қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ КИНО»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» аз 9 декабри соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 694; с.2007, №5, мод. 372) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 5:
- дар сархати панҷум калимаҳои «ба филмҳо индекс мегузорад» ба калимаҳои «таснифоти филмҳоро амалӣ менамояд» иваз карда шаванд;
- дар сархати даҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.».
3. Моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 16. Таснифоти филмҳо аз рӯи синну сол
1. Ҳамаи филмҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин филмҳое, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пахш кардан ворид мегарданд, аз рӯи синну сол ба категорияҳои зерин ҷудо мешаванд:
- филмҳое, ки барои кӯдакони то шашсола пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати «0+» ишора карда мешаванд;
- филмҳое, ки барои кӯдакони аз шашсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати «6+» ё бо калимаҳои «барои кӯдакони аз шашсола боло» ишора карда мешаванд;
- филмҳое, ки барои кӯдакони аз дувоздаҳсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати «12+» ё бо калимаҳои «барои кӯдакони аз дувоздаҳсола боло» ишора карда мешаванд;
- филмҳое, ки барои кӯдакони аз шонздаҳсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати «16+» ё бо калимаҳои «барои кӯдакони аз шонздаҳсола боло» ишора карда мешаванд;
- филмҳое, ки барои тамошобинони аз ҳаждаҳсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати «18+» ё бо калимаҳои «барои кӯдакон манъ аст» ишора карда мешаванд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои намоиш ё паҳн кардани филм дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд, ӯҳдадоранд тамошобинро пеш аз пахши филм дар бораи категорияи синнусолии он хабардор намоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 июли соли 2020, № 1707
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 29 апрели соли 2020, № 90
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 26 июни соли 2020, № 40
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.07.2020 №: 124 - 125 Мутолиа карданд: 1487