logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2010 «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 1, мод. 19; с. 2011, № 3, мод. 175; с. 2012, № 8, мод. 831, № 12, қ. 1, мод. 1003; с. 2015, № 3, мод. 222) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 3 калимаи «муқаррар» ба калимаи «муайян» иваз карда шавад.
3. Дар сархати якуми моддаи 4 калимаи «сатҳи» ба калимаи «андозаи» иваз карда шавад.
4. Дар матни моддаи 5 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» ба калимаҳои «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 17:
- ба қисми 3 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- давраи нигоҳубини маъюби гурӯҳи I ё кӯдаки маъюби то 18- сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ дорад, инчунин давраи нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида;»;
- ба қисми 4 пас аз калимаҳои «суғуртавӣ дохилшуда» калимаҳои «, ба истиснои талаботи пешбининамудаи сархатҳои шашум ва ҳафтуми қисми 3 моддаи мазкур» илова карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 27 калимаҳои «давлатии нафақа» ба калимаҳои «нафақаи давлатӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 4 моддаи 42 ва қисми 2 моддаи 46 калимаҳои «ҳуқуқдор шудан» ба калимаҳои «пайдо шудани ҳуқуқ» иваз карда шаванд.
8. Дар номи моддаи 44 калимаи «Бозҳисобии» ба калимаҳои «Муҳлати бозҳисобии» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 48:
- ба қисми 4 пас аз калимаи «модари» калимаи «(падари)» илова карда шавад;
- аз қисми 10 калимаи «худи» хориҷ карда шавад.
10. Дар ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 53 калимаи «қонун» ба калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» иваз карда шавад.
11. Дар қисми 1 моддаи 58 калимаҳои «мӯҷиби аз нав арзёбии пулӣ ва бадалкунӣ ба сармояи шартии нафақавӣ мебошанд» ба калимаҳои «бояд таҳти аз нав арзёбии пулӣ ва бадалкунӣ ба сармояи шартии нафақавӣ қарор гиранд» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти  Ҷумҳурии
Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1705


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 апрели соли 2020, № 53


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  26 июни соли 2020, № 38


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2020    №: 124 - 125    Мутолиа карданд: 1480
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед