logo

иқтисод

СУҒД. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ҚАЛЪАЧА"

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Қалъача» - и деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти парваришу ҷамъоварии помидор шинос шуд.
 
Хоҷагии деҳқонии «Қалъача» яке аз хоҷагиҳои пешқадам ба ҳисоб рафта, ҳамасола даҳҳо тонна помидорро пешниҳоди харидорон менамояд. 
Тибқи иттилои Аҳмад Ахмедов, роҳбари хоҷагӣ, имсол масоҳати кишти помидор 1 гектарро ташкил дода, ҳосили интизорӣ 50 тонна мебошад. 
Айни замон чиниш ҷараён дошта, ҳар помидор аз 500 грамм то 1,5 кило вазн дорад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда дорои шакл ва таъми хос аст, зеро заминҳои ин минтақа аз оби мусаффои кӯҳҳои барфпӯш обёрӣ карда мешаванд.
Аъзои хоҷагӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коркарди саноатии маҳсулотро низ ба роҳ мондаанд. Истеҳсоли афшура ва консерв аз помидорҳои хоҷагӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба мизоҷон пешниҳод гардад.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид ба фаъолияти кишоварзони хоҷагӣ баҳои баланд дод ва аз онҳо даъват кард, ки ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз тамоми имконият истифода намоянд.
Аҳолии деҳоти Овчиқалъача соли равон дар майдони 200 гектар навъҳои серҳосили помидорро кишт карда, дар таъмини бозори истеъмолӣ нақши назаррас гузошта истодаанд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, хабар дод.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2020    №: 116    Мутолиа карданд: 858
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед