фарҳанг
БОБО САНГИНОВ. АВВАЛИН СЕЛЕКСИОНЕРИ ТОҶИК
Бобо Сангинов олими намоёни соҳаи кишоварзии кишвар буда, дар сатҳи байналмилалӣ низ эътибори баланд дорад. 63 соли умри пурбаракати худро сарфи корҳои илмӣ кардааст.
Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон Бобо Сангинов аввалин селексионери тоҷик, академик ва узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Россия буда, ба ҳайси ноиби президент ва президенти АИКТ фаъолият кардааст.
Бобо Сангинов бо мақсади ба даст овардани навъҳои беҳтарини рустаниҳои кишоварзӣ фаъолияти кории худро барои рушди корҳои селексионию тухмипарварӣ, хусусан пахта, бахшид. Навъҳои пахтае, ки ӯ офаридааст, дар шароити иқлими гуногунсатҳи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, ҳосили фаровон медиҳанд.
Академик Бобо Сангинов олими пурмаҳсул буда, давоми фаъолияти корӣ навъҳои гуногуни пахтаи маҳиннах ва миёнаннахи 5595-В, 6465-В, 6249-В,8686-В,8375-В, 8404-В, 6815-В, 8385-В,8408-В,8481-В,2928-В, 2379-В,2407-В, «Красичков-100» ва пешпазаки ба касалиҳо тобоварро ба даст овард. Барои илмро бо истеҳсолот тавъам сохтан бо мутахассисони соҳаҳои генетика, физиология, фитопатология, агрохимия ва саноати бофандагӣ ҳамкории зич дошт. Навъҳои пахтаи 9326-В, 8809-В ва 748-В - ро, ӯ офаридааст, ба касалиҳои вилти фузариозӣ ва пӯсиши сиёҳи реша тобоваранд ва сифати нахашон низ баланд аст. Онҳо дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон то кунун парвариш карда мешаванд.
Саҳми Бобо Сангинов барои рушди селексияи картошка низ бузург аст. Соли 2007 бо тавсия ва роҳнамоии ӯ дар Тоҷикистон аввалин навъи ватании картошка – «Заррина» ба даст оварда шуд ва он то кунун аз тарафи картошкапарварони водии Рашт ва ноҳияҳои дигари кӯҳистон истифода мешавад.
Яке аз ҳадафҳои неки академик он буд, ки олимони институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамеша корҳои илмиро дар якҷоягӣ иҷро намоянд. Вақте президенти Академияи илмҳои кишоварзии кишвар буд, ба ин ҳамкориҳои олимони тоҷик диққати махсус медод. Дар натиҷаи чунин ҳамкориҳои муштарак ба олимони тоҷик муяссар гардид, ки дар муддати даҳ соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз даҳ навъи ватании картошка, аз қабили «Тоҷикистон», «Рашт», «Ғончӣ», «Шукрона», «Файзобод», «Академияи илмҳо-1», «Сурхоб», «Нуриниссо», «Дӯстӣ», «Овчӣ» офарида шуд, ки майдони кишти онҳо имрӯз ба зиёда аз 10 ҳазор гектар расидааст. Аз ҳар гектари ин навъҳо 350- 450 сентнер ҳосил гирифта мешавад.
Заҳмату дастовардҳои устод Бобо Сангинов аз тарафи Ҳукумати Шӯравӣ ва баъди касби соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мукофотҳои гуногун, аз ҷумла унвонҳои Агрономи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1964) ва Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1973) қадрдонӣ шудааст. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2004), Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1970), Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино (1972) ва Ҷоизаи АМИТ ба номи Е. Н. Павловский (2014) мебошад.
Ба андешаи мо барои абадӣ гардондани хотираи олими зинданом хуб мебуд, ки ягон кӯча ё муассиса ба номи ӯ гузошта шавад.
А. САИДОВ, ноиби президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ,
доктори илмҳои биология,
Б.ҶУМЪАЕВ, узви вобастаи АМИТ,
доктори илмҳои биология,
Қ. ПАРТОЕВ, доктори илмҳои кишоварзӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.07.2020 №: 129 Мутолиа карданд: 585