logo

фарҳанг

«ДИЁРИ ДОМАНИ ГАРДУН» КИТОБЕ, КИ БОЗНАШРАШ НОГУЗИР АСТ

Ин бор сухан дар тавсифи дӯсти булғоритабори тоҷикон – Йордан Милев аст. Ӯ на танҳо бо тарҷумаи ҳашт ҳазор байт аз «Шоҳнома» - и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ва «Тазкираи шуарои асри миёнаи Шарқ» барои муаррифии миллат ва адабиёти мо хидмат кард, балки бо як сафари хотирмон қариб аксари гӯшаву канори Тоҷикистонро пиёдаву савора давр зада, китоби ёддоштии «Диёри домани гардун» - ро навишт, ки имрӯз бознашраш ногузир аст.

РАВЗАНАИ ОШНОӢ
Шоир, нависанда, тарҷумон ва публитсист Йордан Милев соли 1933 дар Алматири Булғористон ба дунё омад. Солҳо дар матбуоти меҳанаш қаламкашӣ ҳам кард. Мавсуф охири умри худро дар шаҳри Вашингтони Амрико гузаронд ва он ҷо низ аз эҷод фориғ набуд. Ба ин, алманахи «Вечни портрети» («Симоҳои ҷовид») гувоҳ аст. Йордан аз адабиёти ҷаҳон баҳраи комил дошт, бавижа, ба адабиёти дерсоли мо пайваста меҳр меварзид. Ин меҳр сабаб шуд, то дар тарҷума, таҳия ва нашри намунаҳои осори бузургони мо саҳм бигирад. Аз ин сабаб, тарҷумаро меҳвари фаъолияти эҷодии ӯ номидан сазост. Китобҳои ба булғорӣ тарҷумакардаи ӯ «Лирика» аз Ҳофиз (1969), «Рубайят» аз Хайём, (1970, 1990, 1993, 1997, 2008), «Панчатантра» (1972, 1981, 1995, 2008), «Шах-наме» аз Фирдавсӣ (1977), «Гюлестан» аз Саъдӣ (1983, 2012) «Средновековни източни поети» (антология, 1973) намунаҳои олии корҳои ӯст, ки борҳо бознашр шудаанд. Мавсуф соли 2019 дар Амрико чашм аз олам пӯшид ва давоми умри ӯ дар осораш ҷорист.

ТАЪРИХЧАИ САФАР
Ба ифтихори 60 - солагии ИҶШС як гурӯҳ адибону рӯзноманигорони соҳибқалами булғор муваззаф мешаванд, ки дар бораи понздаҳ ҷумҳурии шӯравӣ 15 китоби алоҳида нависанд. Чопи китобҳоро яке аз машҳуртарин нашриёти ин кишвар «Партиздат» ба зимма гирифт. Вақте гап сари Тоҷикистон меравад, ҳама якдилона Йордан Милевро тавсия медиҳанд. Зеро ӯ пештар ба кишвари мо омада буд, дар бузургдошти Фирдавсӣ суҳбатҳо дошт ва бештари равшанфикрони тоҷик ӯро хуб мешинохтанд. Ӯро устодон Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва Даврон Ашӯров бо лутф Йорданшоҳ мегуфтанд. Ниҳоят мавсуф бори дигар меҳмони мо шуд. Аммо ин бор вазифааш мушаххас ва сафараш комилан ҳадафнок буд. Дар ниҳояти сафар соли 1976 бо забони булғорӣ «Диёри домани гардун» офарида шуд ва соли 1977 рӯи чопро дид. Он соли 1980 дар Душанбе бо забони тоҷикӣ интишор ёфт. Тарҷумаи онро аз забони русӣ устод Лоиқ Шералӣ бо камоли маҳорат сомон додааст. Оғози сафарро чунин ба қалам дода: «Ин парвоз барои ман бисёр азиз ва хотирангез аст, зеро ихлосу иродати маро ба назми порсӣ қавӣ сохт, ба назми бузургу пурхирад, ба халқе, ки чунин шоиронро барои бани башар офаридааст».

«ДИЁРИ ДОМАНИ ГАРДУН» АЗ ЧӢ ҲИКОЯТ МЕКУНАД?
Аз мазмуну муҳтавои асари ёдшуда ҳувайдост, ки муаллиф аслан навиштани ягон асари ҷиддӣ ё очерки расминаморо ҳадаф қарор дода будааст. Аммо зарофату хушгӯиҳои пирони кордида, гулбазму мушоираҳои хотирмон, манзараву маконҳои дилошӯб ва меҳмондориҳои камандарҷаҳони тоҷикон водор кардааст, ки «Диёри домани гардун» таваллуд ёбад. Йордан нахуст дар Душанбе таваққуф карда, хати сафар кашид ва ҳамроҳонашро баргузид. Устод Турсунзода дар оғози сафар бо зарофат гуфт: «Йорданшоҳ барои тарғиби «Шоҳнома» дар Булғористон кайҳо узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад».
Нахуст аз Симиганҷу Норак дидан карда, пас он бо тайёра ҳамроҳи устод Муъмин Қаноат то Дарвоз ва аз он ҷо ба дигар манотиқи Бадахшон сафар кард. Баъдан ба Нурободу Рашт ва Панҷакенту Хуҷанд рафт.
Китоб бо бахши «Одамони шоҳном» оғоз меёбад. Ӯ дар мавриди номҳои ҷарангдори ҷуғрофии мо менависад: «Он вақт ёқути Ҳиндустон номи дигаре дошт – лаъли Бадахшон. Номи шаҳрҳои дигар ба гӯши ман мисли зангӯла садо медиҳад: Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷакат. Забони тоҷикӣ хушсадост. Бохтариён ва Суғдиён онро мисли алмоси Кӯҳи Лаъл сайқал додаанд».

ШАҲРИ ОФТОБ
Дар васфи Душанбе дӯсти булғории мо менависад: «Винетсияро шаҳри мармар, Москваро сапедсанг, Римро – абадӣ, Бухороро – шариф, Мехикоро – шаҳри осмонӣ мегӯянд. Аз ин ҷиҳат барои Душанбе сифат меҷӯям. Душанбе – душанбеи рӯзгори тоҷикон аст… Ба Душанбе фақат метавон як сифат дод - офтобӣ».
Ҳангоми сафар ба Помир ҳамчун Пои Меҳр, Погаҳи Меҳр, яъне Офтоб ба ин диёр меҳрномаҳо мебахшад: «Помир як олами покизаву ҳайратангез аст. Ин диёри силсилаи кӯҳҳост, ки яке аз дигаре баланд буда, аз нафаси сарди барфҳои пушти ҳам хобида нафас ях мебандад, аммо дар дили ӯ чи воҳаҳои хуррами зиндагӣ ҷойгиранд. Дар қадим ин сарзаминро  Сарзамини кӯлҳо меномиданд. Яшилкӯл, Қаракӯл, Зоркӯл, Кӯли Сарез – ин ҳама чашмони ӯстанд, чашмони равшану бедор мисли чашмони мардуми покнияти дараи Ғунд».
Дар бораи Хуҷанд меорад: «Номи ин шаҳр бо ашъори шоири машҳури асри чаҳордаҳ Камоли Хуҷандӣ шинос шудам, дар дили ман маъво гирифт».

МАФТУНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Албатта, сафарҳои Йордан Милев танҳо аз диду боздиди ин ё он гӯшаи диёри мо иборат набуд. Дар рафти саёҳат мушоира, суҳбату маҳфилҳои адабӣ низ ҷараён мегирифтанд. Йорданшоҳ мардумро ба гирдаш ҷамъ оварда, бо муҳаббат достонҳои «Шоҳнома»-ро бо забони булғорӣ қироат мекард. Таронаҳои булғорӣ месуруд. Бештари мардум, бавижа Панҷрӯдиён дар ҳайрат мешуданд, вақте ашъори устод Рӯдакӣ бо забони булғорӣ чунин шевову равон садо медод. Йорданшоҳ аз латофати забони мо ба ваҷд омада, мегӯяд: «Ман мафтуни шеваи гуфтори тоҷикиям. Забонҳое дар дунё хушоҳангтар ва хушсадотар ҳастанд, ки гӯё устоде ба ҳар кадомашон вазифае ҷудо кардааст… Аммо, ҳоло ки ашъори равони Рӯдакиву Саъдӣ ва байтҳои Фирдавсиро дар баҳри мутақориб мешунавам, хаёл мекунам, ки забони тоҷикии порсӣ барои шеър офарида шудааст».
Ӯ ба миллати куҳанбунёди мо ишқ меварзад, тавъам бо Тоҷикистон Булғористонро ёд мекунад, ҷабрҳои таърихие, ки ин ду халқ кашидаанд, ба риштаи қиёс меорад ва хулоса мекунад, ки ҳар халқе, ки донотару пешрафтатар шуд, ҳамон қадар ҷабру зулм мебинад, чунки нотавонбинон аз дӯстони холис бештаранд: «Пирӯзии некӣ бар бадӣ тоҷиконро аз теғи хунрези Чингизхону Темурланг, аз хулафову салотин, аз шоҳу хонҳо амон додааст».

ВАРИАНТИ РУСИИ КИТОБ ҲАСТ?
Дар поёни ин ёднома ба Йордан Милев барои китоби нағзу пурмоя – «Диёри домани гардун» сипос мегӯем. Аз чанд пораи иқтибос пай бурдед, ки чопи ҷадиди ин китоб ногузир аст. Бо шарҳи баъзе аз номвожаҳо, ки имрӯз тағйир ёфта, пурра тоҷикӣ шудаанд ва шахсиятҳои дар очерк инъикосшуда метавон онро бори дигар бо зевари табъ орост. Ин иқдомро моҳномаи «Садои Шарқ» роҳандозӣ кард ва дар чанд шумораи соли 2018 матни комили онро интишор дод. Акнун фурсати китоб кардани он расидааст. Аммо дар масъалаи матни русии он ихтилофи назар аст. Ба гуфтаи адиб Мансур Суруш, устод Лоиқ «Диёри домани гардун» - ро аз дастхати русии В. Белан тарҷума кардааст. Яъне китоб бо забони русӣ нашр нашуда, дар ҳоли дастхат боқӣ мондааст. Дар тарҷумаи ҳоли Йордан низ ин китоб ба забони русӣ зикр нашудааст. Аз ин сабаб, тарҷумаи он ба забони русӣ ва баъдтар ба забони англисӣ дар робита ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ айни муддао мебуд.
Сардабири моҳномаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода афзуд: «Дар муаррифии на танҳо миллати тоҷик, балки манзараву маконҳои сафобахши кишвари мо, ростӣ, чунин китоби зебову шоирона ҳанӯз дигар иншо нашудааст. Чопи он ба забонҳои дигар тақозои имрӯзи мост».

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2020    №: 130    Мутолиа карданд: 603
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед