фарҳанг
ВАҚТЕ ИНСОНИЯТ ФАРОМӮШ МЕШАВАД...
Имрӯз ҳеҷ сокини сайёра, ҳатто дар минтақаҳо ва гӯшаҳои дур низ аз амният ва осоиши комил бархӯрдор нест. Эҳсоси хавф аз густариши ифротгароӣ, зӯроварӣ, даҳшатафканӣ, фасод ва дигар амалҳои номатлуб ӯро ором намегузоранд. Агарчи аз пайомади бадтари он меандешад, аммо чун сарҳисоби тадбирро намедонад, балки аз ёд бурдааст, худро дар муқобили он ҳама бас заифу нотавон мебинад.
Акнун кор ба ҷое расидааст, ки бархе аз зимомдорони ҷаҳон бо номи озодию озодандешӣ фаҳмиш ва фитнаву фасодро ба ҳукми қонун даровардаанду тарғиб менамоянд. Ин амал боз дар замоне сурат мегирад, ки инсон кайҳонро фатҳ мекунад, илм дар сатҳи бас баланд рушд меёбад ва тамаддун пеш меравад. Рисолат ва масъулиятҳои инсонӣ, мутаассифона, бо дастовардҳои бесобиқаи таърихӣ батадриҷ фаромӯш мешаванд. Дари фитнаҳо бештар боз мегарданд. Зулму зӯроварӣ ривоҷи тоза меёбад. Мардумпарастӣ, ришвадиҳиву ришваситонӣ, қатлу ғорат, одамрабоӣ, дар дунё ба худ ҳукми анъанаро мегиранд. Абарқудратон дигар мехоҳанд, ки аз кайҳон ҷаҳонро бо он ғаразҳои шахсиву минтақавие доранд, идора бикунанд. Зӯрҳо нотавононро мехоҳанд дар шакли қонуниву маданӣ фармонбардори худ бикунанд ва ё маҳв бисозанд. Ба андешаашон шумораи инсонҳо дар сайёраи Замин бисёр шудааст ва ногузир онҳоро бояд кам бикунанд. Дар ин амр аз василаҳои гуногун ва ҷангҳову ихтилофҳои мазҳабӣ низ истифода бурдан мехоҳанд.
Ба хотири ин тоифа ҳеҷ намерасад, ки инсон ашрафулмахлуқот мебошад ва ҳама чиз ба хотири ӯву бардошти ҳакимона аз онҳо халқ шудааст.
Албатта, бархе аз инсонҳои дилсӯз ва ниҳодҳои махсус ба хотири ҷилавгирӣ аз ин амалҳои номатлуб тадбирҳо меандешанд, вале мебинему шоҳид мешавем, ба он мақсуде, ки доранд, даст намеёбанд. Тамоми ҳамоишҳо, тарғибҳо қариб, ки бетаъсир мемонанд.
Ислоҳи ғоратгарону дуздону авбошон, ки амалҳояшон ошкор аст, осон мебошад. Ниҳодҳо ва қонунҳои интизомӣ метавонанд, ки монеи ривоҷашон гарданд ва дар тарбияи дурусташон то ҷое саҳми чашмрас бигиранд. Баръакс, ислоҳи афроде, ки инсониятро аз ёд бурданд, бисёр мушкил сурат хоҳад гирифт, агар ҳам онҳоро бишиносем ва ҳақиқати аъмоли бадашонро битавонем ошкор бисозем.
Не, шинохташон ҳаргиз ба осонӣ даст намедиҳад. Ба сад ранг меоянд ва корҳояшонро писандида ва дилфиреб ба маърази ом мегузоранд Даъвӣ ҳам мекунанд, ки корашон, пиндорашону гуфторашон аз рӯи қонунҳои инсонист ва барои пешрафти ҷомеаи башарӣ мебошанд.
Дастовардҳои илмӣ зиёданд. Ба ин сурати кайҳонии тараққиёт ахлоқи инсонӣ ба чандин маротиб бояд пурзӯртар мегардид. Мутаассифона, акси он ба мушоҳида мерасад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба хотири ҷалби тамошогарону шунавандагону хонандагон ҳодисаҳои баду даҳшатангезу иғвобарангезро пешорӯи ҷомеаи башарӣ мегардонанд. Адабиёт низ рисолати худро дуруст иҷро намекунад ва хонандаро ба роҳи рост, он гуна, ки пештар буд ва имрӯз ҳам бояд бошад, ҳидоят намесозад. Инчунин, ахлоқи ҳамидаро тарғиб намесозад. Аксар нависандагон барои иҷрои хоҳишҳои пасти хонандагонашон хидмат менамоянд, то шуҳрати бештар биёбанду маблағи зиёд ба даст оранд. Ба мадҳу ситоиши афроде низ рӯ овардаанд, ки сарватманданд.
Манфиатҳои беарзиши шахсӣ пардаҳои зиёдро бар рӯи ҳақиқат кашидаасту нависандаву шоирро кӯр кардааст. Аксар эҷодкорон дониши кофӣ дар ин соҳаро доро нестанд ва ба хотири афзудани шуҳрат хома меронанд. Ҳол он ки ҳатто дар гузаштаи начандон дур ба ин гуна иқдом на танҳо рӯ намеоварданд, балки онро аъмоли номатлубу паст ба шумор меоварданд.
Дар маркази адабиёт инсон қарор дошт. Ҳамаи донишу маҳорати адиб ба хотири инсонсозӣ буд. Агар ҳам чанд тан аз шуаро ба мадҳу васфи касе шеър мегуфт, сифатҳои неки ӯро месутуд, то барои атрофиёну дигарон панд бошаду дар рушду устувории ахлоқи ҳамида саҳмгузор.
Дастрасӣ ва андӯхтани дониш дар рӯзгори пешин бисёр мушкил буд, бо вуҷуди ин, гирд меоварданду гиромӣ медоштанд, то сабаби растагори аз бадиҳо, азобҳо бигарданду инсонро дар мақоми ашрафияти худ нигоҳ бидоранд.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В – аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Азбаски инсон аз мавқеи аслии худ хеле ва хеле дур шудааст, дониш барояш наметавонад чароғи равшан ва бар танаш ҷавшан бошад. Дониш, имрӯз, тавре зикр шуд, кибру ғурур меафзояду василаи истисмори инсонҳо ва кишварҳои заиф мешавад.
Бо ин ҳол моро оқибатҳои бадтарсе дар пеш ва интизор аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ барҳақ таъкид намуданд, ки вазъи сайёра дар ду – се соли охир бадтар хоҳад шуд. Ин ҳушдор ҳаргиз танҳо ба хотири маълумот гирифтану донистани ҳақиқати мавҷуда нест. Пешвои миллат мехоҳанд, то мо зираку ҳушёр бошем ва чун инсони комил ба воя бирасему некро аз бад фарқ карда битавонем. Аммо то ба кай мо, хосса аҳли зиё, интизори амру фармону дастури Президенти мамлакат фориғ дар каноре бинишинем? Агар даъвии зиёӣ буданро дорем, оё андешидаем, ки мо чӣ қадар рӯшанӣ ва нури маърифат бахшидаем. Ин рисолату масъулиятро дарк кардаем, ки то ба куҷо ба дарёфти ҳақиқат ноил шудаем?
Дуруст аст, ки инсонсозӣ аз хонавода шурӯъ мешавад, аммо хонаводаҳо дар иҷрои ин кор оё қодир ҳастанд ва аз уҳдаи он мебароянд. Мутаассифона, ҷавоби мусбатро интизор шуда наметавонем.
Мактаб ҳам гӯиё ба навъе дар ин амали хайру бас муҳим саҳм мегузорад, аммо натиҷаҳо қонеъкунандаву ҷавобгӯи талабот нестанд.
Чӣ бояд кард, то дар инсонсозӣ муваффақ бигардем? Чӣ китобу дастурҳоеро метавон пешниҳод намуд, то тарбия таъсири нек гузошта битавонад?
Панду андарз ва суханони ҳикматбору раҳнамоии пешиниён муассир буд, зеро худ намунаи инсони асил ва комил маҳсуб мешуданд. Имрӯз чӣ?
Ин масъала, яъне инсонсозиро агар дуруст нашиносему ҷиддӣ нагирем, ҳамаи донишу ҳунару амалҳои дигарамон мисли об дар ҳован кӯфтан аст. Агар ин ҳақиқатро ба хубӣ дарёфтаему медонем, пас чаро хомӯшему фориғ. Дар интизорӣ кӣ ва ё чӣ нишастаем?
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.06.2020 №: 119 Мутолиа карданд: 827