logo

туризм

САЙЁҲӢ ВА ПАНДЕМИЯ

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳое мебошад, ки аз таъсири COVID - 19 бештар аз ҳама зарар дид. Пандемия дар семоҳаи аввали соли 2020 боиси 22 дарсад коҳиш ёфтани воридшавии сайёҳони хориҷӣ гашт, - гуфта шудааст дар гузориши СҶС. Маҷмӯан, буҳрон метавонад ба коҳиши 60 - 80 дарсад гардиши ҷаҳонии сайёҳӣ боис гардад.

Дар пасманзари паҳншавии бемории сироятии COVID - 19 дар тамоми ҷаҳон, ширкатҳои сайёҳӣ аз фаъолият боз монданд, сарҳадҳо баста шуданд, сафарҳои ҳавоӣ ба кишварҳо ба муддати номуайян қатъ гардиданд. Оқибатҳои манфии бефаъолиятиро бинобар пандемия тамоми намояндагони соҳаи сайёҳӣ эҳсос намуданд. Аммо тамоюли тадриҷан паст шудани сатҳи сирояти нави коронавирус дар Тоҷикистон ба он умедвор месозад, ки чораҳои маҳдудкунанда ба зудӣ аз байн бурда шуда, саноати сайёҳӣ ба барқароршавии фаъолияти худ мепардозад.
Руслан Ҳамроқулов, директори иҷроияи ширкати «Ориён Адвентур», ки яке аз ширкатҳои пешқадам дар мамлакат мебошад, иброз медорад: «Мо ҳанӯз аз охири моҳи март аз хориҷи кишвар меҳмон қабул накарда истодаем. Вале то ин вақт барои 2-3 гурӯҳҳои хурд саёҳат ташкил карда будем».
Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, бо вуҷуди вазъи баамаломада, таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ устувор боқӣ монд. Тибқи ҳисоботи Қӯшунҳои сарҳадӣ, аз 21 декабри соли 2019 то 20 марти соли равон аз 86 давлати хориҷи дур 4278 нафар ва аз 10 давлати ИДМ 2611 нафар, дар маҷмӯъ, 6889 нафар бо мақсади сайёҳӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 338 нафар кам мебошад. 
- Хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистон зиёданд, - мегӯяд Р. Ҳамроқулов. Вале рақобат пас аз барқароршавии фаъолият шадид хоҳад буд. Айни ҳол мо дар андешаи ба меъёру талаботи нав мутобиқ гардондани хизматрасониҳо буда, дар ин самт нақшаҳои мушаххас таҳия намуда истодаем.
Ба гуфтаи ӯ, мушкили асосӣ дар камбуди тарғибу ташвиқ ва ба талаботи сайёҳон мувофиқ набудани меҳмонхонаҳои сатҳи ноҳияву маҳалҳо зоҳир мешавад.
- Сайёҳон ҳангоми сафар ба баъзе ноҳияҳои кишвар аз вазъи номусоиди меҳмонхонаву ҳомстейҳо зуд нороҳат мешаванд, зеро онҳо интизори шароитҳои беҳтару хубтаранд, - мегӯяд Р. Ҳамроқулов.
Аз ин рӯ, барои тоб овардан дар рақобат ва тадриҷан зиёд намудани шумораи сайёҳон шароити будубош дар минтақаҳо беҳтар карда шавад. Дар вазъияти пандемия ин нишондиҳанда меъёри ҳалкунанда хоҳад буд.
Моҳира Қодирова, дотсенти факултаи сайёҳии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, иброз медорад, ки пандемия водор сохт, ки меъёрҳои санитариву эпидемиологӣ беш аз пеш риоя шаванд. Албатта, пандемия ба шумораи воридшавии сайёҳон бетаъсир намемонад, вале сатҳу сифати  хизматрасонӣ, шароити будубош бамаротиб баланд бардошта мешавад.
Имрӯзҳо масъалаи рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори он яке аз омилҳои муҳими рушди сайёҳии байналмилалӣ ба шумор меравад. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои қабули сайёҳон ва хизматрасонӣ ба онҳо дар маҳалҳо бунёди меҳмонхона, осоишгоҳу истироҳатгоҳ, тарабхона ва дигар иншооти зарурӣ корҳои муайян анҷом ёфта истодаанд. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID - 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастгирии навбатии давлатии соҳаи сайёҳӣ буда, дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тавре аз иттилооти васоити ахбори оммаи хориҷӣ бармеояд, сайёҳии дохилӣ нисбат ба сайёҳии байналмилалӣ зудтар барқарор шуда истодааст. Зеро бинобар пандемия ҷаҳонгардон истироҳат дар кишвари худро интихоб мекунанд. Инчунин, сафар ба мамолики ҳамсояи наздик ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии СOVID - 19  бо назардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 июли соли равон иҷозат дод. Мувофиқи қарори дахлдор мусофирон ҳатман бояд маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.
Коршиносон иброз медоранд, ки дар давраи баъд аз пандемия сайёҳон бо назардошти риояи фосилаи иҷтимоӣ бештар ба сайёҳии экологӣ афзалият медиҳанд. Ин омилест, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушди бештар ёбад, зеро сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сайёҳии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин асно тарғиби бештари мавзеъҳои истироҳативу табобатӣ ва экологӣ, ба манфиат хоҳад буд. Ғайр аз ин, ташкили хатсайрҳои фосилавӣ (виртуалӣ) тақозои замон ва саривақтӣ арзёбӣ шуда, рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишварҳои ҳамҷавор, ташкили махзани ягонаи сайёҳӣ дар фазои маҷозӣ ва хатсайрҳои алоҳидаю муштараки фосилавӣ (виртуалӣ) муҳим мебошанд.

Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.07.2020    №: 126    Мутолиа карданд: 3284
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед