logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, № 7, мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 159, № 7-8, мод. 609; с. 2012, № 4, мод. 259, № 7, мод. 714, № 8, мод. 815, № 12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, № 7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, № 3, мод. 142,  № 11, мод. 643; с. 2015, № 11, мод. 950; с. 2016, № 3, мод. 128, № 5, мод. 357, № 7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, № 1 - 2, мод. 3; с. 2018, № 5, мод. 267; с. 2019, № 1, мод. 3), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати дувоздаҳуми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- прокурор – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шӯъбаҳо), муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шӯъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шӯъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки прокурорҳои нақлиёт, ҳарбии гарнизонҳо ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегиранд, муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор - криминалистҳои калон ва прокурор - криминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд;».
 2. Дар қисми 4 моддаи 12 калимаи «қонун» ба калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
3. Ба моддаи 14 пас аз калимаҳои «Ҳар шахс ба» калимаҳои «ҳифзи маълумоти шахсӣ,» илова карда шаванд.
4. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 111 хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 161:
- дар қисми 2 калима ва рақамҳои «286 қисми 2» ба калима ва рақамҳои «286 қисмҳои 2 ва 3,» иваз карда шаванд;
- дар қисми 9 рақамҳои «286-291» ба рақамҳо ва калимаи «286 қисми 1, 287 - 291» иваз карда шаванд.
6. Ба моддаи 245 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Ба суд ҳозир шудани шахсоне, ки дар рӯйхатҳо тахаллуси онҳо сабт шудааст, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятӣ таъмин карда мешавад.».
7. Ба қисми 5 моддаи 355 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Зимнан, тарафҳо ҳуқуқ доранд ариза дар бораи оштиро то ба хонаи машваратӣ рафтани судя пешниҳод намоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1702


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2020, № 108


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи                      Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020,   № 35
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2020    №: 124 - 125    Мутолиа карданд: 1575
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед