logo

иқтисод

ХАТЛОН. ВУСЪАТИ ТОЗАИ КИШТУКОР

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, зимни суҳбати телефонӣ ба раиси вилояти Хатлон ва чанде аз раисони шаҳру ноҳияҳо доир ба вусъати кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ доданд. Илова бар ин, Пешвои миллат бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи мутасаддиёни арсаи кишоварзии мамлакатро муваззаф карданд, ки нақшаи кишти зироат, мушаххасан майдони кишти картошкаро 40 дарсад ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладона, лӯбиё ва ҷуворимаккаи дон то 60 дарсад зиёд намоянд. 

 
Ғазалшо Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, иттилоъ дод, ки бо мақсади иҷрои дастурҳои Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чор гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, айни замон корҳои оммафаҳмонӣ дар масъалаи истифодаи дурусти қитъаҳои замини назди ташкилоту идораҳо, манзилҳои зист ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мувофиқи мақсад ҷараён доранд.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав панҷ гектар замин дорад, ки ба қавли масъулон, дар 3 гектари он боғ бунёд шуда, дар ду гектари дигар картошка, тарбуз, пиёз ва харбуза кишт кардаанд. Дар байни дарахтон низ зироатҳои кишоварзӣ кишт шудаанд.
Замини назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ босамар истифода мешавад. 
– Дар замини назди идора ба ҷуз дарахтҳои мевадиҳандаи гелос, хурмо, зардолу, шафтолу, олуболу ва ток боз помидор, қаланфур, лӯбиё, кашничу шибит ва занҷабил кишт намуда, ният дорем, ки ҳосили онҳоро ба кормандон ройгон тақсим кунем, – гуфт боғбон Асадулло Убайдуллоев. – Аз субҳи содиқ то бегоҳ ба ин хотир заҳмат кашида истодаем, ки кормандон аз маводи ғизоии тару тоза танқисӣ накашанд.  
Баҳромшоҳ Акобиров, сокини ноҳияи Кӯшониён, чанд сол аст, ки дар замини наздиҳавлигии худ парвариши гулкарам ва картошкаро ба роҳ мондааст. Баъд аз ҷамъоварии ҳосил ҷуворимаккаи дон, помидор, бодиринг ва дигар зироатҳои кишоварзӣ коштанист. 
- Агар ҳар як ваҷаби заминро  оқилона истифода барем, ниёз ба муҳоҷири меҳнатӣ шудан нест. Аз аҳли оилаи мо чанд сол боз, хушбахтона, касе ба мардикорӣ намеравад. Ҳама каму кости зиндагиро аз ҳисоби даромади деҳқонӣ дуруст мекунем, – гуфт ӯ.
– Мо ягон сол картошка, лӯбиё, нахӯд, помидор ва бодирингро аз бозор намехарем, – иброз дошт Муҳаммад, сокини ноҳияи Вахш. – Ягон ваҷаби замини наздиҳавлиро холӣ намемонем. Ҳоло дар  чор садяк (0,04 гектар) картошка, лӯбиё, помидор ва бодиринг кишт кардаем, ки нашъунамояшон хеле хуб аст.
Ба гуфтаи деҳқони ҷавони кӯшониёнӣ – Сулаймон, ки 4 гектар замин дар ихтиёр дорад, маҳз истифодаи пурсамар аз замин дороиҳои оилавии онҳоро бештар кард. 
- Дар муддати кӯтоҳ соҳиби мошин ва хонаи нав шудем. Зиндагиамон хеле хуб гузашта истодааст. Ният дорем, ки картошкаро ҷамъоварӣ карда, бо нархи нисбатан арзон фурӯшем. Баъдан, заминро пору дода, боз кишти такрорӣ мегузаронем. Зеро мо аз холӣ мондани он фоида не, зарар мебинем, – гуфт ӯ. 
Амирбеки Темур, сардори сарраёсати кишоварзии вилоят, иброз дошт, ки деҳқонони вилояти Хатлон дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи бой дошта, ҳамасола майдони киштро зиёд намуда истодаанд. Ва ба гармии ҳаво ва воҳимаҳо аз вирусе, ки ҷаҳонро нигарон намудааст, нигоҳ накарда, ба киштукори баҳорӣ ва нигоҳубини маҳсулоти кишоварзии худ  машғул ҳастанд. 
- Барзгарон дар майдони 128 ҳазору 142 гектар ғалладона, 113 ҳазору 498 гектар гандум, 3 ҳазору 548 гектар ҷуворимакка, 8 ҳазору 748 гектар ҷав коштаанд. Масоҳати кишти пахта 108 ҳазору 888 гектар, зироатҳои техникӣ 117 ҳазору 652 гектар, офтобпараст 707 гектар, зағир 4 ҳазору 751 гектар, полизиҳо 9 ҳазору 556 гектар ва сабзавот 19 ҳазору 371 гектарро ташкил медиҳанд. Дар майдони 10 ҳазору 440 гектар пиёз, 2 ҳазору 89 гектар сабзӣ, 922 гектар карам, 2 ҳазору  887 гектар помидор, 1 ҳазору 750  гектар бодиринг, 5 ҳазору 438 гектар картошка ва намудҳои дигари зироат кишт шудаанд. Дурнамои кишти заминҳои наздиҳавлигӣ 307 ҳазору 944 гектар буда, иҷрои он то имрӯз 289 ҳазору 473 гектарро ташкил медиҳад, – гуфт ӯ ва илова кард, ки бояд дар майдони 143 ҳазору 28 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронда шавад. Деҳқонони ноҳияҳои Панҷу Ҷайҳун аллакай корро оғоз кардаанд. 
Мутаассифона, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аҳолӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ муҳимияти ин дастури Сардори давлатро ҳанӯз дуруст дарк накардаанд.  
Сафарбек Шарифзода, муовини роҳбари ситоди вилоятӣ оид ба истифодаи пурсамари замин, зимни як ҷаласаи вижа мисол овард, ки дар ноҳияи Хуросон қисме аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва ташкилоту идораҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, байни қаторҳои боғҳо ва заминҳои назди масҷидҳо дуруст истифода намешаванд. 
Паҳншавии бемории COVID-19, ки алъон ба мушкили рақами яки ҳамаи кишварҳои олам табдил ёфтааст, ба воридоту содироти молу маҳсулот бетаъсир нахоҳад монд. Биноан, аҳолӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб заминро пурсамар истифода баранд, то дар ҳама фаслҳои сол фаровонии бозори истеъмолии мамлакат таъмин гардад. 
 
Зокир ҲАСАН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2020    №: 118    Мутолиа карданд: 847
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед