logo

иқтисод

СУҒД. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА МАБЛАҒИ 5,6 МИЛЛИАРД СОМОНӢ

Амалисозии ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръат яке аз самтҳои афзали фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор гирифтааст. То охири сол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди беш аз 100 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо фарогирии беш аз 2 ҳазору 300 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. То 1 июни соли равон 40 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 574 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Корхонаҳои нав, асосан, дар соҳаҳои саноати сабук, химия, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ таъсис ёфта, бозори дохилиро бо маҳсулоти истеҳсоли ватании воридотивазкунанда таъмин мекунанд.
Соли  ҷорӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои “Хантана Канада ИНК” (Тоҷикистону Канада), “Афранг пластик” (Тоҷикистону Туркия), “Хуҷанд - Агро”, дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои “Сифат пласт” ва “Воситзода” - ро ба истифода доданд.
Тавре Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба 5,6 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки 116,1 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Таваҷҷуҳи асосии масъулони соҳа ба тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ равона гашта, дар ин давра 432,3 ҳазор тонна семент истеҳсол гардид ва қисми асосии он ба давлатҳои ҳамсоя фурӯхта шуд. Ба маблағи умумии 83,1 миллион доллари ИМА консентрат ва маъдан содирот гардид.
Истихроҷи ангишт дар конҳои вилоят ба 525,2 ҳазор тонна расонда, корхонаҳои коркард ва бандубасти меваи хушки вилоят дар ин давра 2841,4 тонна меваро коркард, корхонаҳои консервбарорӣ 3,3 миллион қуттии шартӣ консерв истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли орд низ ба 215 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Ба андозаи 82,7 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 108,1 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҳоло бинобар сабаби зиёд гардидани сироятёбии сокинони кишварҳои ҷаҳон ба коронавируси COVID - 19 ва бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии ҷумҳурӣ дар вилоят истеҳсоли як қатор маҳсулоти муҳофизатӣ ба роҳ монда, дар панҷ моҳ 3,9 миллион дона ниқоби тиббӣ, 8534 адад либоси махсуси тиббӣ ва 277,6 ҳазор дона маҳлул барои беҳдошти шахсӣ (антисептик) истеҳсол шудааст.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2020    №: 120    Мутолиа карданд: 955
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед