҳои хориҷӣ ва ватании картошкаро кишт мекунанд, ки ҳосилнокиашон аз ҳар гектар ба 270 - 300  сентнер мерасад. Деҳқонон барои васеъ кардани майдони кишт кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Соли 1995 дар ноҳия ҳамагӣ дар 359 гектар картошка кишт шуда бошад, пас соли ҷорӣ майдони кишти он дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 6415 гектар расонда шуд.
- Хоҷагиҳои картошкапарвари ноҳия ба мактаби таҷрибаи пешқадам табдил ёфтаанд. Таъминкунандаи минтақаҳои ҷануби кишвар бо тухмии хушсифат низ ноҳияи Деваштич маҳсуб меёбад. Кишоварзон баҳри рушди соҳа ҳамкориро бо олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Донишгоҳи  аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  хуб  ба  роҳ  мондаанд. Мо умед дорем, ки бо ғайрату меҳнати дучанд ҳосилро афзуда, арзоншавии нархи ин навъи сабзавотро таъмин намоем, - гуфт Сулаймон Зиёзода.
Дар масъалаи истифодаи самараноки замин, рӯёндани ду-се ҳосил дар як сол ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат кору пайкори собиқадори меҳнат, кишоварзи варзида Абдуҷаббор Қаҳҳоров намунаи ибрат аст. Ӯ дар фасли тирамоҳ сабзаҷот кошта, дар фасли баҳор ва тобистон ба парвариши помидор, бодиринг ва картошка машғул мешавад. Мавсуф аз 10 садяк қитъаи замини наздиҳавлигӣ то 4 тонна ҳосили картошка ҷамъ меоварад, ки сутуданист.
Айни замон  сохтмони иншооти ҳаётан муҳим - хати оби Даҳкатсой - Даҳанасой оғоз гардидааст, ки барои обёрии заминҳои бекорхобида, боло рафтани ҳосилнокии заминҳои корам, беҳтар гардидани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ноҳия нақши муҳим мебозад. Алҳол дар ноҳия  2500 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ амал мекунад.
Солҳои пеш соҳаи токпарварӣ хеле тараққӣ карда буд. Ин аст, ки баҳри барқарор намудани токзорҳои куҳна тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд, то шуҳрати қаблии ангуру мавиз ва шарбату шароби ноҳия аз нав барқарор гардад. Бо ин мақсад, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 28 гектар боғ ва 17,5 гектар токзори нав бунёд гардидааст.
Майдони кишти ғалладона то моҳи июни соли ҷорӣ ба 26 ҳазору панҷсад гектар расид. Ғаллакорӣ ривоҷ ёфта, мардум баҳри баланд бардоштани ҳосил коркарди дурусти заминро ба роҳ мондаанд. Барои таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд.
Бо иқдоми соҳибкорони ширкати «Ҳоҷирасул» дар деҳоти Яхтан сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар мурғ ва аз ҷониби ширкати «Нури Далён» сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот идома дорад. Дар онҳо 50 сокини ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, бозорҳои мамлакат низ бо тухми паранда ва гӯшти чорво таъмин мегарданд. Хамчунин, дар ин ҷамоат сохтмони сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи чен кардани вазни маҳсулот ва маркази хизматрасонӣ ҷараён дорад. Маблағгузории онҳо 4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфтаи раиси ноҳия, бо мақсади татбиқи амалии барномаҳои соҳаи кишоварзӣ оид ба ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо, рушди соҳаҳои рустанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ дар ноҳия корҳои зиёд бояд амалӣ шаванд. Дар ин росто, ба деҳқон додани замин, назорати киштукор ва амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID - 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳатмист.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2020    №: 115    Мутолиа карданд: 575
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед