logo

иқтисод

ДАНҒАРА. ФАБРИКАИ БУЗУРГТАРИНИ ПАРАНДАПАРВАРӢ БУНЁД МЕЁБАД

Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2019 дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ оғоз гардида, ҳоло бунёди он аз тарафи ширкати «Мармарӣ» бомаром идома дорад.
Тавре роҳбари ширкати  сохтмонии «Мармарӣ»- паймонкори асосии ин комплекси муҳташами парандапарварӣ Ҷаҳонгир Раззоқов ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, мувофиқи лоиҳа, дар ин ҷо 24 бинои мурғхона - ҳар кадом бо дарозии 96 метр бунёд мегардад. Ҳоло сохтмони 12 мурғхона ҷараён дорад.

Тибқи нақша, самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли гӯшти парандаи зотӣ (Бройлер) мебошад. Ин мурғҳои гӯштӣ дар 45 рӯз то 2,5 кило вазн мегиранд. Гӯшти онҳо парҳезӣ ва дар бозорҳои истеъмолии кишвар назар ба гӯшти чорвои дигар 2 баробар арзон мебошад. Баъди ба фаъолият оғоз намудани корхона (соли 2021 дар назар аст) дар ҳар мурғхона 38 ҳазор сар мурғ, дар маҷмӯъ, дар 24 бино дар ду даври истеҳсолӣ, ки як даври он 45 рӯзро ташкил медиҳад, 450 ҳазор сар мурғ ва дар як сол, яъне дар 6,5 даври истеҳсолӣ 2,8 миллион сар паранда парвариш ёфта, зиёда аз 5140 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол ва ҳамчун ғизои солим бо нархи арзон ба аҳолии кишвар пешкаш мешавад.
Сарвари давлат ҳангоми мулоқот бо кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара (29 майи соли ҷорӣ) бори дигар хотиррасон карданд, ки дар сурати ба фаъолият шурӯъ кардани ин комплекси муҳташами парандапарварӣ дар мавзеи Себистон истеҳсоли гӯшти паранда ба беш аз 5 ҳазор тонна расонда, воридоти гӯшти паранда аз хориҷи кишвар якбора 40 фоиз коҳиш меёбад. Бо мақсади таъмини корхонаҳои парандапарварӣ бо чӯҷаву тухмҳои инкубаторӣ бояд дар кишвар шумораи корхонаҳои зотпарварӣ зиёд карда, ҳаҷми воридоти тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаҳои зотӣ марҳила ба марҳила коҳиш дода шавад. Тибқи иттилоъ, баъди ба истифода додани комплекси парандапарварӣ дар навбати аввал тухми инкубатсионӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Баъдан, тибқи нақша, корхона баҳри паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва аз байн бурдани вобастагӣ аз воридоти он аз хориҷи кишвар истеҳсоли тухми инкубаториро дар дохили корхона ба роҳ мемонад. Мутобиқи лоиҳа, обе, ки пас аз забҳи мурғ боқӣ мемонад, тавассути таҷҳизоти махсуси тозакунӣ коркард ва барои шустушӯи мурғхонаҳо, инчунин, обёрии заминҳои назди корхона истифода бурда мешавад.
Ҳамчунин, дар ин корхона дар оянда коркарди пурраи гӯшти паранда ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногун дар назар аст.  Ҳамаи техникаҳо, хатҳои истеҳсолӣ ва технологияи корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешаванд.
Тибқи лоиҳа, дар дохили корхона 2 сардхонаи муосир барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр бо ғунҷоиши 1 ҳазору 200 тонна гӯшт сохта мешавад. Маҷмааи парандапарварӣ аз 30 иншоот, аз ҷумла биноҳои мурғхонаҳо, инкубаторӣ, анбор, санитарӣ, маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Пас аз пурра ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварӣ дар он 270 нафар ба ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад гашт. Бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат бо гӯшти болаззати парҳезӣ дар шаҳри Душанбе бунёди бинои салоҳхонаи фабрика барои забҳи паранда ба нақша гирифта шудааст.
Дар заминаи талошу заҳматҳои бунёдгароёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинокорон  низ мақсад гузоштаанд, ки ин корхонаи азимро то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истифода диҳанд.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2020    №: 120    Мутолиа карданд: 874
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед