logo

туризм

САЙЁҲӢ. ДАСТГИРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БУҲРОНРО БАРТАРАФ МЕСОЗАД

5 июни соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID – 19  ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки тибқи он аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили андозӣ пешбинӣ, инчунин, ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ карда шуд.
Ин иқдоми Президенти кишвар дар ҷомеа, бахусус миёни кормандони соҳа ва бахши хусусӣ, ҳамовозии гарм пайдо кард. Фаридун Ҳамроев, корманди ширкати сайёҳии «Панҷакент интур», ин иқдоми хайрхоҳонаи Пешвои миллатро саривақтӣ ҳисобида, аз дастгирии навбатиашон бо қаноатмандӣ иброз дошт:
- Сайёҳӣ соҳае мебошад, ки аз омадурафти одамон вобаста мебошад. Карантини сартосарӣ бошад, онро мувоҷеҳи буҳрон кард. Ба ин хотир, баъд аз анҷоми пандемияи коронавирус барои барқарор сохтани сайёҳии байналмилалӣ навсозии инфрасохтори сайёҳиро ба роҳ мондан лозим аст. Зеро ҳамагон медонем, ки аксари инфрасохтори хизматрасонӣ ба буҳрон тоб намеорад. Муҳимтарин тадбир дар ин самт дастгирии бахши хусусӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад ва чунин таҷриба дар кишварҳои гуногуни олам бомуваффақият амалӣ мегардад. 
Гузашта аз ин, тавре Фаридун Ҳамроев афзуд, сайёҳӣ дар Тоҷикистон нав тараққӣ карда истодааст. Яъне, бозори сайёҳӣ дар кишвари мо  ва, умуман, дар Осиёи Миёна нав мебошад. Аз ин сабаб, дар натиҷаи паҳншавии коронавирус он зарари бесобиқа дид ва,  пеш аз ҳама, бояд баъди анҷоми он корҳои таблиғотии маконҳои сайёҳиро бештар намуда, инфрасохтори соҳаро боз ҳам тақвият диҳем.
- Дар натиҷаи пандемияи коронавирус ширкати мо муштариёни худро аз даст дод. Аз аввали сол то имрӯз танҳо ба корҳои таблиғотӣ машғулем, зеро дигар сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ворид нагардиданд. Аз ин рӯ, ширкати мо рӯ ба муфлисшавӣ овард. Маҳз ҳамин дастгириву имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Пешвои муаззами миллат буд, ки моро аз ин буҳрон раҳонд, - иброз медорад Диловар Икромов, корманди ширкати сайёҳии ҶДММ «Морхӯр». 
Ба андешаи коршиноси соҳа Шоҳимардон Содиқов, имтиёзи пешниҳоднамудаи Пешвои миллат, дар навбати аввал,  ҷойҳои кориро нигоҳ медорад.
- Дар кишвар зиёда аз  200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Агар дар ҳар яки онҳо ба ҳисоби миёна 6 нафар кор намояд, бубинед, ки чӣ қадар ҷои кор нигоҳ дошта мешавад, - мегӯяд мавсуф.
- Бо оғоз шудани пандемияи коронавирус дар ҷаҳон на танхо субъектҳои сайёҳӣ, инчунин, дигар соҳаҳои хизматрасонӣ, ба монанди нақлиёти автомобиливу ҳавоӣ, меҳмонхонаҳо ва амсоли инҳо дучори буҳрон шуданд. Боиси хушнудист, ки тибқи Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабукиҳои андозӣ нисбат ба субъектҳои хизматрасонӣ низ  пешбинӣ гардидааст, - меафзояд ҳамсуҳбатамон Шоҳимардон Содиқов.
- Ҳоло фурсати он расидааст, ки мо ба сайёҳии дохилӣ диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои рушди он дар давраи пандемияи коронавирус ва пас аз он тамоми имкониятҳоро истифода барем. Рушди сайёҳии  дохилӣ имкон медиҳад, ки буҳрони соҳа сари вақт бартараф гардад.
Дар ҳақиқат, иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам меорад, ки ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ буҳрони баамаломадаро бо зарари нисбатан кам ва дар муддати кӯтоҳ паси сар намоянд. Аллакай, дар бисёре аз  кишварҳо мавсими сайёҳӣ оғоз гардид ва ба андешаи коршиносон баъди аз нав  кушода шудани сарҳадҳо туризм дар кишвар бо суръати бештар рушд хоҳад кард. 

Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2020    №: 130    Мутолиа карданд: 3460
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед