мулоқотҳо
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Пас аз мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти нави таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии сокинон, дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии "Ваҳдат" - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҷумҳуриявию вилоятӣ ва фаъолони вилоят мулоқот намуданд.
Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат тамоми соҳаҳо ва паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоятро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам суръат бахшидан ба тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд.
Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба дастоварду комёбиҳои мардуми вилоят, инчунин, камбудию норасоии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоят маълумот дод. Аз ҷумла гуфта шуд, ки бо мақсади зиёд кардани ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ Ситоди вилоятӣ таъсис дода шуда, тасмим аст, ки то таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳамин ҳисоб дар қаламрави вилоят боз 300 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ, асосан дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, сохта шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоятро вазифадор карданд, ки ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ, дар ҳар як шаҳру ноҳия то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ ва ҳамин тавр, омодагии ҷиддии муассисаҳои тандурустии вилоят ба хуруҷи эҳтимолии мавҷи дуюми бемории COVID – 19-ро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамин тариқ, роҳбарони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҳолати кунунии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони шаҳру ноҳияҳоро ба суръат бахшидани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, аз ҷумла дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расондани кишти такрории замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, ҳидоят намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони вилоят даъват ба амал оварданд, ки меҳнати садоқатмандона намуда, барои дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти бештар дошта бошанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.07.2020 №: 123 Мутолиа карданд: 4446