logo

қонунҳои ҶТ

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

4 июл аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расид.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ”, «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2020”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи боҷи давлатӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ба пешгирии паҳншавии бемории COVID – 19 ва беҳбудии сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.
Дар асоси иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” воридгардида, вобаста ба пайомадҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии бемории COVID – 19 имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббиву маишӣ аз пардохти намудҳои алоҳидаи андоз дар муҳлатҳои муайян озод карда мешаванд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи боҷи давлатӣ” бо мақсади осону сода гардондани  барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамоянд. Ҳамчунин, ин тағйиру иловаҳо боҷи давлатиро барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии  шартномаи гарав, барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи амволи багаравгузошташуда ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул бекор мекунанд.
Қонунҳои баимзорасида ба дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқии ройгон, пешгирии паҳншавии бемории COVID – 19 ва таъмини сиҳатии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳбудии зиндагии мардум равона шудаанд.
Матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2020    №: 123    Мутолиа карданд: 1913
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед