фарҳанг
СИМОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДРАМАТУРГИЯИ МИЛЛӢ
Солҳои охир як шохаи пурқуввату серҳосили драматургия ва театри миллии моро асарҳои таърихӣ ва тарҷумаҳолӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамонони мо ба воқеоту ҳодисоти дуру наздик назар афканда, дар мисоли онҳо ба тағйироти куллии дар ҳаёти худ баамалоянда баҳо медиҳанд. Мусаллам аст, ки дар раванди ташаккули худшиносии миллии мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафи пеш қарор доранд. Бахусус, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, истиқрори сулҳ, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат хеле бузург аст. Дар арсаи байналмилалӣ низ Сарвари давлати моро ҳамчун ташаббускори тадбирҳои наҷиб дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ ва қосиди сулҳ мешиносанд.
Дар театр, чун дигар анвои ҳунар, офаридани қаҳрамоне, ки дар хотири мардум дақиқ нақш бастааст, хеле мушкил мебошад. Мо шоҳиди ҳамарӯзаи азму талош ва ҷидду ҷаҳди Пешвои миллати хеш баҳри ободии Ватан ва боло рафтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ гардида истодаем. Байни мо нафарони зиёде ҳастанд, ки шарафи вохӯрӣ ва суҳбат бо Сарвари давлат барояшон насиб гаштааст. Дар хотираи онҳо ҳар лаҳзаи дидорбиниашон бо Пешво ба таври абадӣ нақш баста, бо одитарин ангеза ин лаҳзаҳои хотирмон пеши назарашон меоянд. Барои касоне, ки баҳрашон дидорбинӣ бо Президенти кишвар насиб нагардидааст, симои ӯро тариқи телевизион ва аксҳои дар маҷаллаву рӯзномаҳо нашргардида бисёр дидаанд. Садояшон ба ҳама ошност. Беҳтарин фармудаҳояшон зуд – зуд тариқи радио ва дигар расонаҳои хабарӣ шунавонда мешаванд. Хулоса, симои Пешвои миллат дар хотир ва қалби тамоми ихлосмандонашон нақш бастааст. Роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои зиёди таҳқиқотӣ офарида шудаанд. Феҳристи асарҳо ва суханрониҳои худи Пешвои миллат чанд силсила ва ҷилдро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин ба мо имкон фароҳам меорад, ки дар бораи фаъолияти сиёсии Сарвари давлати хеш маълумоти мукаммал дошта бошем.
Рӯйи саҳна овардани симои Роҳбари давлат аз ходимони театр масъулияти ҷиддиро талаб менамояд. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки мавзӯи Пешвои миллат дар драматургияи миллӣ нав мебошад ва он акнун инкишоф ёфта истодааст. Аммо дар асл чунин нест, ин мавзӯъ аз нимаи солҳои 90 - уми садаи гузашта пайдо гардида, алҳол ба як самти мушаххас табдил меёбад. Шурӯъ аз солҳои 1993 - 94 дар асарҳои саҳнавӣ истифода аз суханрониҳо ва таъкидҳои Сарвари тозаинтихоби кишвар оғоз гардид.
Адибони шинохта Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин дар асари худ «Свет маяка» («Нури мино») аввалин шуда кӯшиш ба харҷ доданд, ки раванди ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии Президенти мамлакатро дар оғози фаъолияти сиёсӣ, яъне аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси он интихоб шуданашонро мавриди таҳқиқи амиқ қарор диҳанд.
Мақсади асосии театр таҳқиқи рӯҳи инсон аст. Бинобар ин, тавассути саҳна бо тамошогарон - муосирони мо рӯ ба рӯ намудани Пешвои миллат ҳам осон ва ҳам мушкил аст. Осон барои он, ки шахсиятҳои барҷастае мисли Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози омӯзиш ва таҳқиқи ҳунарӣ хеле ҷолибанд. Мушкил дар он аст, ки дар мавриди татбиқи саҳнавии табиат ва хислати ин гуна шахсиятҳо метавон ба иштибоҳ роҳ дод. Дигар ин, ки чун ҳар навъи ҳунар, вақте кас даст ба муаррифии ин ё он шахсият тавассути василаҳои ҳунари хеш мезанад, бояд ҳатман чизи наве дар бораи ӯ гуфта тавониста бошад.
Бо вуҷуди ин, таҷрибаи нахустини офаридани симои Пешвои миллат дар драматургияи тоҷик нишон медиҳад, ки драматургони мо ба таҳияи асарҳои таърихию тарҷумаҳолӣ бо масъулияти том муносибат менамоянд. Дар ин гуна асарҳо риояи дастовардҳои то ин дам бадастомадаи драматургияи миллӣ низ эҳсос мешавад. Чуноне ки таҳиягари машҳури тоҷик Хушназар Майбалиев дар хусуси офаридани симои чеҳраҳои фарзонафарзандони миллат дар драматургияи миллӣ ва театри тоҷик иброз медорад, дар ҳамаи онҳо ду равияи аз ҳам фарқкунанда ва ба ҳам таъсири амиқдошта ба назар мерасад: ҷамъи одамони дар раванди таърихӣ таъсири амиқдошта ва як қаҳрамони дар маркази воқеаҳо ҷойгирифта. Намоишномаи «Нури мино» - ро метавон ба гурӯҳи дуюм шомил намуд.
Ато Ҳамдам, ки худ иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар ҳамкорӣ бо адиб Леонид Чигрин тавонистаанд муҳити онвақтаи ҷомеаро хеле устокорона бозгӯ намоянд. Саҳнаи аввали намоишнома дар Қасри Арбоб сурат мегирад. Мо дар ин саҳнаҳо бо қаҳрамонҳои мавқеи шаҳрвандиашон мухталиф вомехӯрем. Агар яке аз онҳо тарафдори номзадии ҷавони пурғайрат Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Раиси Шӯрои Олӣ бошад, дигараш ба ин шак дорад, савуми бо ҳар роҳ кӯшиш мекунад, ки ба раванди интихобот халал ворид созад, чаҳорумин тарафдори номзади хеш асту панҷумин номзади бетарафро дастгирӣ кардан мехоҳад. Мусаллам аст, ки неруҳои мухолиф минбаъд низ ба рафти воқеаҳои дар кишвар баамалоянда бетараф наистодаанд. Аз ин ҷост, ки муаллифон қаҳрамонони худро ба таври умумӣ - марди калонсол, марди миёнасол, қумандони саҳроӣ ном гузоштаанд. Ин услуби дар драматургия хеле маъмул аз он ҷиҳат корбаст шудааст, ки аксари қаҳрамонҳо прототипи воқеӣ дошта, новобаста аз хатоҳои содирнамудаашон дар оғози кор баъдан дар атрофи Сарвари давлат ҷамъ омада, баҳри гулгулшукуфии кишварамон хизматҳои шоиста намуданд. Зеро раванди минбаъдаи воқеаҳо дурустии роҳи интихобнамудаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бармало нишон дод.
Дар саҳнаи дигар мо бо Роҳбари нави давлат дар дафтари кориаш, дар шаҳри Душанбе, вомехӯрем. Ӯ дар ин саҳна ба ҷамъ овардани аъзои Ҳукумат машғул буда, нақшаи ба эътидол овардани вазъи кишварро кашида, баҳри амалӣ намудани он аз тамоми имкониятҳо истифода бурданро таъкид месозад. Муаллифон як нуктаро хеле хуб дарёфтаанд: дар ҳама иқдомҳои наҷибонаи пешгирифтаашон Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба мардуми шариф ва бонангу номуси тоҷик такя менамоянд. Аз ин ҷост, ки мардум низ ӯро аз лаҳзаи нахустини Раиси Шӯро интихоб шуданашон дӯст доштанду ба симати Роҳбари маънавӣ пазируфтанд. Аз ҷониби мардум Пешвои миллат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели ин гуфтаҳост. Намоишнома низ бо вохӯрии Сарвари давлат ва намояндагони халқ – гурӯҳи мӯйсафедон аз ноҳияи Шаҳритуз ба охир мерасад. Дар ин саҳна як ҷаҳон меҳру муҳаббати Сарвари кишвар ба халқ ва мардум нисбат ба Пешвои худ инъикос ёфтааст. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ мисли нури мино, ки дар шаби зулмот киштиҳои ба вартаи ҳалокат гирифторшударо ба роҳи рост ҳидоят менамояд, мардумро ба сарҷамъӣ ва созандагӣ раҳнамун месозанд.
Дар асар ҳуҷҷатҳои расмӣ ва матни суханрониҳои Сарвари давлат васеъ истифода шудаанд. Ин ҳолат қимати бадеӣ ва ҷамъиятии онро дучанд боло бурдааст. Ба ин васила Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин дар таърихи драматургияи миллӣ марҳилаи навро асос гузоштанд. Театри сиёсии тоҷик, ки таърихи 90-сола дорад, бо образи наву ҷолиби як шахсияти наҷибу барҷастаи дигар – Эмомалӣ Раҳмон бою ғанитар гардид.
Фактҳои таърихӣ ва тахайюлоти Абдуғаффори Абду-ҷаббор дар асари саҳнавии “Худоназаркарда” чунон ба ҳам тавъам омадаанд, ки раванди дуру дарози истиқрори сулҳро дар кишвар хеле дақиқкорона инъикос намудаанд. Чеҳраҳои тахайюлии офаридаи драматург низ чун шахсони воқеӣ пешорӯи хонанда рӯнамо гардида, дар маҷмӯъ, симои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро инъикос менамояд. Ҳамзамон, аз назари борикбини хонанда ниҳон нахоҳад монд, ки аксари онҳо прототипи шахсони воқеӣ мебошанд.
Драматургони тоҷик маъмулан барои асарҳои таърихию тарҷумаҳолӣ набзи оромро хеле кам истифода мебаранд. Дар асари мазкур бошад, ин анъана вайрон гардидааст. Сарфи назар аз он ки доир ба масъалаҳои мухталиф баҳс ва мубодилаҳои шадиди афкор сурат мегиранд, дар ҳама ҳолат Пешвои миллат бо оромӣ роҳи ҳалли дурусти онҳоро пайдо менамоянд. Дар асари А. Абдуҷаббор таҳаммулгароӣ хислати муҳими табиати Пешво муайян шудааст. Дар ин асар на маҷмӯи воқеаҳои ба ҳам печида ва мунтазам инкишофёбанда, балки талош ва ҷидду ҷаҳди ҳамарӯзаи қаҳрамони асосӣ барои осудагии кишвар маҳаки асосии амалиёт қарор мегирад.
Ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, идеяҳои наҷиб ва талошҳои хастанопазирашон дар роҳи шукуфоии кишварамон мавзӯъҳое мебошанд, ки барои драматургия ва театр аз як ҷиҳат нав ва аз ҷониби дигар хеле ҷолибанд. Ҳоло мо дар саргаҳи ин раванди барои худшиносии миллиамон муҳим қарор дорем. Бо зикри дастовардҳои ноилшуда изҳори умед менамоем, ки моро дар ин самт корҳои наҷиб дар пешанд.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.07.2020 №: 126 Мутолиа карданд: 1040