logo

иқтисод

СЕБИСТОН. ШАҲРАК НАМОИ ТОЗА МЕГИРАД

Сокинони меҳнатдӯст, соҳибкорони баору номуси Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, дар қатори дигар ҳамватанони худ, азм доранд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 -  солагии Истиқлолияти давлатӣ дар обод кардани як гӯшаи Ватани маҳбуби худ саҳм гузоранд. Ба ин муносибат, дар ҳудуди ҷамоат бунёди 29 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз 8-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ин ҳанӯз шумораи ниҳоии иншооти ҷашнӣ набуда, интизор меравад, ки теъдоди онҳо аз ҷониби соҳибкорон афзоиш ёбад.
Тавре Фарҳод Саймуродзода, муовини раиси ҷамоат, ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ду муассисаи таълимӣ дар деҳаҳои Розиён ва Шар - Шар, беморхонаи минтақавии Себистон дар маркази ҷамоат – деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, маркази саломатии деҳаи Шамолдара, бунгоҳи тиббии деҳаи Новобод ва маркази хизматрасонӣ (ҳаммом, меҳмонхона дорои 15 ҷои хоб, кошонаи ҳусн, толори варзиш) аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки, аллакай, ба сокинони ҷамоат хизмат мерасонанд.
Беморхонаи минтақавии Себистон, ки таъмирталаб буд, пурра навсозӣ шуда, 50 нафар корманди соҳа бо кор таъмин шуд. Ба кор даровардани беморхонаи мазкур мушкилоти сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла деҳаҳои ҳудуди ҷамоат ва атрофи он ҳал шуда, мардум минбаъд бо сарсонӣ ба маркази ноҳия ва дигар беморхонаҳо намераванд.
- Аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ дар деҳаҳои Шар – Шар ва Хоҷа Шақиқи Балхӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 3 километр роҳҳои байни кӯчаҳо мумфарш гардид. Сокинони маҳаллӣ низ аз ин амалҳои ободкоронаи соҳибкорон илҳом гирифта, ба хотири пешвози ҷашни умумимиллӣ ба обод ва рангубори хонаву дар ва деворҳои гирди ҳавлии худ шурӯъ кардаанд. Бояд гуфт, ки аз маркази ҷамоат шоҳроҳи байналмилалӣ мегузарад. Аҳолии ду тарафи шоҳроҳ деворҳои худро хишти бетонӣ ва якранг карда, ба ин васила дар зебогии деҳаи худ ҳисса гузошта истодаанд. Дар ин самт низ соҳибкорони саховатпеша ба оилаҳои шароиташон нисбатан маҳдуд ёрӣ мерасонанд, - гуфт Ф. Саймуродзода.
Бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Фазлиддинов дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ як фабрикаи парандапарварӣ бунёд ёфта, ба фаъолият шурӯъ кардааст. Дар он 10 ҳазор сар мурғ парвариш ёфта, гӯшти он баъди 40 рӯз ба фурӯш бароварда мешавад. Дар коргоҳ 10 нафар ба таври доимӣ ва 15 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла бонувони хонашин, ба кор ва маоши хуб таъминанд.
Дар баробари дигар иншооти ҷашнӣ, инчунин, дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ фабрикаи парандапарварие бунёд шуда истодааст, ки дар минтақа назир надорад. Тибқи лоиҳа, иншооти мазкур аз 24 бинои мурғхона иборат буда, ҳар кадоме бо дарозии 96 метр бунёд мегардад. Айни ҳол, сохтмони 12 мурғхона ҷараён дорад. Дар 24 бино дар ду даври истеҳсолӣ  450 ҳазор сар мурғ ва дар як сол 2,8 миллион сар паранда парвариш ёфта, зиёда аз 5140 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол мешавад. Баъди пурра ба фаъолият оғоз намудан, дар маҷмӯъ 270 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.
Илова бар ин, феълан дар як иншооти дигар корҳои  сохтмонӣ идома доранд. Аз ҷумла, дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ маркази хизматрасонии сеошёна, ки иборат аз мағоза, толори варзиш, ошхона ва дигар иншооти хизматрасонӣ иборат хоҳад буд, бунёд мегардад.
Бояд ёдрас шуд, ки боду ҳавои Ҷамоати деҳоти Себистон барои бунёди боғу токзор хеле муносиб аст. Ҳанӯз аз солҳои шӯравӣ аз ин минтақа ба хориҷи кишвар ангур содирот мешуд. Ҳоло низ дар ҳудуди ҷамоат садҳо гектар токзор мавҷуд аст, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо ангури хушсифат саҳм дорад. Ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ боз бунёди боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шуда, то имрӯз, аллакай, 4 гектар токзор ва 3 гектар дигар намуди меваҷот бунёд шудааст.  
Дар маҷмӯъ, вусъати корҳои ободонӣ нишон медиҳад, ки соҳибкорону сокинони ноҳияи Данғара, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Себистон азм доранд, ки ин ҷашни муҳимро бо дастовардҳои намоён истиқбол намуда, симои ин гӯшаи диёри азизи хешро тарҳи тозаву нав бахшанд. 
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2020    №: 121    Мутолиа карданд: 988
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед