logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд
Субҳи 30 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти нав иштирок намуда, бо рафти корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла роҳу усулҳои истифодаи мақсадноки заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, шинос мешаванд ва бо аҳли заҳмату сокинони вилоят мулоқоту вохӯриҳо анҷом медиҳанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирию ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешрафту тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақшаву барномаҳои мукаммал амалӣ гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дода мешаванд.

Маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат" дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъол шуд
Боздиди кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт.
Дар деҳоти Хистеварз Роҳбари давлат нахуст ба фаъолияти маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат" оғози расмӣ бахшиданд. Бинои хуштарҳу замонавии марказ ба истиқболи Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Самадов бунёд гардида, дорои беҳтарин шароиту имкониятҳои ташхисию табобатӣ мебошад.
Сохтмон дар ин бинои сеошёна дар масоҳати 0,60 гектар соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд. Дар ошёнаи якуми бино дорухона ҷой гирифтааст, ки дар он танҳо дорувории аз алаф ва гиёҳҳои табиӣ омодашуда ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад. Барои таъмин намудани дорухона бо маводи гиёҳӣ масъулон бо олимону донишмандон, гиёҳшиносон ва ширкатҳои истеҳсолӣ ҳамкориро ба роҳ мондаанд.
Дар ошёнаи якум, ҳамчунин, намоиши молу маҳсулоти тиббӣ ташкил карда шуд, ки дар он ширкатҳои истеҳсолии дохилию хориҷӣ дастгоҳу таҷҳизот ва асбобу анҷоми тиббиро ба маъраз гузоштанд. Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар ҳудуди вилояти Суғд даҳҳо адад ширкату корхонаҳо ба истеҳсоли маводи тиббӣ машғуланд ва талаботи муассисаҳои тиббии вилоятро қисман бо асбобҳои зарурӣ таъмин карда метавонанд. Аз ҷумла, беморхонаҳо бо кату рахтҳои хоб, дастгоҳҳои ташхисӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ  пурра аз ҳисоби ширкатҳои ватанӣ таъмин карда мешаванд.
Тибқи иттилои масъулони раёсати тандурустии вилоят, бо истифода аз шароиту имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ ва солимии аҳолӣ фароҳам овардааст, бахши хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳарчи бештар фаъол мегардад. Маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорумин иншооти тиббии хусусӣ ба ҳисоб меравад, ки дар доираи дастгириҳои давлатӣ бунёд карда шудааст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бинои марказ шуъбаҳои ҷарроҳии эндоскопӣ, дандонпизишкӣ, ташхиси фаросавтӣ, таҳлилгоҳ, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ ва солимгардонӣ ҷой дода шуда, барои беморон 10 кати хоб мавҷуд аст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази хусусӣ 35 нафар мутахассиси маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин намуд. Дар саҳни бинои мазкур барои 20 автомашинаи сабукрав ва нақлиёти тиббӣ таваққуфгоҳ бунёд гардида, ҳавлӣ ва гирду атрофи бино сафолакпӯш ва бо гулу буттаҳои гуногун оро дода шудаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароитҳои марказ, ба соҳибкорони маҳаллӣ барои дастгирии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат изҳори сипос карда, ба масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва раёсати он дар вилояти Суғд дастур доданд, ки фаъолияти бахши хусусиро дар соҳаи тандурустӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.

Ба истифода додани бинои нави беморхонаи сироятӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварз боз як иншооти тиббии дигар - бинои дуошёнаи беморхонаи сироятии ноҳиявиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сохтмони бинои мазкур соли 2018 оғоз гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Файз" анҷом додааст.
Бояд зикр намуд, ки деҳоти Хистеварз дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин минтақаҳои аҳолинишин ба шумор меравад ва зарурати бунёди чунин беморхона солҳо боз ба миён омада буд. Бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инак ин беморхона ба истифода дода шуд.
Дар беморхонаи сироятӣ 56 воҳиди корӣ ташкил карда шудааст ва ба бештар аз 63 ҳазор аҳолии ҷамоат 2 табиби сироятшинос, 11 ҳамшираи шафқат ва 5 корманди хурди техникӣ хизмат мерасонад.  Беморхона дорои 40 кати хоб, 10 ҳуҷраи табобатӣ ва 12 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Ҳуҷраҳои табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ба пуррагӣ таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД вилоят ва ноҳия беморхона бо 2 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 оксигенератор, 4 кардиомонитор, 2 инфузомат, 1 дефибриллятор, 1 рентгени сайёр, нуқтаҳои оксигени табиӣ ва дигар таҷҳизоти барои ташхис ва табобати бемориҳои хавфноки сироятӣ зарурӣ таъмин карда шуд.
Саҳни беморхона сафолакпӯш карда шуда, даромадгоҳ ва ҳавлии онро гулҳои рангоранг ва буттаву дарахтони ороишӣ зебо кардаанд. Акнун шароити фаъолияти табибони сироятшиноси ин деҳоти сераҳолӣ ҷиҳати таъмини солимии шаҳрвандон комилан беҳтар гардид.
Ҳангоми боздиди Пешвои миллат аз беморхона табибон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориашон нисбат ба кормандони соҳаи тиб, махсусан дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Бояд зикр кард, ки чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, вируси нави COVID-19 дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ асари худро гузошт. Ҳарчанд зиёд набуд, қисме аз сокинони ҷамоат ба ин маризии хавфнок сироят шуданд. Тадбирҳои саривақтии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешидашуда, аз ҷумла ба роҳ мондани назорати ҷиддӣ дар сарҳади давлатӣ, маҳдуд кардани рафтуомади шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ, дастгирии амиқ ва ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тиб аз тарафи давлат ва ҷомеа, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ, боис гардиданд, ки хуруҷи аз ҳад беши ин маризӣ дар кишвари мо ба зудӣ гирифта шавад. Табибони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин нуктаро дар суҳбат бо Пешвои миллат баён намуданд ва барои ин ба роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар арзи сипос карданд.
Дар навбати худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табибон даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми табобат бо беморон, пеш аз ҳама, хушмуомила бошанд, зеро бемор бештар аз дигарон ба муомила ва сухани хуб муҳтоҷ аст, яъне табиб ҳам бо дорую дармон ва ҳам бо рафтору гуфтор шахси беморро муолиҷа мекунад.
Тибқи иттилои масъулони соҳаи тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ҳамаи 12 ҷамоати деҳот беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мавҷуданд ва дар муассисаҳои тандурустӣ норасоии кадрӣ эҳсос намегардад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи махсусгардондашудаи сироятӣ бошад, дар оянда кори табибонро ҷиҳати пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи маризиҳои хавфноки сироятӣ боз ҳам босамар хоҳад кард.

Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар Хистеварз

Дар  деҳоти  Хистеварзи  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа, Парчами давлатиро парафшон намуданд.
Бояд зикр кард, ки иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, масоҳати 0,45 гектар заминро дар бар мегирад. Баландии Парчами давлатии Тоҷикистон бо таҳкурсияш 50 метрро ташкил дода, бо истифода аз масолеҳи хушсифат, ки ба тамоми вазъи боду ҳаво муносиб мебошад, бунёд ёфтааст. Таҳкурсии иншоот бо сангҳои гуногун оро ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар майдон ва сутунпояи Парчами давлатӣ соли 2019 оғоз гардида буданд. Дар ин муддат сохтмончиёни маҳаллӣ бо назардошти меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ иншоотро бунёд ва ин ҷоро ба макони зебои сайру саёҳати мардум табдил доданд.
Хусусан, атрофи иншоот бо шаклу услуби хоси меъморӣ оро ёфта, дар майдон гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд. Дар ду тарафи Парчами давлатӣ фаввораҳои зебо бунёд гардида, майдон ба пуррагӣ чароғон карда шудааст. Бояд гуфт, ки сохтмони майдону парафшон намудани Парчами давлатӣ ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии мардум дар тамоми шаҳру ноҳия ва марказҳои деҳот сурат мегирад. Аз ҷумла, давоми чанд соли охир дар аксари ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ Парчами давлатӣ қомат афрохт.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободонӣ дар деҳоти Хистеварз, роҳҳои гирду атрофи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон мумфарш гардида, сокинони ноҳия бо вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳадаф доранд, ки 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои чашмрас истиқбол гиранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусту ҳифзи чунин маконҳои фароғатӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” ва тақдими туҳфа ба ятимон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи хизматрасонии “Гулистон” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароитҳои дар марказ фароҳамовардашуда шинос гардида, бо кормандони маҷмааи хизматрасонӣ аз наздик суҳбат намуданд.
Иброз гардид, ки иншооти нав дар доираи нақша - чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамӣ Раҳмонов бунёд гардида, аз чор ошёна иборат мебошад. Ошёнаи аввал барои хизматрасониҳои бонкӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии бонкдорӣ ҷиҳати қабули мизоҷон, расондани хизмат ба онҳо ва анҷом додани дигар амалиётҳои бонкӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Маҷмааи хизматрасонии “Гулистон”, ҳамзамон, дорои ду тарабхона бо 100 ҷойи нишаст буда, барои гузарондани базму чорабиниҳои гуногун мутобиқ аст. Дар ошёнаи сеюми иншооти навбунёд меҳмонхона бо ҳуҷраҳои як, ду ва сенафара сохта шудааст. Дар маҷмӯъ, меҳмонхона имкон дорад, ки дар як вақт ба 20 нафар мизоҷ хизмат расонад. Иброз гардид, ки авҷи корҳои сохтмонӣ ва ифтитоҳи чунин иншоот дар саросари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, дастрасӣ пайдо кардани аҳолии минтақаҳои дурдаст ба хизматрасониҳои замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Феълан дар маҷмааи “Гулистон” 25 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ  гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкоронро намунаи ибрат ва боиси дастгирӣ хонданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 50 нафар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
 Бояд зикр намуд, ки Сарвари давлат дар ҳамаи сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо  ятимону бепарасторон ва нафарони эҳтиёҷманд вохӯрӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсили онҳо ҳамеша тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.  
Аснои суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа буда, минбаъд ҳам тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд, ки вазъи зиндагии чунин нафарон беҳтару хубтар гардад. Дар навбати худ кӯдакону наврасонро низ даъват карданд, ки бештар хонанд, илму ҳунар омӯзанд, то дар оянда тавонанд рӯзгори худро пеш баранд ва дар рушди бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузорӣ намоянд.  

Боздид аз хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"
30 июни соли 2020 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов" - и деҳоти Хистеварз шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур аз соли 2007 фаъолият дошта, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас дорад. Ҳамчунин, кишоварзони хоҷагӣ ҳар сол ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.
Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов" дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфта, дар 2 гектари он боғ бунёд шудааст. Имсол дар 3 гектар пахта, 4 гектар помидор ва дар боқимонда хӯроки чорво кишт шуда, тибқи дурнамо, ҳосилнокии пахта бояд на камтар аз 30 сентнерро ташкил диҳад. Ҳосили интизории помидор бошад, ба 140 тонна аз як гектар баробар аст.
Самти асосии фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов" парвариши сабзавот, аз ҷумла помидор буда, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ба рушди боғу токзор низ диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, аз 2 гектар замине, ки барои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, дар майдони 1,7 га боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд шудааст.
Зимни боздид аз хоҷагии мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳмдорон барои пайгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи зироатҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, аз заҳмати ҷавонмардонаи хоҷагидорону соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид шуд, ки кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 25 ҳазору 872,1 гектар зироатҳои гуногун кишт намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 210 гектар зиёд мебошад.
Киштзори деҳқонон имсол пурбор буда, ҳадаф аст дар баробари бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ содирот карда шавад. Қобил ба зикр аст, ки бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ оид ба васеъ гардондани заминҳои корам ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тадбирҳо амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз, помидор ва дигар зироатҳои ғалладонагию полизӣ зиёд карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати зиёд намудани маҳсулот ва содирот кардани он ба кишоварзон ва масъулони хоҷагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар навбати худ хоҷагидорон аз дастгириҳои фаровони давлату Ҳукумат нисбат ба дастрасии деҳқон ба замин изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат мекӯшанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.

ҶДММ "Чӯҷаи Байзо"

Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Чӯҷаи Байзо" - ро ифтитоҳ намуданд. Ферма аз ҷониби соҳибкори ҷавон Азимҷон Пӯлодов бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, он аз 7 қисм иборат мебошад ва дар масоҳати 1,48 гектар доман густурдааст. Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки корхона дар вилояти Суғд яке аз калонтарин коргоҳҳои хушзоткунии паранда ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсоли гӯшти мурғ дар як моҳ 100 тоннаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳ муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардида, ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо ва мурғҳои гӯштӣ ба таври автоматӣ назорат карда мешавад.
Гӯшти мурғ дар кишвари мо яке аз маҳсулоти серталабот ба шумор рафта, ҷиҳати густариши соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Татбиқи барномаҳои давлатӣ имрӯз самар меорад ва дар мамлакат теъдоди чунин корхонаҳо тадриҷан зиёд карда мешавад.
Бино ба маълумоти оморӣ, танҳо дар вилояти Суғд дар давоми 5 моҳи соли 2019, агар 586,6 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол шуда бошад,  пас ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2020 ба 3062,4 тонна баробар гардид. Ин ба он маъност, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъалаи муҳим, ки як бахши асосии амнияти озуқаворист, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Баъди ба истифода додани фермаи парандапарварии "Чӯҷаи Байзо",  воридоти гӯшти мурғ ба мамлакат боз ҳам коҳиш меёбад. Зимни боздид Пешвои муаззами миллат ҷиҳати васеъ гардондани истеҳсолот ва афзоиш додани истеҳсоли гӯшти мурғ ба масъулони соҳаи кишоварзии мамлакат супоришҳо доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи фермаи парандапарварии "Чӯҷаи Байзо" дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд  доданд.  Таъкид  гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.
Дар навбати худ парандапарварон низ ваъда доданд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои  муаззами миллат корро дар ин самт ҷоннок намуда, то истиқболи Ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди коргоҳ як сехи коркарди хӯроки паранда ташкил менамоянд ва  ба ин васила шумораи кормандонро зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш медиҳанд.

Намоишгоҳи зардолу ва асал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии ваҳдат» ташриф оварда, аз намоишгоҳи зардолу ва асал дидан намуданд.
Дар ин ҷо деҳқонони меҳнатқарини вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, меваҳои шаҳдбор, аз ҷумла 35 навъи маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, ба монанди «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ» «Кадухурмоӣ», «Тоҷибой», «Рӯҳи ҷавони сурх», «Лола», «Бобо ғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Учмаи сафед», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.
Таъкид шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, масоҳати калони боғу токзори куҳна дубора барқарор гардид. Соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят наздики 800 гектар ва имсол бошад, 586 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Дар боғоти нав, асосан ниҳоли дарахтони серҳосили мевадиҳандаи ба содирот нигарондашуда шинонда шудаанд. Дар маҷмӯъ, имрӯз дар миқёси вилоят 70 ҳазор гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он 50 ҳазору 542 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.
Дар вилоят майдони боғи зардолу низ тайи солҳои охир васеъ гардида, боғдорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд. Хусусан, дар самти бунёди боғ ва истеҳсоли зардолу, таҷрибаи хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров шоистаи омӯзиш аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки ҳосили 38 ҳазор гектари он ҳам ба шакли тар ва ҳам ба тарзи бандубасти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.
Соли гузашта аз вилояти Суғд ба хориҷа 18 ҳазору 828 тонна мева, аз ҷумла беш аз 4 ҳазору 554 тонна меваи тар, содирот шудааст. Дар шаш моҳи соли равон бошад, ҳаҷми содироти мева ба 13 ҳазору 516 тонна расидааст, ки аз ин нишондод ҳудуди 3 ҳазору 300 тоннааш зардолу мебошад.
Имрӯзҳо дар боғоти вилоят ҷамъоварии ҳосили зардолу идома дорад. Тибқи ҳисоби пешакии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, то охири мавсим бояд дар маҷмӯъ, 107 ҳазору 880 тонна зардолу ҷамъоварӣ карда шавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани зардолузор ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Ҳамин аст, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату таъми меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу, баҳои баланд додаанд.
Ҳамзамон, солҳои охир бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят чандин корхонаву коргоҳҳои коркард ва бандубасти меваи хушк мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки имрӯз маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ харидорони худро дорад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳа, ҳамасола соҳибкорон хатҳои технологии нав ворид намуда, дар самти истеҳсоли маҳсулот аз меваҷот, бандубасти меваи хушк, шарбат ва афшураҳои гуногун ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Тибқи маълумоти масъулон, дар ҳудуди вилоят зиёда аз 30 корхонаи коркарди мева фаъолият дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаҳо баҳои баланд дода, ба соҳибкорон маслиҳат доданд, ки ба дастовардҳои ноилгардида қаноат накарда, дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Амалӣ намудани ин иқдом, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисоди миллӣ ва сатҳи зиндагии сокинон, хусусан онҳое, ки ба боғпарварӣ машғуланд, нақши бориз хоҳад гузошт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зардолузори "Боғи миллии ваҳдат" дидан намуда, бо боғпарварони соҳибтаҷрибаи он суҳбати ҷолиб анҷом доданд ва таҷрибаи онҳоро дар самти рӯёндани навъҳои беҳтарини зардолу намунаи омӯзиш арзёбӣ карданд.
Президенти мамлакат зимни шиносоӣ бо тарзи чидану хушк кардани зардолу ба масъулон оид ба таъсиси коргоҳҳои хушксозӣ ва бастабандии мева мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ, ки асоси якчанд маротиба зиёд шудани даромад аз боғу токпарварӣ аст, маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ин ҷо, ҳамчунин, аз ҷониби занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни асал ва прополис ба намоиш гузошта шуданд.
Иттилоъ доданд, ки соли гузашта занбӯриасалпарварони вилоят аз 56 ҳазору 482 оилаи занбӯр 1 ҳазору 417 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол бошад, ният доранд, ки ин нишондодро зиёд намоянд, зеро шароит ва иқлими ноҳияҳои кӯҳистони вилоят барои рушди ин соҳаи камхарҷу сердаромад басо мувофиқ мебошад.
Зимни суҳбат бо занбӯриасалпарварон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.
Занбӯриасалпарварон мегӯянд, бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дар ҳамин замина пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои фаъолияти пурсамар, шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асали аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки имрӯз дар бозори дохил ва хориҷ талабот ба он зиёд аст, бештар гардида, дар ноҳияҳои кӯҳистон мардум ба ин шуғли манфиатовар зиёдтар машғул мешаванд. Натиҷа ҳамин аст, ки соли равон дар вилоят шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 60 ҳазору 274 адад расонда шуд.
Ҳамзамон, дар ҷойи баргузории чорабинӣ нуқтаҳои гирифтани асал ва ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2020    №: 119    Мутолиа карданд: 2145
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед