фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Ҷумъа Қувват дар деҳаи Дегайии ноҳияи Нуробод ба дунё омад. Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияташро дар рӯзномаи «Ҳақиқати Нуробод («Нури Нуробод») оғоз карда, солҳо сармуҳарририи нашрияи мазкурро бар уҳда дошт.
Бештар аз се сол хабарнигори минтақавии рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар навоҳии минтақаи Рашт буд. Дар журналистика ҳамеша фаъол бошад ҳам, аммо ӯро ҳамчун шоири хушгӯву маъниҷӯ бештар мешиносанд.
Нахуст шеърҳои барои кӯдакону наврасон офаридаи ӯ шуҳрат ёфтанд. Шеъри «Нон бувад чун ҷони одам, Қуввату дармони одам»-ро пиру ҷавони мардуми мо медонанд. Ин шеър солҳост, ки дар китобҳои дарсӣ ҷой дошта, дар қалби навшогирдони илму адаб ҳисси эҳтироми нонро парвариш медиҳад. Осори мавсуф бо содагӣ, равонӣ фарқ мекунад. Зеро ӯ дар раҳи эҷод дуои устодон Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзодаро гирифтааст. Аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Адабиётшиноси маъруф Атахон Сайфул-лоев доир ба ашъори шоир Ҷумъа Қувват тақризҳо нигоштааст. Мунаққид дар васфи шоир мегӯяд: «Суханонаш самимӣ, саршори садоқат ва лутфу меҳрубонист. Ситоиши дӯстиву бародарӣ, васфи ваҳдат ва якпорчагии кишвар, ҷавонию шуҷоат аз мавзӯъҳои ҳаётан муҳим ва беҳтарини эҷодиёти ин адиби шуълавар буда, тасвирҳояш ҷаззобу муассиранд».
Шоир дар достони «Абармарди набарди ваҳдат» аз иҷлосияи тақдирсоз ва аз орзуи халқи парешонгашта, ки баҳри наҷоти миллат он рӯзҳо дуо мекард, ёд меорад:
Мегузашт аз қалби ҳар кас як нидо,
Сарвариро бар кӣ мебахшад Худо?
Бахти халқам, эй Худо, хандон шавад,
Сарваре аз он хирадмандон шавад.
Ин дуо гардида аз Ҳақ мустаҷоб,
Ёфт давлат сарвари олиҷаноб.
Баъди таҳқиқу адолатпарварӣ,
Оқибат бо шеваи ҳақгустарӣ.
Нусрати раҳмонӣ бар Раҳмон расид.
Гӯӣ бар Исмоили Сомон расид.
Лаҳзаҳои ҳассосу дилангези бӯсидани Парчами давлатиро аз ҷониби Сарвари тозаинтихоб ҳамчун ибтидои масири сулҳу субот ва бахту иқболи миллат ва афрӯхтани шуълаи умед ба дили мардум бо маҳорат ба риштаи назм даровардааст:
Рафт бар минбар чу як ҳикматнигор,
Сулҳпарвар, чорагар, ваҳдатшиор.
Зад ба зону сӯи парчам бо адаб,
Ашк рехт ӯ рӯи парчам бо адаб.
Парчами поки Ватанро бӯса кард.
Гӯиё хоки Ватанро бӯса кард.
Шоир пайдоиши фарзанди шуҷоъ, хирадмандеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон, ки ба сулҳу ваҳдати миллӣ асос гузошт, атои илоҳӣ медонад.
Гуфт шоҳид, он Худои ломакон,
Ҳон, вакилон, миллатам дар ҳар макон!
Ман нагаштам аз паи тахти шаҳӣ,
З - ин саодат ҳам набудам огаҳӣ.
Ин саодат нома аз Яздон расид,
Аз атои раҳмати раҳмон расид.
Номбурда бисту панҷ сол боз узви раёсати Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон мебошад. Заҳматҳои тараннумгари ваҳдати миллӣ Ҷумъа Қувват дар рушди адабиёти тоҷик бо ордени «Шараф» ва медали «Хизматҳои шоиста» қадр шудаанд.
Ҷамшед ФОЗИЛОВ,
Дилшод АМИРОВ,
ноҳияи Тоҷикобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2020 №: 119 Мутолиа карданд: 898