logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ИНШООТИ ҶАШНИИ ПОЙТАХТ

Ифтитоҳи эстакада дар шаҳри Душанбе

10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд.
Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гаштааст. Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.
Дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонда шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд гардид. Ҳамчунин, сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ сохта шуд, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.
Дар доираи корҳои сохтмонӣ навсозии шабакаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ шуданд.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада такядеворҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бунёд ёфтаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ беш аз 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд, ки наздики 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ташкил медоданд.
Мавриди зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд ва чунин роҳи чандқабата бори аввал дар Тоҷикистон сохта шуд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ гашт.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва паймонкори он ширкати “Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Назорати сифати корҳоро ширкати машваратии “Эптиса”-и Испания бар уҳда дошт. Тибқи лоиҳа, чорроҳаи хиёбони Сино, ки дар ин ҷо қаблан муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуда буд, пурра навсозӣ гардид.
Зимни шиносоӣ бо иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати баланд анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулонро ба ободонии гирду атроф ва нигоҳубини минбаъдаи иншооти муосир ҷалб намуданд, зеро, бино ба таъкиди Сарвари давлат, роҳҳо бояд солҳои дароз ба мардум хизмат расонанд.
Дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе - Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” дар маҳаллаи 82-юми пойтахт низ чунин як эстакада қаблан аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва он вақт Сарвари давлат ба фармоишгарону паймонкорони иншоот ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расондани корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Иншоот дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд. Ин чорроҳа низ аз 3 сатҳ, роҳи давродаврӣ иборат мебошад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пул бо дарозии 123 метр ва паҳноии 25 метр мегузарад. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.
Татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

Корхонаи дӯзандагӣ бо 350 ҷойи корӣ дар шаҳри Душанбе
10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи пойтахт марҳилаи аввали корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, дар он истеҳсоли либоси мардонаву занона ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон аст. “Тоҷтекс” истеҳсоли таҳпӯшро низ роҳандозӣ кардааст ва барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дар маҷмӯъ, дар фабрикаи дӯзандагии навбунёд 350 нафар бонуи ҳунарманд соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс” тавлиди бештар аз 50 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст, ки мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад. Иқтидори тавлидотӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолнамуда имконият медиҳад, ки минбаъд сарулибоси он чун маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шавад. Бо рушди иқтидори корхона роҳбарияти он ҳадаф дорад, ки содироти маҳсулоти корхонаро ба дигар кишварҳо роҳандозӣ намуда, маҳсулоти ниҳоии баландсифати Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.
Мавриди зикр аст, ки боқимондаи маҳсулоти коркардшуда низ харидорони худро дошта, партови он ба дигар корхонаҳо интиқол меёбаду дар соҳаи саноат истифода бурда мешавад.
Коргоҳи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди соҳаи нассоҷии кишвар ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азиза Қосимӣ бунёд гардида, дар доираи омодагиҳо ба 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Аснои шиносоӣ иброз гардид, ки дар корхонаи навтаъсис таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ, ки аз Тайван ва Туркия дастрас гардидаанд, насб шуда, сифати баланди маҳсулотро таъмин хоҳанд кард. Дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин, ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хосса дода мешавад. Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ насб гардидааст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо расму навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад. Бо истифода аз ин дастгоҳ, ки ба иттилои масъулон айни замон дар мамлакат ягона мебошад, чопи манзараҳои зебои кишвар, навиштаҷоти гуногун ва нақшу нигори миллӣ дар рӯи либосҳои мардонаву занона роҳандозӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ, таҷҳизоти  кории корхона аз ширкатҳои пешқадам харид гардида, дар муқтадиртарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳонӣ истифода мегарданд.
 Раванди истеҳсолот асосан ба таври худидоракунӣ ба роҳ монда шуда, дар хати истеҳсолӣ бештар аз 350 дастгоҳи махсуси дӯзандагӣ васлу насб гардидааст. Сехи дӯзандагӣ дар ошёнаи дуюм ва сеюми корхона ҷойгир буда, барои фаъолияти босамари кормандон дар коргоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 
Бо истифода аз имконот дар коргоҳи “Тоҷтекс” тамоми марҳилаҳои истеҳсолии сарулибос шурӯъ аз буридани матоъ то ба либоси тайёр роҳандозӣ шуда, мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсолот сурат мегирад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти ниҳоии корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”  шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.
Ҳамаи маҳсулоти коргоҳи навтаъсис воридотивазкунанда буда, мувофиқ ба завқу салиқаи харидорон тайёр мешавад. Аз ин рӯ, ба фаъолият оғоз намудани он минбаъд метавонад то ҷое талаботи бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулот қонеъ намуда, воридоти онро ба кишвар коҳиш диҳад. Ҳамчунин, ифтитоҳи чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда, имкон фароҳам меоранд, то соҳаи нассоҷии мамлакат рушд кунад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ  дар дохил роҳандозӣ шавад. 
Зимни муаррифии марҳилаи дуюми корхона ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки айни замон сохтмони навбати дигари иншооти мазкур идома дошта, дар он сехи дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маркази савдо, намоишгоҳи махсуси сарулибос ва дафтари корӣ ҷой дода мешаванд. Тибқи лоиҳа корхона бо шаклу услуби муосири меъморӣ бо тамоми иншооти ёрирасон бунёд мегардад.
Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат дастур доданд, ки боз 350 ҷойи корӣ барои дӯзандаҳо ва 300 ҷойи корӣ барои толори намоишӣ ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ ташкил карда шаванд. Дар идомаи ду соли баъдӣ иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд хоҳад ёфт, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави кориву рушди истеҳсоли сарулибоси ватанӣ мусоидат менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти насбгардида баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ намуданд.
Кормандони коргоҳи навтаъсисро ҳидоят карданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳанд, то либоси истеҳсолнамудаи корхона ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир харидорони худро пайдо намояд. 

Бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди таъмиру навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии он беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Бино вайрону валангор ва солҳои зиёд бекор хобида буд. Ҳамакнун мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ гардида, дар он барои кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза” шароити мукаммали корӣ фароҳам оварда шуд.
Бинои 8 - ошёна дорои 43 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ ва анборхона ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи сеюм баробари ҳуҷраҳои ҳайати роҳбарикунандаи хадамот, ҳамчунин, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон ва китобхона ҷойгир мебошанд. Дар китобхона беш аз 1500 нусха китоби гуногун, аз ҷумла китобҳои бадеӣ, таърихӣ ва илмию соҳавӣ, мавҷуданд. Мутобиқ ба талаботи замони муосир дар китобхона 5 компютер гузошта шудааст, ки фарогири 10 ҳазор нусха китоби электронӣ мебошад.
Долони ошёнаи сеюм ба 900 метри мураббаъ баробар аст. Дар ин долон қаҳвахонаи тобистона ташкил гардида, шароити хуби хизматрасонӣ барои ҳайати шахсӣ ва дигар кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза” фароҳам оварда шудааст.
Дар ошёнаи чорум ошхона фаъолият мекунад, ки дорои 70 ҷойи нишаст мебошад.
Ҳуҷраҳои ошёнаи 5-ум ва 6-ум барои кормандони хадамот, аз ҷумла афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ, хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникӣ ва муҳандисӣ, пешбинӣ гардидаанд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити иншоот маълум гардид, ки ҳуҷраҳои корию ёрирасон ва долону дигар иншооти мавҷудаи биноро мутобиқ ба талаботи замон ва бо назардошти муҳайё будани шароити хуб барои хизматчиёни ҳарбӣ таъмир карда, бо навтарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз намудаанд.
Нуқтаи мутамаркази мушоҳидавӣ, ки кормандони он 1500 иншоотро назорат карда, тартиботи ҷамъиятиро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд, дорои 4 компютер ва дигар таҷҳизоти муосири мушоҳидавӣ мебошад. Маҷлисгоҳи хадамот 150 ҷойи нишаст дорад ва дар он ҳама гуна воситаҳои техникӣ, аз қабили монитор, дастгоҳҳои тақвияти овоз, таҷҳизот барои гузарондани видеоконфронсҳо ва ғайра таъмин аст. Дар ҳар ошёна ҳуҷраҳои ёрирасон, аз ҷумла нуқтаҳои шустушӯӣ мавҷуд мебошанд.
Дар ошёнаи 8-уми бино меҳмонхона ташкил гардида, дар он шароити хуби истиқомат вуҷуд дорад. Меҳмонхона аз 4 ҳуҷра иборат буда, имкон аст дар як вақт то 10 нафар меҳмонро қабул намояд.
Атрофи иншоот дар масоҳати 250 метри мураббаъ сафолакпӯш шудааст ва дар ҳавлии бино таваққуфгоҳ барои ҷойгир намудани 20 нақлиёт мавҷуд аст. Дохил ва атрофи иншоот тавассути 38 камераи мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.
Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба рангубор ва ороиши иншооти мавҷуда намои берунаи бино оро ёфтааст ва равшании онро дар шаб чароғакҳои ҳархелаи ҷилодиҳанда таъмин менамоянд.
Корҳои сохтмонӣ аз тарафи раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳашари дастаҷамъонаи кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза” иҷро гардидаанд. Дар рафти сохтмон ба сифати масолеҳи сохтмонӣ ва иҷрои корҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир сохтаанд ва солҳои зиёд хизмат намудани иншоот ба кормандони соҳа кафолат дода мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити мавҷудаи иншоот баҳои баланд дода, кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилиро ба истифодаи самараноки имконият ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол”
10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” оғоз бахшиданд.
Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.
Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад.
Баландии рамзи «Истиқлол», ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30 - солагии Истиқлолият ва дар соли 1991-ум ба даст овардани истиқлолиятро ифода менамояд.
Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумӯи мамлакат шаҳодат медиҳад.
Рафти бунёди Майдони “Истиқлол” бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб намуданд.
Дар ҳудуди майдон зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешасабз, буттаҳои сабз, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки  26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузарондани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд.
Озмуни мазкур 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид.
Дар маҷмӯъ, ба озмуни кушод 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд.
Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гашт, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум шуд. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардид.
Ҳангоми тартиб додани лоиҳа бо рамзи “Тоҷ” лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи “Дарахти ҳаёт” такя намуданд, ки он ғояву мазмуни васеъро ифода ва таҷассум менамояд.
Лавҳаҳо ба шакли барелйеф мусавварӣ гашта, дар  паҳлуҳо деворҳои асосии муҷассама ва даромадгоҳҳои он ҷой дода шуда, дар онҳо давраҳои рушду инкишофи  давлатдории тоҷикон  аз замони Зардушт  то имрӯз бо анъанаҳои миллӣ ва корнамоиҳои мардуми мо инъикос мегарданд. Ин давраҳои таърихӣ дар осорхонае, ки дар дохили муҷассама пешбинӣ шудааст, пурра дар шакли электронӣ тасвир мегарданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2020    №: 128    Мутолиа карданд: 971
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед