logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ВАҲДАТ» БА ИФТИХОРИ 23 – СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
1. Якдигарфаҳмӣ, ба ҳам омадан. 2. Шиносномаи тоҷикон. 3. Яке аз рамзҳои миллӣ. 4. Муаллифи асари «Давлати Сомониён». 5. Воҳиди маъмурӣ. 6. Миллат. 7. Шаҳр дар Тоҷикистон. 8. Вилоят дар Тоҷикистон. 9. Дӯст шудан, бахшидан. 10. Яке аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ. 11. Шаҳр ва обанбори кишвар.  12. Рамзи сулҳ. 13. Итоаткунандаи  Роҳбари давлат. 14. Муродифи  муассиса, корхона. 15. Раҳмат. 16. Сурх, сапед, сабз. 17. Яке аз боигариҳо, ки намояш дар Нишони миллист. 18. Синоними вожаи давлат. 19. Фасле, ки дар он Созишномаи сулҳи тоҷикон имзо карда шуд. 20. Муродифи  ибораи ҷуфтистеъмоли  номус. 21. Як гурӯҳ шахсони машваратчӣ.
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
 
ҶАВОБ БА «САВОЛҲО БАРОИ ГӮШАИ «ИНТЕЛЛЕКТ +»», АЗ 19 ИЮНИ СОЛИ 2020
1. «Падархудо: қисми 2». 2. Ожанги кунҷҳои чашм. 3. Зарраҳои барф. 4. Шаҳрзод (қаҳрамони марказии афсонаи «1001 шаб»). 5. Диалог. 6. Лос-Анҷелес. 7. «Маснавии маънавӣ» - и Ҷалолуддини Балхӣ. 8. Корд, рустанӣ ва сухан.
 
Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
ТАСАЛЛО
Ин воқеаи аҷиб дар иёлати Алабамаи Амрико ба вуқӯъ пайваст. Билли Бреланд, ки солҳои охир бо сабаби пиронсолӣ аз фаромӯшхотирӣ азият мекашид, дар ҳар ҷои хона бо хати хоно ёддошт мекард. Чун солҳои тӯлонӣ ба сифати омӯзгор фаъолият дошт, аксари ёддоштҳояш иқтибос аз гуфтаҳои дигарон буд. 
Пас аз даргузашти Билли ёддоштҳояш ягона тасаллобахши шавҳараш гардиданд. Бахусус, навиштаҷоте, ки хонум Бреланд дар дафтари амонатиашон гузошта буд, ҳамсарашро дубора ба зиндагӣ дилгарм намуд. Ӯ навишта буд: «Ашк марезу аз он фиғон макун, ки даргузаштаам, аз он хушнуд бош, ки шарафи паҳлуи ҳамдигар зистан насибамон гашт.  Ман, ки ҳоло дар макони биҳиштосое қарор дорам ва оқибат ба оромиш расидаам, хеле хушнудам. Ба ту лозим меояд, ки орзуҳои зиёди якҷояамонро танҳо амалӣ созӣ. Ман дуогӯи ту буда, дар ҳамин ҷо мунтазир мемонам». 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ҲАЙФИ ДАРВИН
Таассуфи хизматгорзани Чарлз Дарвин аст, ки мегуфт:
- Бениҳоят инсони хуб аст, соҳиби ман, дӯсташ медорам. Вале, афсӯс, синнаш ба ҷое расида бошад ҳам, як коре барои худ муносиб пайдо карда натавонист. Худ қазоват кунед: рӯзҳое мешаванд, ки соатҳои дароз ба кадом як барги гул зеҳн монда, мижа намезанад, хобу хӯрро фаромӯш мекунад, магар инсони солим метавонад чунин амали аблаҳонаро анҷом диҳад?! 
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
БОНУЕ, КИ НАМЕДИДУ НАМЕШУНИД, ВАЛЕ ОЛИМИ МАШҲУР ШУД
Тақдири Олга Скороходова аз фоҷиаҳо пур аст. Пас аз даргузашти падару модар дар 5 - солагӣ ба бемории менингит мубтало шуда, то 14 - солагӣ комилан нобино гардид. Соли 1925 Оля ба мактаби кӯдакони ношунавои шаҳри Харков, ки онро профессор Иван Соколянский таъсис дода буд, омад. Бо дастгирии вай духтарак малакаи мушоҳида намудан ва сабт дар майнаи сарро дар худ инкишоф дод. Бо кумаки устодаш мактаби дефектологияро ҳам хатм намуд ва соли 1947 китоби аввалинашро бо номи «Ман чӣ тавр атрофро мебинам?» чоп шуд. Пас аз интишори китоб, Олгаро корманди калони илмии лабараторияи омӯзиши ношунавоён таъйин карданд.  Ӯ номзади илми педагогика шуда, то охири умр бо таълифи асарҳои оламшумулаш ба таълими кару гунгҳо машғул буд. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ШАМЪИ ЁДБУД
Имсол бо далели паҳншавии коронавирус таҷлили Ҷашни 75 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баъзе аз давлатҳои ИДМ 9 май  баргузор  нагардид.  Аммо, Федератсияи Россия  ба хотири гиромидошти  қаҳрамонон таҷлили онро ба 24 июн мавқуф гузошт. Барои пос дош-тани хотираи иштирокчиён, ки қурбони ин ҷанги хонумонсӯз шуданд, аз шаби 22 июн, дар тамоми гӯшаю канори Россия  ҳазорҳо шамъ барои ёдбуди 27 миллион ҷонбохтагон афрӯхта шуд. Сарфи назар аз вазъият, ёди диловарони Ватан аз хотираҳо сутуда намешавад. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО 
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Чун мижа ба ҳам задам, боз Помирро дидам. Рӯди Ғунд ҳатто дар хобам фарёд мекунад, дар канораш хам шуда як каф оби ширин мехӯрам. Чинорҳои Поршнев ба ман аз Носири Хисрав ҳикоят мекунанд. Лоҷуварддара ба ман лоҷувардпорае туҳфа мекунад, ки аз Кӯҳи Нур гаронбаҳотар аст. Ва гӯё садои Кӯҳи Лаъл ба гӯшам мерасад:
- Аз лаълу лоҷуварди дили инсон сарвати бузургтаре нест!
* * * 
Рав, гирди саропардаи асрор магард,
Кӯшиш чӣ кунӣ, ки нестӣ марди набард.
Марде бояд зи ҳар ду олам шуда фард,
К-ӯ ҷуръаи дурди дӯстон донад х(в)ард.
 
 
ҶАВОБҲО БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 19 ИЮНИ СОЛИ 2020
Саъдии Шерозӣ
Абулқосим Лоҳутӣ
 
Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
29.   Як хатои Фейсбук 19 миллиард доллар афтод!
Соли 2009 вақте Экстон ва Куми ҳанӯз ҷавон бо хоҳиши ҳамкорӣ ба Фейсбук муроҷиат карданд, аз имтиҳон нагузаштанд. Аҷиб ин аст, ки баъдтар ҳамин ширкат мессенҷери «WhatsApp»-ро, ки Ян Кум ва Брайан Экстон таҳия намуда буданд, 19 миллиард доллар дода, харид. 
 
30. Ҷомаи бемаслиҳат кӯтоҳ меояд
Ширкати «Роҳи оҳани Фаронса» барои парки нави поездҳо дар қаламрави кишвар 15 миллиард доллар сарф кард. Мутаассифона, бо иштибоҳи кадом як масъуле, паҳноии поездҳо бо паҳноии роҳи нави оҳан мувофиқа нашуда будааст. Бо ин иллат, 1300 платформаи навсохт поездҳоро қабул карда натавонистанд. Барои ислоҳи ин «хатои кӯчак», на танҳо вақти зиёд, балки боз 50 миллион доллар сарф кардан лозим меояд. 
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА
 
 
КОРОНАВИРУС ҲАМ САДДИ РОҲ НАШУД
Як мухлиси  клуби футболи «Шленск» (Врослав) бозии дастаи дӯстдоштаашро, ки дар сафар бо клуби «Плоска» бояд баргузор мегашт, тамошо рафт. Аммо бо сабаби пандемияи коронавирус ба варзишгоҳ тамошобинонро роҳ надоданд. Ӯ аз чунин сурат гирифтани кор дилсард нашуда, илоҷи корро ёфт.  Маркази матбуоти клуби футболи «Шленск» хабар медиҳад, ки ин мухлиси ашаддӣ  крани борбардорро иҷора гирифта, онро дар беруни варзишгоҳ ҷой дод. Ҳамин тавр, аз баландии 22 метр бозиро тамошо кардааст.   
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
МАЙМУНИ ЗЕБО
Дар маҳфили ашрофзодагон, ки олими машҳур Чарлз Дарвин бологузар буд, хонуми паҳлуяш суҳбатро оғоз бахшиданӣ шуда, аз ӯ мепурсад:
- Ҷаноби Дарвин, тавре шумо собит сохтаед, одам аз маймун пайдо шудааст. Лутфан, бигӯед, ки хулосаи шумо ба ман низ дахл дорад?
- Албатта, - мегӯяд Дарвин ва бо ишора ба ҳусни воқеан нотакрори хонуми зебо илова мекунад, - вале, яқинан, гузаштагони шумо на маймунҳои одӣ, балки зебову дилрабо ва, ҳатто, мафтункунанда будаанд.  
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ТОММИ ЧӢ ХЕЛ АЗ 155 КИЛОГРАММ ВАЗН ХАЛОС ШУД?
Томми Макгрудери 35 – сола,  аз Мэриленд, 317,5 килограмм вазн дошт. Вай ба зӯр ҳаракат мекард ва пайваста дар ҷогаҳи махсус мехобид. Субҳ ду табақ питса, як лагани пури тухму ҳасибу картошкабирён, даҳ нони тунуки равғаниро паққос мезад ва аз болояш 3 – 4 литр оби ҷав менӯшид.  Ва рӯзи дароз кораш хӯрдан буд. Оқибат ин ба дили бародараш зад.  Вай аз табибон хоҳиш намуд, ки барои Томми номгӯи ғизои парҳезӣ тартиб диҳанд. Акнун ӯ танҳо харбуза, шавлаи обпази ҷав мехӯрду чой менӯшид. Ва аҷоибот рӯй дод: дар 4 моҳ Томми 155 кило вазн гум кард. Баъди ин ҳам 162,5 кило вазн дошт, вале акнун метавонист то 15 қадам роҳ равад. Ҳоло Томми худро хушбахттарин инсон меҳисобад. 
Қурбон МАДАЛИЕВ,тарҷума аз русӣ
 
 
РАМЗУ РОЗИ СОЯҲО
Рассоми ҷопонӣ Куми Ямашита тавассути барномаи мубодилаи донишҷӯён ба Амрико омада, бо истифода аз рӯшноӣ, соя ва одитарин шаклҳо асарҳои ҷолибе меофарад. Ӯ варақаҳои алюминиро дар девор овезон карда, ба сӯяшон нури прожекторҳоро равона месозад, дар натиҷа, намоҳои ҷолибе рӯнамо мешаванд. Аз пораи матоъ риштаҳои муайянеро берун кашида, дар он ба таври муъҷизавӣ портрети модарашро офаридааст. Асарҳояш дар намоишгоҳи “Кент галерея” бо арзиши аз 5 то 20 ҳазор доллар ба фурӯш бароварда мешаванд. 
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК
 
 
АЗ ШУКР ШАКАР ЗИЁДА ГАРДАД
Марде, ки ба деҳааш қадами номубораки вабо нарасида буд, бо коре ба шаҳр омад. Қасрҳо, бӯстонсароҳо ва хонаҳои зеборо дида, ба рафиқи шаҳриаш гуфт:
- Вақте ин ҳама молу колоро тақсим мекарданд, мо куҷо будем? 
Дӯсти ӯ дасташро гирифт ва ба дари чандин бемористон бурд. Доду ғирев ва даробарои гирифторони ваборо нишон дода гуфт: 
- Вақте ин беморӣ паҳн мешуд, мо куҷо будем?
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
ЯК ПАНД
Омӯзгор тӯби бисёре ба мактаб оварда, аз хонандагон хоҳиш кард, ки номи худро дар онҳо бинависанд. Баъд, ҳама тӯбҳоро ба долон бурда, бо тӯбҳои дигар омехтанд. Муаллим ба кӯдакон 5 дақиқа вақт дод, то ҳама тӯби худро пайдо кунанд. Кӯдакон бисёр кӯшиданд, аммо касе муваффақ нашуд. Вақт ҳам ба охир расид.
Муаллим гуфт: «Ҳар кас тӯберо, ки ба номи ин ё он ҳамдарсаш сабт шудааст, ёфта ба ҳамдигар диҳад. Ду дақиқа ҳам нагузашт, ки ҳама соҳиби тӯби худ шуданд».  
P.S. Тӯбҳо рамзи хушбахтианд. Агар танҳо барои худ ҷустуҷӯ кунем, шояд намеёбем. Барои якдигар биҷӯем, ба зудӣ хоҳем ёфт.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
 
 
ТОП 10. ШАҲРҲОЕ, КИ БО ШУМОРАИ ЗИЁДИ БИНОҲОИ ОСМОНБӮС МАШҲУРАНД
Ню-Йорк
Ню-Йорк калонтарин шаҳри иқтисодӣ ва молиявӣ  ба ҳисоб рафта, пойтахти тиҷоратии  ИМА шинохта мешавад. Дар шаҳр 6000 бинои баландошёна қомат афрохтааст, ки 237 – тои он осмонбӯсанд. Бинои «Маркази ҷаҳонии тиҷорат 1», ки баландтарин иншооти ИМА мебошад,  дар ин ҷо бунёд шудааст. Он аз 104 ошёна иборат буда, 416 метр баландӣ дорад.
Қариб ҳамаи биноҳои осмонрасӣ Ню-Йорк дар ноҳияи Манҳэттен сохта шудаанд. Ҷазираи Манҳэттен қисмати сераҳолии шаҳр аст, аз ҳамин сабаб танҳо ба сӯи осмон метавонад васеъ шавад.
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
ДАР ОМАДИ ГАП
Майя Энҷелоу, адиб 
Ҳар чӣ гуфтед ва ҳар амале, ки кардед, шояд зуд аз ёд бароранд, аммо лаҳзаҳоро, ки  эҳсосоти онҳоро ба ангезиш овардаед, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ИХТИРООТИ ЗАНОНАЕРО, КИ МАРДОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД
Бовар кардани мардон мушкил аст ба он, ки арраи даврзанандаро зан ихтироъ намудааст. Ин ҳолат соли 1810 рӯй дод. Замоне ки бофанда Табит Бэббитт буридани чӯбро бо арраи дастӣ назора намуд, дид, ки арра танҳо дар ҳолати ба пеш ҳаракат кардан чӯбро мебурад ва дар бозгашт энергияи беҳударо сарф мекунад. Ҳамон замон Бэббитт ба коркарди ҳаммонанди арраи чарханда машғул шуд. Тааҷҷубовар ин аст, ки ӯ аз гирифтани патент даст мекашад, зеро амалаш хилофи аҳкоми ҷамъияти протестантҳое буд, ки зан узви он маҳсуб мегардид.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ТӮТИИ ДӮЗАНДА
Дар Англия тӯтии дӯзандае бо номи Баҷио зиндагӣ мекунад. Вай озодона сӯзанро гирифта, ба матоъ кӯкҳои зебо мезанад. Устоди вай дар ин ҳунари зебо дӯзандаи касбӣ ва соҳиби коргоҳи дӯзандагӣ  Ҷека Террито ном марди 60 – сола аст. Ба наздикӣ ин парандаи боҳунар дар озмуни телевизионии  ҳайвонҳои хонагӣ иштирок карданист. Соҳибаш амин аст, ки «шогирдаш» ғалаба хоҳад кард. Зеро тӯтии вай барин мурғи «ҳунарманд» дар ҷаҳон вуҷуд надорад. 
Таҳияи Ҳотами ҲОМИД
 
 
ҚАСАМХӮРДА
Соли 1881 вақте қаламрави Ҳиндустонро вабо пахш кард, қариб ҳама умеди зинда буданро аз даст доданд. Вале Владимир Хавкин бо ихтирои доруи зидди вабо тавонист ҷони миллионҳо фардро аз ин беморӣ раҳо созад.  Ӯ ваксинаеро ихтироъ намуд, ки боиси нобуд кардани эпидемияи ваҳшатнок гардид. Бо гузашти вақт миёни солҳои 1881 - 1896 боз бемории дигаре бо номи тоун ба ин кишвар ҳуҷум овард. Ин дафъа, қабл аз оне, ки Хавкин ваксинаи наверо ихтироъ намояд, тамоми аҳолии Ҳиндустонро ба карантин даъват кард. Пеш аз он, ки сӯзандоруро ба дигарон гузаронад, нахуст ихтирои хешро дар худ санҷид. Баъдан, тӯли чанд шабонарӯз ба  42 ҳазор нафар ваксина гузаронда, нагузошт то бемории сироятӣ тамоми дунёро пахш созад. Ба андешаи  олим, ки он замон 36 сол дошт, бештари бемориҳоро бо риояи дурусти пешгирӣ аз паҳншавиашон метавон ба зудӣ нобуд кард. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ЧАНД ФАКТ ДАР БОРАИ ВУЛҚОН
БУЗУРГТАРИН ВУЛҚОНИ АМАЛКУНАНДА
Мауна-Лоа дар Гавайи ИМА ҷой гирифта, дорои 120 километр дарозӣ ва 50 километр масоҳат аст. Маҳлули оташангезаш масоҳати беш аз 5125 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин вулқон аз соли 1843 ба ҳисоби миёна як бор дар 3,6 сол хуруҷ карда, аз соли 1984 хомӯш аст.
 
КАЛОНТАРИН ҲАЛҚАҲОИ ДУД
Вулқони Этна дар Ситсилия аз ҳама баландтарин мебошад. Дар натиҷаи равандҳои мураккаби физикӣ ҳалқаҳои дуди қутрашон 200 метр пайдо шуданд, ки то 10 дақиқа, то вақти ба баландии қариб 1000 метр аз сарчашмаи оташихроҷи вулқон баромадан, нобуд намешуданд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2020    №: 118    Мутолиа карданд: 1070
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед